19.09.2024

 img

19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд.

 

Иқдоми бунёди бинои нави соҳаи маориф, ки  барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳоти мазкур рӯйи даст гирифта шудааст.

 

Зимни муаррифии лоиҳа, иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 2 ошёна ва 5 бино иборат шуда, аз 36 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд.  

 

Аснои шиносоӣ бо лоиҳа, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд иҷро намуда, то моҳи сентябри соли 2026 иншоотро ба истифода диҳанд.

 

Соҳибкорон ба Пешвои миллат ваъда доданд, ки корҳои сохтмониро бо ҷалби беҳтарин меъморону шаҳрсозон вусъат бахшида, кӯшиш менамоянд, ки бинои нави таълимиро дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд. 

  • Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез img
  • Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез img
  • Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез img
  • Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар оғози сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.   Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфиятҳои назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ тамаркуз карда, таъкид доштанд, ки минтақа барои ин захираҳои фаровон дорад.   Тавре зикр гардид, ин захираҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҷмааҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулот имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.   Аҳамияти татбиқи фаъолтари технологияҳои рақамӣ ва “сабз”, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар саноат муҳим дониста шуд.   Таъкид гардид, ки бояд ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содиротӣ, тақвияти устувории занҷираҳои таъминоти минтақавӣ ва мубодилаи таҷриба дар мутобиқсозии маҳсулот ба талаботи экологӣ, карбонӣ ва техникии бозорҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти зарурати густариши ҳамкории энергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешниҳод намуданд, ки имкони тартиб додани рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва дарёфти механизмҳои имконпазири маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ карда шавад.   Дар ин робита, аҳамияти таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар асоси технологияҳои навтарин, бо назардошти ниёзҳои тамоми минтақа таъкид гардид.   Ҳамчунин, Сарвари давлати мо пешниҳод намуданд, ки стратегияи гузариши минтақавии "сабз" бо назардошти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳсозии самаранокии энергия таҳия карда шавад.   Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи масирҳои омехта, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, барои тақвияти пайвастагии нақлиётии минтақа аҳамияти калон дорад. Дар ин робита, Сарвари давлати мо зарурати кори самаранокро барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилӣ, содда кардани расмиёти нақлиётӣ ва рақамикунонӣ таъкид намуданд.   Мавзӯи рақамисозиро идома дода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ёдовар шуданд ва изҳори итминон намуданд, ки фаъолияти он имкониятҳои инноватсионии кишварҳои минтақаро муттаҳид месозад ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ суръат мебахшад.   Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ дар робита ба мубориза бо тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳишёбии захираҳои об ва хокборишот, ки ба муҳити зист ва амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд, ривоҷ дода шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.   Дар ниҳояти сухан таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, ки ташаббусҳои созандаи кишварҳои минтақаро дастгирӣ карда,  ба татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшуда мусоидат намояд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки эътимод ба ҳамдигар ва рӯҳияи шарикӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки ба сӯи ҳадафҳои муштарак пайваста пеш раванд.

    35

    08.10.2026
  •  img
    Сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    60

    08.10.2026
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.

    38

    08.10.2026