07.01.2026
7 январи соли 2026 дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Баҳром Исмоилзода, кормандони соҳаи маориф ва касбу кори гуногун вобаста ба фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар соли 2025 ва вазифаҳои барои соли 2026 ҷаласа баргузор гардид.
Нахуст, баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаи якум сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи шаҳри Душанбе, ҳолати кунунии рушди соҳа, дурнамои он, камбудиҳои ҷойдошта, масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот ва омилҳои таъсиррасони он, сифат ва самаранокии фаъолияти таълимию тарбиявии муассисаҳои таълимии пойтахти кишварро дар соли 2025 баромад намуд.
Зикр гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми самтҳои фаъолияти маорифи кишварро таҳлилу баррасӣ намуда, рушди иқтисодиёт ва тақвияти рақобатнокии онро бе саҳми сармояи инсонӣ ғайриимкон, илму маорифро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва аҳли маорифу илмро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати аҳли маориф дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра тадбирҳои зиёдеро амалӣ намуда истодаанд.
Сипас, муовини раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат суханронӣ намуда, қайд кард, ки тамоми ҷамбаҳои Паёми Пешвои миллат дар фаъолияти корӣ истифода карда шуда, сармашқи кории ҳар яки мою шумо қарор дода шавад. Ҳамзамон, вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ибрози андеша намуда, дастур дода шуд, ки тарғибу ташвиқи ин ду масъалаи муҳим ба таври ҷиддӣ дар муассисаҳо ба роҳ монда шуда, вобаста ба ин семинар машваратҳо, ҷаласаҳо ва конференсияҳо баргузор карда шавад.
Пас аз муҳокимаи ҳамаҷониба аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Душанбе муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти Сарраёсати маорифи шаҳри Душанберо дар соли 2025 қаноатбахш арзёбӣ намуда, вобаста ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия як қатор дастуру супоришҳо дода шуд.
Дар ҷаласа доир ба масъалаҳои баррасигашта бо инобати дастур ва пешниҳоде, ки зимни баромади муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар Раҳим, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Аъзам, иброз намуданд ва пешниҳодҳои аъзоёни мушовара, қарор қабул карда шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои ҳамкорӣ ва дастгирии пайвастаи соҳаи маориф ва муносибатҳои судманди байниидоравӣ дар татбиқи барномаҳои давлатӣ, рушди низоми маорифи шаҳри Душанбе ва гузоштани саҳми арзанда дар баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа бо сипосномаи Сарраёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд.