14.12.2025

 img

14 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа маросими ҷамъбаст ва ҳавасмандсозии ғолибони Олимпиадаи байналмилалии математикии Ангкор (AMС–2025) баргузор гардид.

 

Дар ин олимпиадаи бонуфуз беш аз 1600 нафар хонанда аз 13 кишвари осиёӣ иштирок намуда, сатҳи баланди донишу маҳорати зеҳнии худро ба намоиш гузоштанд. Дар миёни чунин рақобати шадиди байналмилалӣ дастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо натиҷаҳои назаррас баромад карда, обрӯи илми тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардошт.

 

Боиси ифтихор аст, ки дар Олимпиадаи мазкур хонандагони тоҷик дар умум 51 медал ба даст оварданд, ки аз ин шумора 14 медали тилло, 17 медали нуқра, 15 медали биринҷӣ мебошад, инчунин 5 нафар намояндаи навраси Тоҷикистон бо гирифтани холҳои баланд ба гурӯҳи беҳтаринҳо шомил гардида, маҳорати баланди илмӣ, тафаккури таҳлилӣ ва омодагии ҷиддии худро собит намуданд. Ин дастовард далели равшани рушди маориф, дастгирии истеъдодҳо ва самаранокии сиёсати давлатии соҳаи илму маориф дар кишвар мебошад.

 

Дар маросими ҷоизасупорӣ муовини сарвазир - вазири маориф, ҷавонон ва варзиши Шоҳигарии Камбоҷа доктор Хан Чуан Нарон аз сатҳи баланди омодагии иштирокдорон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки Олимпиадаи Ангкор заминаи муҳими рушди тафаккури илмӣ ва рақобати солим дар сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

 

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳамадҷон Ғафорзода ширкат варзида, дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи махсуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро нисбат ба наврасону ҷавонони болаёқат таъкид намуд.

 

Дастоварди навбатии дастаи Тоҷикистон дар олимпиадаи AMС–2025 бозгӯи он аст, ки наврасони кишвар қодиранд дар майдонҳои байналмилалӣ бо хонандагони кишварҳои пешрафта рақобати шоиста намуда, парчами илми тоҷикро баланд бардоранд.

  • ДУРАХШИ ДАСТАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ МАТЕМАТИКИИ АНГКОР–2025 img
  • ДУРАХШИ ДАСТАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ МАТЕМАТИКИИ АНГКОР–2025 img
  • ДУРАХШИ ДАСТАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ МАТЕМАТИКИИ АНГКОР–2025 img
  • ДУРАХШИ ДАСТАИ ТОҶИКИСТОН ДАР ОЛИМПИАДАИ МАТЕМАТИКИИ АНГКОР–2025 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 декабр дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум баргузор гардид.   Тибқи рӯзнома дар ҷаласа 35 масъала баррасӣ карда шуд.   Аъзои Шӯрои Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқарраргардида Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, тандурустӣ, оила, фазои ҳавоӣ ва андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карданд.   Ҳамчунин, ду қонуни мукаммал: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ» мавриди баррасии аъзои Шӯро қарор гирифтанд.   Дар идомаи ҷаласа аз ҷониби аъзои Шӯро қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ» ва як қатор санадҳои дигари қонунгузорӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда муҳокима карда шуданд.   Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Шӯро пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Азиззода Зафар Нусрат ва пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани деҳаи Тавилдараи ноҳияи Сангвор ва номгузорӣ намудани он баррасӣ карданд.   Сипас, гузориши муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии чумҳурии Тоҷикистон Аҳмадзода Раҷаб оид ба рафти иҷрои Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2025-2030 дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум 11 апрели соли 2025, шунида шуд.   Дар фарҷом оид ба лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар масъалаҳо қарорҳои дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллӣ қабул гардида, бо тартиби муқараргардида барои баррасӣ ба иҷлосияи чоруми Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.

    33

    15.12.2025
  •  img
    СУҒД: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТӢ МУАЙЯН ШУДАНД Бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати роҳбари синф, такмили фаъолияти тарбиявӣ ва ҳавасмандгардонии омӯзгорони эҷодкор озмуни вилоятии «Роҳбари синфи сол» дар муассисаҳои таҳсилоти умумии вилояти Суғд баргузор гардид.   Озмун тибқи талабот ва меъёрҳои тасдиқшуда аз рӯйи 5 бахш гузаронида шуда, дар он фаъолияти касбӣ, малакаи ташкилотчигӣ, кор бо хонандагону волидон, ташаккули тарбияи ахлоқию ватандӯстӣ ва саҳми роҳбарони синф дар ҳаёти ҷамъиятии мактаб мавриди арзёбии ҳамаҷониба қарор гирифт.   Дар ҷамъбасти шартҳои ниҳоии озмун муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва сардори раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода иштирок намуданд. Зимни суханронӣ Ҷамшед Ҷӯразода оид ба мақоми омӯзгор дар ҷомеа, нақши калидии онҳо дар тарбияи насли наврас ва рушди ҷомеа ибрози назар карда, таъкид намуд, ки омӯзгорон, бахусус роҳбарони синф, дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати хонандагон саҳми назаррас доранд.   Ҳамзамон зикр гардид, ки роҳбари синф ҳамчун пайвандгари асосии мактаб, оила ва ҷомеа масъулияти муҳимро ба уҳда дошта, фаъолияти пурсамари ӯ метавонад дар беҳтар гардидани муҳити тарбиявӣ ва таҳкими ҳамкории мактабу волидон нақши муассир бозад.   Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун ғолибон муайян гардида, қадрдонии онҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаҳо дар ҷаласаи навбатии раёсати маорифи вилояти Суғд дар назар дошта шудааст.

    49

    13.12.2025
  •  img
    ВОХӮРӢ БО РОҲБАРИЯТИ МУАССИСАҲОИ МАРБУТАИ ҶУМҲУРИИ МАРДУМИИ ЧИН ОИД БА ТАТБИҚИ СЕРТИФИКАТИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ HSK Муовини директори Маркази барномаҳои байналмилалӣ Тоҷиддини Баҳриддин дар шаҳри Пекин вохӯрии корӣ бо намояндагони ду сохтори асосии соҳаи омӯзиши забони чинӣ баргузор намуд. Дар ин мулоқот доктор Ли Пейзэ роҳбари Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ, ки масъули баргузории озмоишҳои байналмилалии HSK мебошад, иштирок дошт. Ҳамзамон дар вохӯрӣ Ли Пан, муовини мудири шуъбаи маркетинги ширкати «ChinesePlus» низ ширкат варзид.   Ҷонибҳо масъалаи муҳимми таъмини дастрасии шаҳрвандони Тоҷикистон ба имтиҳони байналмилалии HSK-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Тибқи пешниҳоди Маркази барномаҳои байналмилалӣ, ҷониби чинӣ омодагии худро барои кушодани намояндагии расмии HSK дар Тоҷикистон, ташкили курсҳои ройгони омодагӣ барои донишҷӯён ва муҳассилини тоҷик ва баргузории имтиҳони байналмилалии HSK дар кишвар изҳор намуд.   Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо изҳор доштанд, ки таъсиси маркази омодагӣ ва имтиҳони HSK дар Тоҷикистон ба садҳо донишҷӯи тоҷик имконият медиҳад, ки бе хароҷоти сафар ба хориҷ, дар дохили кишвар сертификати байналмилалӣ ба даст оранд ва барои идомаи таҳсил дар донишгоҳҳои беҳтарини Чин омода шаванд.   Бояд гуфт, сертификати байналмилалии HSK яке аз муҳимтарин санадҳои забономӯзӣ ба шумор рафта, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин аҳамияти калидӣ дорад.   Маркази байналмилалии санҷиши забони чинӣ ва платформаи «ChinesePlus», ки дар назди Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин  фаъолият мекунанд, ташкилотҳои расмии давлатӣ буда, татбиқи барномаҳои омӯзишӣ ва санҷишии забони чинӣ дар ҷаҳонро ҳамоҳанг месозанд.

    29

    12.12.2025