15.07.2026

 img

Аз 4 то 12-уми июл дар шаҳри Букарамангаи Колимбиа сабқати бузурги илмӣ – Олимпиадаи байналмилалии физика-2026 (IPhO-2026) баргузор гардид. IPhO-2026 бештар аз 1000 нафар иштирокдор ва 400 нафар довталабро аз +90 кишвари ҷаҳон бо ҳам оварда, майдони фарохеро барои дӯстдорони илми физика боз намудааст. 

 

Дар қатори дигар кишварҳои ҷаҳон дастаи мунтахаби Тоҷикистон низ дар ҳайати зерин:

 

•  Мамуров Муҳаммадёсин;

 

•  Қодиров Аъзам;

 

•  Амиров Муҳаммадамин;

 

•  Маюсупов Хусрав;

 

•  Одинаев Рамзиддин бо роҳбарии Ҷамшеди Рустам ва Далер Пиров дар Олимпиада ширкат варзиданд.

 

Боиси хушнудист, ки хонандаи синфи 11-и Литсей интернати тоҷикӣ-русӣ ба номи «Ҳотам ва П.В.»-и шаҳри Душанбе Мамуров Муҳаммадёсин, дар ҳайати дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 56-умин Олимпиадаи ҷаҳонӣ аз физика (IPhO 2026) сазовори медали биринҷӣ гардид.

 

Олимпиадаи мазкур соли 1967 ташкил ёфта, пас аз он ҳамасола бо ҳадафи дарёфт ва муаррифии чеҳраҳои физикдон аз саросари ҷаҳон дар кишварҳои мухталиф баргузор карда мешавад. Довталабон дар ду бахш – амалӣ ва назариявӣ донишҳои худро санҷида, аз ҷониби беҳтарин мутахассисон баҳогузорӣ карда мешаванд. Қобили қайд аст, ки ҳайати Кумитаи тадорукотро ҷоизадорони ҷоизаи Нобел дар бахши физика - Серж Арош, Алберт Ферт, Анна Л'Юйе, Пйер Агостини, Ален Аспект ва Жерар Муру ҳамроҳӣ менамоянд, ки нуфузи Олимпиадаро боз ҳам баландтар мебардорад.

  • ДАСТОВАРДИ НАВИ МАОРИФИ ТОҶИК: МЕДАЛИ БИРИНҶИИ ХОНАНДАИ ТОҶИК ДАР IPhO 2026 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАВРАИ СОЛИМГАРДОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБИИ НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Дар муассисаҳои таълимии томактабии №4, №5, №8, №12, №15, №17, №40, №41, №45, №59, №78, №110, №121 ва №149-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ давраи солимгардонии кӯдакон мутобиқ ба талаботи санадҳои меъёрии соҳаи маориф ва реҷаи тобистона ба таври муташаккилона ҷараён дорад.   Бо мақсади таҳкими саломатии кӯдакон, ташкили истироҳат ва фароғати шавқовар дар муассисаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуда, машғулиятҳои варзишию солимгардонӣ, оббозӣ дар ҳавзҳо, бозиҳо, расмкашӣ, чорабиниҳои фарҳангиву фароғатӣ ва дигар фаъолиятҳои инкишофдиҳанда мунтазам баргузор мегарданд.   Ҳамзамон, таъмини муҳити бехатар, риояи талаботи санитарию беҳдоштӣ ва ташкили ғизои босифату серғизо аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти муассисаҳои томактабӣ дар давраи солимгардонӣ ба ҳисоб мераванд.   Шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷиҳати ташкили босифати давраи солимгардонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушду тарбияи ҳамаҷонибаи кӯдакон тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, раванди мазкурро зери назорати доимӣ қарор додааст.

    2

    16.07.2026
  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ФАЪОЛИЯТИ НИМСОЛАИ ЯКУМИ ВАЗОРАТ: НАТИҶАГИРӢ ВА ВАЗИФАҲО ТО ОХИРИ СОЛ 14 июли соли 2026 дар толори Муассисаи таҳсилоти умумии №14-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҷамъбасти фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 ва муайян намудани вазифаҳо то охири сол» баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якум ва муовинони вазир, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, сардорони сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маорифи вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ректорону директорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, инчунин, директорони муассисаҳои таълимии ҷумҳуриявӣ ва Президентӣ иштирок намуданд.   Вазири маориф ва илм вобаста ба натиҷаҳои фаъолияти вазорат дар нимсолаи якуми соли 2026 маъруза намуда, аз дастовардҳои соҳа, раванди татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва илм, иҷрои барномаҳои давлатӣ ва тадбирҳои амалишуда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди инфрасохтори соҳа ва беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ёдовар гардид. Таъкид карда шуд, ки бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат боқӣ монда, барои баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия тадбирҳои пайгирона амалӣ гардида истодаанд.   Дар ҷараёни ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти соҳа дар нимсолаи якуми соли 2026 мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, масъалаҳои марбут ба татбиқи барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, рушди инфрасохтори соҳа ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда муҳокима гардиданд.   Дар қисмати музокираҳо ректори Донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон Х. Назарзода, сардори раёсати маорифи шаҳри Ваҳдат Н. Зиёратшоҳ ва директори Маркази таълимии занон «Сарвар» Н. Содиқӣ суханронӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои мубрами соҳа ва роҳҳои такмили фаъолияти минбаъда пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ ҷиҳати иҷрои босифати дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, таҳкими масъулияти роҳбарону кормандони соҳа ва ноил шудан ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда то охири соли ҷорӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Дар анҷоми ҷаласа лоиҳаи қарори ҳайати мушовара бо дарназардошти пешниҳодҳои иштирокдорон қабул гардида, вазифаҳои асосии соҳа барои давраи минбаъдаи соли 2026 муайян карда шуданд.   Вазири маориф ва илм зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар дар остонаи таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.   Таъкид гардид, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат ва истиқболи арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми арзандаи худро гузоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    104

    14.07.2026
  •  img
    СУЛҲУ СУБОТ – САРЧАШМАИ ОЯНДАИ ДУРАХШОНУ БОСАОДАТИ ИНСОНИЯТ (Дар ҳошияи қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»)   Мусаллам аст, ки ҷаҳони муосир ба буҳронҳову мушкилоти зиёди глобалӣ рӯ ба рӯ гардидааст ва ин ҳолат ба сатҳи зиндагӣ ва фаъолияти тамоми аҳолии сайёра таъсири ҷиддӣ расонида, тадриҷан ба ояндаи инсоният ва муҳити зист хатари бештар эҷод менамояд. Агар пеши роҳи чунин таҳдидҳо сари вақт гирифта нашавад, метавонанд оқибатҳои ҷуброннопазир ба бор оварда, ба наслҳои оянда низ таъсири манфӣ расонанд. Аз ҷумла, густариши терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, муҳоҷирати иҷборӣ, тағйирёбии иқлим, норасоии оби ошомиданӣ, таҳдидҳои нави киберӣ ва дигар масъалаҳои фаромиллӣ нишон медиҳанд, ки ҷаҳон рӯз аз рӯз ба мушкилоти нав рӯ ба рӯ мегардад. Имрӯз ҳеҷ давлат наметавонад худро аз чунин таҳдидҳо комилан эмин шуморад, зеро ҳар мушкиле, ки дар як минтақаи ҷаҳон ба вуҷуд меояд, дер ё зуд ба дигар кишварҳо низ таъсири худро мерасонад.   Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи фаъолтарин кишварҳо аст, ки ба масъалаҳои муҳимми башарӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд ва пайваста ташаббусҳои созанда пешниҳод мекунад. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун ҷумҳурии ташаббускор эътироф гардидааст ва дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ нақши ҳалкунанда дорад. Дар меҳвари ин ташаббусҳо фаъолияти таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.   Бо рушди технология ва суръатафзоии ҷараёни ҷаҳонишавӣ, шаклҳои нави таҳдидҳо низ ба миён омадаанд. Аз ин рӯ, мубориза бо онҳо ҳамкории густардаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалиро тақозо менамояд. Дар баробари ин, ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, ҳифзи пиряхҳо ва мубориза бо тағйирёбии иқлим дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ гардидаанд. Қабули қатъномаҳои зиёди Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об бо ташаббуси Тоҷикистон бори дигар бозгӯйи он аст, ки истифодаи ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ метавонад ба инсоният хатари ҷиддӣ эҷод намояд.   Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳамасола миллионҳо нафар аз норасоии оби ошомиданӣ ранҷ мебаранд ва ҳазорон нафар бар асари бемориҳои вобаста ба камбуди оби тоза ҷони худро аз даст медиҳанд. Ҳамзамон, гармшавии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳо дар оянда метавонад мушкилоти норасоии обро боз ҳам бештар карда, барои амнияти озуқаворӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварҳо таҳдид эҷод намояд.   Афзоиши офатҳои табиӣ низ аксаран натиҷаи муносибати нодурусти инсон ба табиат мебошад. Агар инсоният ба ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир накунад, наслҳои оянда бо мушкилоти боз ҳам сангинтар рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Дар ин замина, дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон – шаҳри Душанбе чандин конференсияву ҳамоишҳои сатҳи баланд баргузор гардиданд, ки дар онҳо масъалаҳои об, иқлим ва ҳифзи пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ин ҳамоишҳо бори дигар нишон доданд, ки Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ мавқеи фаъол дошта, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории созанда даъват менамояд.   Ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо ба масъалаҳои марбут ба об, тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо маҳдуд намешаванд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ба марҳалаи нави пуртазод ворид гардидааст, ки дар он ҷангҳо, низоъҳои мусаллаҳона ва нооромиҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон густариш ёфта, амният ва суботи байналмилалиро ба таҳдиди ҷиддӣ мувоҷеҳ сохтааст. Дар ҳоле ки илму техника ва технологияҳои муосир бояд барои беҳбудии зиндагии инсон, рушди давлатҳо ва таъмини некуаҳволии ҷомеа хидмат намоянд, мутаассифона, дар бисёр маврид ба василаи ҷанг ва харобкорӣ табдил ёфтаанд. Истифодаи силоҳҳои такмилёфта, рушди технологияҳои ҳарбӣ ва хатари истифодаи силоҳи ҳастаӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардаанд. Ҳамзамон, қурбонии ҳазорон кӯдаки бегуноҳ, занону пиронсолон ва аҳолии осоишта дар минтақаҳои ҷангзада нишон медиҳад, ки арзиши ҳаёти инсон дар баъзе ҳолатҳо нодида гирифта мешавад. Бо вуҷуди он ки баъд аз анҷоми Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ созмонҳои зиёди байналмилалӣ бо мақсади ҳифзи сулҳ ва пешгирии низоъҳо таъсис дода шуданд, воқеияти солҳои охир бозгӯи он аст, ки фаъолияти онҳо на ҳамеша барои пешгирии ҷангҳо натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Баръакс, шумораи низоъҳои мусаллаҳона дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон зиёд гардидааст, ки аз ин ҳолат ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма огоҳ мешавем.   Аз ин рӯ, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд барои пешгирии ҷангҳо ва таҳкими сулҳи пойдор барномаҳои муассири байналмилалиро роҳандозӣ намояд. Таҷрибаи таърихӣ собит кардааст, ки ҳеҷ як ҷанг роҳи ҳалли мушкилот нест. Баръакс, он танҳо боиси талафоти ҷонӣ, харобшавии иқтисодиёт, афзоиши муҳоҷират, фақр ва бесуботии иҷтимоӣ мегардад, тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми мутақобил ва ҳамкории созанда метавон ба сулҳи устувор ноил гардид.   Ин масъала ҳамеша дар меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Сардори давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста аз минбарҳои бонуфузи байналмилалӣ ҷомеаи ҷаҳонро ба таҳкими сулҳ, ҳамзистии осоишта ва ҳалли ихтилофҳо бо роҳи гуфтушунид даъват менамоянд. Ба ин мазмун, Пешвои миллат бори аввал зимни суханронӣ дар иҷлоси 79-уми Маҷмааи умумии СММ (24.09.2024) пешниҳод намуданд, ки қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ҷиҳати ҳалли низоъҳо ва барқарорсозии сулҳу субот дар сайёра қабул карда шавад. Ин масъаларо зимни суханронӣ дар иҷлоси 80-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (24.09.2025) бори дигар муҳим шуморида, масъалаи қабули чунин қатъномаро амри зарурӣ маънидод карданд. Ҳамин тариқ, бо талошу пайкори Сарвари давлати мо, 25 июни соли равон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи махсусро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» қабул намуд.   Шоистаи таъкид аст, ки чунин мавқеи Тоҷикистон бар таҷрибаи талхи таърихи навини кишвар (даҳсолаи охири садаи XX) иртиботманд аст. Дар оғози соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид, ки он ба иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоии кишвар зарари бузурги моддию маънавӣ расонд, ки таъсири он то имрӯз дар ҳаёти ҷомеа эҳсос мешавад. Ин таҷриба собит менамояд, ки оқибатҳои ҷанг солҳои тӯлонӣ боқӣ монда, ба наслҳои оянда низ таъсири худро мерасонанд. Таҷрибаи сулҳофаринии Тоҷикистон ва раванди сулҳи тоҷикон метавонад барои бисёр кишварҳое, ки имрӯз бо низоъҳои дохилӣ ва байналмилалӣ рӯ ба рӯ ҳастанд, намунаи омӯзиш ва таҷрибаи муваффақ бошад. Маҳз бо ҳамин ҳадаф, Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, ки дар арсаи байналмилалӣ низ фарҳанги сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созанда бояд густариш ёбад.   Маълум аст, ки инсоният дар ин замини пуртазод ҳазорсолаҳо боз зиндагӣ дорад. Дар тӯли таърих наслҳои зиёде омадаву рафтаанд ва ҳар яке барои наслҳои баъдӣ мероси арзишманди моддию маънавӣ ба ҷо гузоштаанд. Имрӯз низ ин рисолати бузург бар дӯши насли муосир қарор дорад, ки Ватани ободу пешрафта, ҷомеаи мутамаддин ва ҷаҳони орому осударо барои ояндагон ба мерос гузорад. Ин масъулияти таърихӣ аз ҳар як инсон тақозо менамояд, ки дар фаъолияти худ манфиати ҷомеа ва наслҳои ояндаро дар мадди назар қарор дода, барои рушди устувор, сулҳу субот ва ҳифзи арзишҳои башардӯстона саҳм гузорад.   Маҳз ҳамин ояндабинӣ, дурандешӣ ва масъулиятшиносӣ Пешвои миллатро ба шахсияти барҷастаи сиёсӣ табдил додааст. Фарқияти асосии Сарвари давлати мо аз бисёр сиёсатмадорони дигар дар он аст, ки ҳар иқдом ва ташаббуси худро бо дарназардошти манфиатҳои дарозмуддати давлат, миллат ва ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ менамоянд.   Мо ин сиёсати хирадмандонаро, пеш аз ҳама, дар самти барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ ва хотима бахшидани ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон эҳсос намудем. Сарвари давлат бо иродаи қавӣ, ҷасорати сиёсӣ, фарҳанги бахшиш, муколама ва ҳамдигарфаҳмӣ роҳи ҳалли низои дохилиро пайдо карданд ва Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот доданд. Имрӯз Ватани азизи мо ба шарофати сулҳу субот ва сиёсати созандаи давлат ба марҳалаи рушди устувор ворид гардидааст. Мардуми кишвар бо меҳнати содиқона ва ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ободии Ватан саҳми арзанда мегузоранд ва сатҳи зиндагии аҳолӣ сол то сол беҳтар мегардад. Ҳамаи ин дастовардҳо самараи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат мебошанд.   Сарвари давлат чун худ таҷрибаи талхи ҷанг ва низоъро аз сар гузаронидаанд, оқибатҳои фоҷиабори онро хуб дарк мекунанд. Аз ин рӯ, пайваста ҷомеаи ҷаҳониро ба таҳкими сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳалли баҳсҳо тавассути муколама даъват менамоянд.   Мутаассифона, имрӯз ҷаҳон дар шароити бисёр ҳассос қарор дорад. Густариши ҷангҳо ва низоъҳои мусаллаҳона миллионҳо нафарро аз хонаю амвол маҳрум сохта, шаҳрҳо ва кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил додааст. Агар ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирии чунин раванд­ҳо тадбирҳои муассир наандешад, ин ҳолат метавонад ба амният ва рушди устувори инсоният хатари ҷиддӣ эҷод намояд. Аз ин рӯ, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» иқдоми саривақтӣ ва муҳим дар роҳи ҳалли мушкилоти ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Ҳадафи асосии ин ташаббус таҳкими фарҳанги сулҳ, рушди муколама, мусолиҳа ва ҳамдигарфаҳмӣ миёни давлатҳо ва ҷомеаҳо мебошад. Ин санади муҳим ҷомеаи ҷаҳониро водор месозад, ки сулҳро ҳамчун арзиши олии башарӣ ва заминаи асосии рушди устувор ҳифз намояд.   Бояд қайд кард, ки бартарафсозии мушкилоти ҷаҳонии имрӯз танҳо тавассути муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории созандаи давлатҳо имконпазир мебошад. Таъмини сулҳи пойдор раванди мураккаб ва дарозмуддат аст, ки иштироки фаъолонаи тамоми давлатҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд. Маҳз бо ҳамин мақсад дар қатъномаи пешниҳоднамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии таҳкими сулҳ, рушди фарҳанги муколама ва пешгирии низоъҳо муайян гардидаанд. Ин санад метавонад ҳамчун дастури амал барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва махсусан, Созмони Милали Муттаҳид дар самти таҳкими сулҳу амнияти байналмилалӣ хидмат намояд. Татбиқи муқаррароти он имкон фароҳам меорад, ки фаъолияти созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам самаранок гардида, фарҳанги муколама, таҳаммулгароӣ ва роҳҳои осоиштаи ҳалли баҳсҳо дар ҷаҳон густариш пайдо намояд.   Қабули қатъномаи мазкур аз дастовардҳои муҳимми дипломатияи муосири Тоҷикистон ба шумор меравад. Ба муносибати қабули ин қатънома ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат дар паёми табрикии худ аҳаммияти таърихии ин ташаббусро чунин арзёбӣ намуданд: «Қатънома зарурати таҳкими фарҳанги сулҳ, пешгирӣ кардани низоъҳо, тақвияти таҳаммулгароӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва густариши гуфтугӯи тамаддунҳоро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун заминаи зиндагии шоистаи наслҳои оянда таъкид менамояд».   Ин иқдом, пеш аз ҳама, ба ҳифзи манфиатҳои наслҳои оянда нигаронида шудааст, зеро таъмини сулҳу субот ва амнияти ҷаҳонӣ бе тарбияи дурусти насли наврас, боло бурдани сатҳи маърифати ҷомеа ва ташаккули фарҳанги сулҳ имконнопазир аст. Бинобар ин, масъалаи таълиму тарбия ҳамчун омили калидии пешгирии низоъҳо ва таҳкими сулҳи пойдор аҳаммияти махсус пайдо мекунад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат таъкид карданд: «Вобаста ба ин, мо бояд дар навбати аввал ба наврасону ҷавонон, ки созандагони ҷаҳони фардо мебошанд, омӯзонем, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ фарҳанг аст. Сулҳ масъулият аст. Сулҳ эҳтиром ба шаъну шарафи инсон аст. Сулҳ таъмин намудани адолат ва имкониятҳои баробар барои ҳамаи инсоният аст. Аз ин лиҳоз, сарнавишти наслҳои оянда ба тасмимҳое, ки мо имрӯз мегирем, вобаста мебошад».   Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки таҳкими фарҳанги сулҳ бояд аз оила, муассисаҳои таълимӣ ва тамоми ҷомеа оғоз гардад. Маҳз тавассути баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва тарбияи насли соҳибилму ватандӯст метавон заминаи сулҳи устуворро барои оянда таъмин намуд.   Дар идомаи ин ташаббус Пешвои миллат таъкид намуданд, ки соли 2027 дар доираи таҷлили 30-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Душанбе баргузории конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар назар аст. Ин ҳамоиши муҳим метавонад мавқеи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускор, сулҳпарвар ва маркази муколамаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким бахшада, барои мубодилаи таҷриба, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва таҳияи роҳҳои нави ҳалли низоъҳои ҷаҳонӣ мусоидат намонд.   Пешвои миллат тамоми қишрҳои ҷомеа, бахусус, аҳли маорифро вазифадор намуданд, ки ба таълиму тарбияи насли созандаи даврон бо масъулияти бештару ҷиддитар машғул шаванд: «Мо бояд ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва махсусан, наврасону ҷавонон, омӯзиши техникаву технологияҳои муосир, рақамикунонӣ, зеҳни сунъӣ, омода кардани кадрҳои сатҳи баланди касбӣ ва ҷавобгӯй ба талаботи замони муосир эътибори аввалиндараҷа ва доимӣ диҳем».   Дар ҳақиқат, ташаббусу талошҳои байналмилалии Пешвои миллат ба таъмини сулҳу суботи пойдор, рушди устувори ҷомеа ва фароҳам овардани зиндагии шоиста барои наслҳои оянда равона гардидаанд, зеро дар фазои сулҳу оромӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкорӣ инсоният метавонад ба пешрафтҳои чашмгир ноил гардида, барои наслҳои оянда ҷаҳони амн, обод ва пурсаодатро ба мерос гузорад.   Насриддин ОХУНЗОДА, номзади илми филология

    47

    10.07.2026