22.09.2026

 img

21 сентябри соли 2026 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, иштирокчиёни озмун ва масъулони соҳаи маориф ҳузур доштанд.

Меҳмонон ва иштирокчиён сараввал аз дастовардҳои Марказ ва маҳфилҳои марказ дидан намуда, сипас ба кори озмун оғоз бахшиданд.

Зимни ифтитоҳ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода суханронӣ намуда, ба аҳаммияти омӯзиши мероси адабӣ ва фарҳангии миллӣ, бахусус «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавон таъкид намуд.

Қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» имсол бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ҳадафи он ҷалби бештари аҳолӣ, махсусан насли наврасу ҷавон ба омӯзишу мутолиаи «Шоҳнома» ва арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллӣ мебошад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаҳри Душанбе дар даври якуми озмун 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи даври дуюм 155 нафар иштирокчӣ бо дарназардошти ҷойҳои ифтихорӣ ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.

Дар маросими ифтитоҳ ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун низ муаррифӣ гардид. Ба ҳайати ҳакамон шахсони дорои таҷрибаи касбӣ ва дониши амиқи адабиёт ва фарҳанг шомил мебошанд.

Пас аз маросими ифтитоҳ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» расман оғоз гардид. Иштирокчиён тибқи гурӯҳҳои муайяншуда ба ҷойҳои баргузории озмун роҳнамоӣ карда шуданд.

Даври сеюми озмун аз 21 то 29 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзҳои баргузории озмун чунин муайян шудаанд:

21-22 сентябр - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 1-4;

23-24 сентябр - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 5–8;

25-26 сентябр - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 9-11 ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, синфҳои 10-11;

26-27 сентябр - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ - бакалавр ва магистр;

28 сентябр - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантон, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун;

29 сентябр - фаъолияти Комиссияи апеллятсионӣ.

  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БА 100 НАФАР ЯТИМОН ВА КӮДАКОНИ АЗ ОИЛАҲОИ НИЁЗМАНД ТУҲФАҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАҚДИМ ГАРДИД Дар тарабхонаи «Малика»-и ноҳияи Спитамен ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода, раиси ноҳияи Спитамен Ҷамшед Ҷӯразода ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода чорабинии идона баргузор гардид.   Дар чорабинӣ ба масъалаи дастгирии қишрҳои осебпазири ҷомеа, бахусус ятимону кӯдакони аз оилаҳои ниёзманд, таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шуд.   Дар доираи чорабинии мазкур ба 100 нафар ятимон ва кӯдакони аз оилаҳои ниёзманд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон туҳфаҳои идона тақдим карда шуд.   Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки ғамхорӣ нисбат ба кӯдакону наврасон, бахусус ятимон ва фарзандони оилаҳои ниёзманд, яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак, фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбия ва дастгирии иҷтимоии онҳо мавқеи муҳим дорад.   Тақдими туҳфаҳои идона ба кӯдакон дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи таваҷҷуҳу ғамхории пайвастаи давлату Ҳукумати мамлакат нисбат ба насли наврас арзёбӣ гардид.   Барои иштирокдорони чорабинӣ дастархони идона ороста шуда, ба кӯдакон фазои идона ва хотирмон фароҳам оварда шуд. Кӯдакону наврасон бо рӯҳияи болида дар чорабинӣ иштирок намуда, аз туҳфаҳои тақдимгардида изҳори хушнудӣ карданд.   Дар идома масъулин кӯдакону наврасонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо саломатии бардавом, хониши хуб, муваффақият дар таҳсил ва ояндаи дурахшон орзу карданд.

    11

    23.09.2026
  •  img
    БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ ИЛОВАГИИ МТМУ №15 ДАР ДЕҲОТИ КУРУШИ НОҲИЯИ СПИТАМЕН Дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ва ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар Ҷамоати деҳоти Куруши ноҳияи Спитамен бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 ба истифода дода шуд.   Дар маросими ифтитоҳ вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, раиси Суди олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зебонисо Абдуллозода , ноҳияи Спитамен Ҷӯразода Ҷамшед ва сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Гулсара Мирзозода иштирок намуданд.   Зимни суханронии масъулин аҳаммияти сохтани чунин иншоот барои рушди соҳаи маориф ва беҳбудии шароити таҳсили хонандагон таъкид шуд.   Бинои иловагӣ бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия ва фароҳам овардани ҷойҳои иловагии таҳсил барои хонандагон соли 2025 бо мабалағгузории 1 миллион сомонӣ аз ҷониби волидайни хонандагон ва сарпарастон, инчунин 81 ҳазору 660 сомонӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бунёд гардид.   Бино барои фарогирии 320 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, дуошёна буда, дорои 7 адад синфхона, 1 ҳуҷраи омӯзгорӣ ва кабинетҳои фанҳои дақиқу риёзӣ мебошад.   Ба истифода додани ин бино дар остонаи соли нави таҳсил имконият фароҳам меорад, ки хонандагони деҳоти Куруш дар шароити муосир ва бо таҷҳизоти зарурӣ таҳсил намоянд, ки ин саҳми муҳиме дар рушди соҳаи маориф дар ноҳияи Спитамен мебошад.   Дар ҳамин доираи сафар, дар Ҷамоати деҳоти Тағояк низ бинои иловагии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 ба истифода дода шуд. Сохтмони он соли 2024 бо маблағгузории ташкилоти байналмилалӣ ба маблағи 5 миллиону 620 ҳазору 459 сомонӣ оғоз гардида, ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба анҷом расид. Бинои иловагии таълимӣ аз ду ошёна иборат буда, бо 18 синфхона барои 540 нафар хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст. Бинои иловагии муассиса барои фарогирии 480 нафар хонанда дар ду баст тарҳрезӣ гардида, дорои 12 адад синфхона, 1 ҳуҷраи омӯзгорӣ, китобхона ва кабинетҳои фанҳои дақиқ мебошад.

    11

    23.09.2026
  •  img
    Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Нури Раҳмонро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Иншооти муосири таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ба ифтихори ҷашни муқаддас – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ  бо риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ ва тарҳу унсурҳои муосири меъморӣ бунёд гардидааст.   Мактаби замонавӣ чорошёна буда, аз ҳисоби маблағҳои буҷети Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия ва рушди соҳаи илму маориф сохта шуда, барои 4 ҳазор хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст.   Корҳои сохтмонӣ дар иншооти мазкур соли 2025 оғоз гардида, дар муҳлати як сол бо сатҳу сифати баланд ба анҷом расонида шуд.   Муассисаи нав дорои 73 синфхона буда, аз ин шумора 15-тоаш кабинетҳои фаннии муҷаҳҳаз бо аёният ва лавозимоти зарурӣ, аз ҷумла синфхонаҳои таълимии химия, биология, физика, география, математика, асосҳои кор бо компютер, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва ҳунаромӯзӣ бо технология барои писарону духтарон ва омодагии ҳарбӣ мебошанд.   Дар иншооти таълимӣ барои инкишофи зеҳни кӯдакон, аз худ кардани донишҳои замонавӣ ва машғул шудани онҳо ба бозиҳои гуногуни шавқовар низ шароити хуб фароҳам оварда шудааст.   Муассиса, ҳамчунин, дорои озмоишгоҳҳои таълимӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, китобхонаҳои анъанавию электронӣ, нуқтаи хизматрасонии тиббӣ, ошхона бо 200 ҷойи нишаст ва толори маҷлис бо 300 курсӣ мебошад.   Дар ин боргоҳи илму маърифат 38 омӯзгор ба таълиму тарбияи хонандагон машғул буда, раванди таълим тавассути камераҳои мушоҳидавӣ назорат карда мешавад.   Дар муассисаи тозабунёд Осорхонаи Пешвои миллат низ таъсис дода шуда, дар он аксҳои 5 давраи зиндагӣ ва ҳаёту фаъолияти Роҳбари давлат гирдоварӣ шудааст. Мавҷуд будани чунин осорхона дар муассиса бевосита ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон ва арҷ гузоштан ба талошҳои пайваста ва шабонарӯзии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуъ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол мусоидат хоҳад кард.   Толори барҳаво ва муҷаҳҳази варзишӣ, ки дар муассиса сохта шудааст, барои машқу тамрини футбол, волейбол, баскетбол, тенниси рӯи миз ва шоҳмот, бевосита ба тарғибу ташаккули тарзи ҳаёти солим ва обутоб ёфтани хонандагон мусоидат мекунад.   Майдончаи варзишӣ аз бартариҳои дигари мактаб дар самти рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш унвон мешавад. Фароҳам овардани чунин шароит имкон медиҳад, ки хонандагон вақти холигии худро босамар гузаронида, ба варзиш машғул шаванд.   Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёшуда дар иншооти таълимӣ ба сатҳу сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, ба омӯзгорон барои истифодаи оқилонаи имкониятҳои мавҷуда ва тарбияи ҷавонони босаводу лаёқатманд дастуру ҳидоятҳо доданд.   Зикр гардид, ки бо фароҳам гардидани шароити мусоиди таълиму тарбия дар тамоми муассисаҳои таълимии умумии кишвар бояд дар мадди аввал сифати таҳсилот ва дониш гузошта шавад.   Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз бе илму навоварӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад.

    12

    22.09.2026