16.01.2025

 img

Имруз, санаи 16 январи соли 2025 дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд маҳфили навбатии илмии “Навиди илм” доир ба мавзуи “Омӯзиш ва таҳлили дастурҳои Паёми Пешвои миллат: аз одобу ахлоқ то иқтисоди рақамиву инноватсионӣ” баргузор гашт. Мақсади асосии баргузор намудани маҳфили мазкур  омӯзиш ва шарҳи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон буд. 

 

Дар маҳфили илмии Донишкада ба ҳайси меҳмони фахрӣ - раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ширкат варзиданд. 

 

Ҷаласаи маҷлисро роҳбари маҳфили “Навиди илм” доктори илмҳои фалсафа, профессор Солиҷонов Расул ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба мубрамияти омӯзиши дастуру супоришҳо, самтҳои асосии сиёсати дохиливу берунаи Ҳукумати Ҷумҳуриии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2030, ки аз тарафи Пешвои миллат дар Паём санаи 28 декабри соли 2024 ироа гардид, бо таври мушаххас шарҳ дод.

 

Сипас, директори донишкада, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ҷалилзода Абдурашит Абдукамол доир ба моҳияти гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, мушкиливу чолишҳои гузариш, афзалиятҳову бурдҳои истифодабарии тахнологияҳои рақамӣ, таъсири истифодабарии васеи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои маориф, молиёт, саноат маърӯза кард. 

 

Дар ҷараёни маҳфил масъалаҳои одобу ахлоқ, рушди бонкдорӣ, таҳкими устувории низоми молиявӣ, ҳифзи муҳити зист, тақвияти фаъолияти инноватсионӣ дар мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати таҳсилол, тарбияи ҷавонони эҷодкору ихтироъкор ва роҳҳои татбиқи дастурҳои Паём мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

 

Дар фарҷоми маҳфили “Навиди илм” раиси кумитаи иҷроияи Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон Мунзифа Ҷабборӣ баромад намуда, ба роҳбарияти донишкада ва устодони донишкада барои ташкили чунин чорабинии илмӣ вобаста ба чунин мавзӯи мубрам, миннатдории худро изҳор намуд. Зимни баромади худ Мунзифа Ҷабборӣ  қайд кард, ки омӯзиш ва таҳлили амиқи дастуру ҳидоятҳои дар Паёми Пешвои миллат зикргардида, бори дигар собит месозад, ки масоили илму маориф ва такмили неруи зеҳнӣ, истифодаи самараноки дастовардҳои илм ва технологияҳои муосир ҷиҳати таҳкими иқтидори иқтисодӣ ва иҷтимоӣ-фарҳангии кишвар дар маркази диққати роҳбарияти давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор доранд.

  • Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд маҳфили навбатии илмии “Навиди илм” доир ба мавзуи “Омӯзиш ва таҳлили дастурҳои Паёми Пешвои миллат: аз одобу ахлоқ то иқтисоди рақамиву инноватсионӣ” баргузор гашт. img
  • Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд маҳфили навбатии илмии “Навиди илм” доир ба мавзуи “Омӯзиш ва таҳлили дастурҳои Паёми Пешвои миллат: аз одобу ахлоқ то иқтисоди рақамиву инноватсионӣ” баргузор гашт. img
  • Дар Донишкадаи иқтисод ва савдои ДДТТ дар ш. Хуҷанд маҳфили навбатии илмии “Навиди илм” доир ба мавзуи “Омӯзиш ва таҳлили дастурҳои Паёми Пешвои миллат: аз одобу ахлоқ то иқтисоди рақамиву инноватсионӣ” баргузор гашт. img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар оғози сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.   Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфиятҳои назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ тамаркуз карда, таъкид доштанд, ки минтақа барои ин захираҳои фаровон дорад.   Тавре зикр гардид, ин захираҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҷмааҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулот имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.   Аҳамияти татбиқи фаъолтари технологияҳои рақамӣ ва “сабз”, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар саноат муҳим дониста шуд.   Таъкид гардид, ки бояд ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содиротӣ, тақвияти устувории занҷираҳои таъминоти минтақавӣ ва мубодилаи таҷриба дар мутобиқсозии маҳсулот ба талаботи экологӣ, карбонӣ ва техникии бозорҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти зарурати густариши ҳамкории энергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешниҳод намуданд, ки имкони тартиб додани рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва дарёфти механизмҳои имконпазири маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ карда шавад.   Дар ин робита, аҳамияти таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар асоси технологияҳои навтарин, бо назардошти ниёзҳои тамоми минтақа таъкид гардид.   Ҳамчунин, Сарвари давлати мо пешниҳод намуданд, ки стратегияи гузариши минтақавии "сабз" бо назардошти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳсозии самаранокии энергия таҳия карда шавад.   Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи масирҳои омехта, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, барои тақвияти пайвастагии нақлиётии минтақа аҳамияти калон дорад. Дар ин робита, Сарвари давлати мо зарурати кори самаранокро барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилӣ, содда кардани расмиёти нақлиётӣ ва рақамикунонӣ таъкид намуданд.   Мавзӯи рақамисозиро идома дода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ёдовар шуданд ва изҳори итминон намуданд, ки фаъолияти он имкониятҳои инноватсионии кишварҳои минтақаро муттаҳид месозад ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ суръат мебахшад.   Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ дар робита ба мубориза бо тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳишёбии захираҳои об ва хокборишот, ки ба муҳити зист ва амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд, ривоҷ дода шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.   Дар ниҳояти сухан таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, ки ташаббусҳои созандаи кишварҳои минтақаро дастгирӣ карда,  ба татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшуда мусоидат намояд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки эътимод ба ҳамдигар ва рӯҳияи шарикӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки ба сӯи ҳадафҳои муштарак пайваста пеш раванд.

    16

    08.10.2026
  •  img
    Сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    26

    08.10.2026
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.

    17

    08.10.2026