19.09.2024

 img

Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар деҳаи Сафобахш (Охунбобо)-и ҷамоати деҳоти Сафобахш бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 87 мавриди истифода қарор дода шуд.

 

Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ сохта шудааст.

 

Бинои муассисаи нави таълимӣ якошёна буда, барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст.

 

Муассисаи замонавии таълимӣ аз 9 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад.

 

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф моҳи январи соли 2021 оғоз гардида, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 2 000 м2 бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд.

 

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик намуданд.

 

Раиси вилоят таъкид намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудааст, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд.

 

Хадамоти матбуоти

раиси вилояти Хатлон

  • ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ img
  • ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ img
  • ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ img
  • ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 29 апрели соли 2025 дар Вазорати маориф ва илм таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Нахуст, муовини якуми вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.   Сипас, гузоришҳои сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Шамсиддин Саъдуллозода оид ба вазъи иҷрои «Тартиби баргардонидани маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои тайёр намудани мутахассисон харҷ шудаанд» ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Наврӯз Мирзозода доир ба рафти иҷрои «Талаботи моддаи 51-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» оид ба гузариш ба низоми сесолаи такмили ихтисос» шунида шуд.   Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа иброз дошт, ки таъмини муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ яке аз масъалаҳои асосӣ дар соҳаи маориф маҳсуб гардида, он ба раванди бомаром ва муваффақонаи таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон зич алоқаманд аст.   Боиси тазаккур аст, ки ҳамасола дар асоси талабот ва пешниҳоди сарраёсату раёсат ва шуъбаҳову бахшҳои маорифи вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ эҳтиёҷоти кадрҳои соҳаи маориф ба Вазорати маориф ва илм пешниҳод карда мешавад. Соли таҳсили 2024-2025 вобаста ба эҳтиёҷоти кадрӣ, ки 4301 нафарро ташкил медод, аз ҳисоби хатмкардагони зинаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ 3168 нафар ба ҷойи кор фиристода шуданд.   Ҳамзамон, гузариш ба низоми сесолаи такмили ихтисос дар ба роҳ мондани курсҳои онлайнӣ, фосилавӣ, омехта ва худомӯзӣ барои рушду малакаи омӯзгорон ва тавсеаи маорифи миллӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.   Дар идома гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Наврӯзи Ҷумъамурод оид ба китоби дарсии «BIOCHEMISTRY» (Биохимия, бо забони англисӣ) барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби дарсии «Анатомия человека (книга для стоматологов. том 1 – 2)» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби дарсии «Асосҳои назариявии амнияти иттилоотӣ» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, китоби дарсии «Гуногунии олами набототи Тоҷикистон» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дигар китобҳои дарсиву маводҳои таълимӣ шунида шуд.   Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.   Дар охир муовини якуми вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, азнавсозии системаи иттилоотии соҳаи маориф, пардохти ғайринақдии иҷораи китобҳои дарсӣ, боло бурдани сифати таълиму тарбия, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва чанде дигар дастуру супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    19

    29.04.2025
  •  img
    НОМОВАРОН: ПАЗИРОӢ АЗ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ 28-уми апрели соли 2025 дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кӯшониён маросими пазироӣ аз ғолибони даври ҷумҳуриявии олимпиадаҳои фаннӣ барои наврасон (синфҳои 5-6) доир гардид.   Дар маросими пазироӣ роҳбарият, омӯзгорон, волидайн ва хонандагони Муассиса ширкат варзида, ғолибонро бо гулдастаҳо пешвоз гирифтанд.   Лозим ба таъкид аст, ки аз Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқати ноҳияи Кӯшониён 17 нафар хонанда дар даври ниҳоии олимпиадаҳои фаннӣ ширкат карда, аз ин шумора 1 нафар соҳиби ҷойи якум аз фанни забони русӣ, 3 нафар соҳиби ҷойи дуюм аз фанҳои таърих ва математика ва 5 соҳиби ҷойи сеюм аз фанҳои забони русӣ, таърих, забон ва адабиёти тоҷик, география, биология ва математика гардиданд.   Ҳамчунин, бо ҳадафи ҳавасмандсозии бештар ғолибон вобаста аз ҷойи касбкардаашон аз шартномаи таҳсил озод карда мешаванд.

    30

    28.04.2025
  •  img
    НАМОДИ МИЛЛАТИ ФАРҲАНГӢ: БАРГУЗОРИИ "МАҲФИЛИ ЗАРИФОН" БО ИШТИРОКДОРОНИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ Дар идомаи барномаи бошукуҳи "Рӯзи ваҳдати олимпӣ" чорабинии "Маҳфили зарифон" бо иштироки дастаҳои шаҳри Душанбе, вилояти Хатлон, вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор гардид.   Маҳфил аз рӯйи 6 шарт - саломнома, қироати шеър, сурудхонӣ, намоиши либоси миллӣ ё саҳнаи ҳаҷвӣ, рақси якка ва бадеҳа гузаронида шуда, дастаҳо маҳорати эҷодии худро ба намоиш гузоштанд.   Дар Маҳфил суруду тарона, шеърҳои саршор аз ҳисси баланди меҳандӯстӣ, рақсҳои тоҷикона ва намоишҳои либоси миллӣ иҷро гардида, баёнгари истеъдодҳои эҷодии иштирокдорони олимпиада буд.   Пас аз натиҷагирии баҳои доварон, дастаи вилояти Хатлон соҳиби ҷойи 3, шаҳри Душанбе ҷойи 2, вилояти Суғд ҷойи 1 ва дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон соҳиби Шоҳҷоиза гардид.   Ғолибон бо Сипосномаҳо ва Шоҳҷоиза - оинаи нилгун қадрдонӣ гардида, ҷоизаҳо аз ҷониби директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо - Муҳамадҷон Ғафорзода ба дастаҳо супорида шуд.

    29

    27.04.2025