21.05.2026
Имрӯз дар доираи таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба миёни муассисаҳои соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ҳайати намояндагони соҳаи маорифи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» боздид ба амал оварданд.
Меҳмононро сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе Исмоилзода Баҳром Мансур, директори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» Назрихуҷа Сайдалиев, инчунин роҳбарону намояндагони сохторҳои соҳаи маорифи пойтахт истиқбол намуданд.
Дар оғози боздид ба меҳмонон оид ба фаъолияти муассиса, самтҳои асосии таълиму тарбия, рушди маҳфилҳои фаннӣ, эҷодӣ ва ҳунаромӯзӣ, инчунин ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиши касбу ҳунар маълумоти муфассал пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, аз ҷониби намояндагони барномаҳои иттилоотии соҳаи маорифи шаҳри Душанбе — «eDonish» ва «kudak.tj» рӯнамо ва муаррифии имконияту бартариҳои ин низомҳои электронӣ баргузор карда шуд. Зикр гардид, ки татбиқи чунин барномаҳои рақамӣ дар муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии пойтахт ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, назорати раванди таълим ва беҳтар гардидани ҳамкории муассисаҳои таълимӣ бо волидайн мусоидат менамояд.
Дар идомаи боздид ҳайати меҳмонон аз фаъолияти як қатор маҳфилҳои амалкунанда, аз ҷумла маҳфилҳои «Русский язык», «Дузандагӣ» ва «Попурдӯзӣ» дидан намуда, бо шароити таълим, маҳорати таълимгирандагон ва дастовардҳои онҳо аз наздик шинос шуданд. Меҳмонон ба сатҳи омодагии таълимгирандагон, завқи баланди эҷодӣ ва муҳайё будани шароити мусоид барои рушди қобилияти кӯдакону наврасон баҳои баланд доданд.
Инчунин, дар доираи чорабинӣ маҳсули дасти аъзои маҳфилҳои ҳунариву эҷодии Марказ ба намоиш гузошта шуд. Намунаҳои корҳои дастӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва офаридаҳои эҷодии таълимгирандагон таваҷҷуҳи меҳмононро ба худ ҷалб намуда, ҳамчун бозгӯи истеъдод ва малакаи наврасон арзёбӣ гардиданд.
Барномаи фарҳангии ансамбли бачагонаи «Шукуфаҳои пойтахт» ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хоса бахшида, аз ҷониби иштирокчиён бо самимияти гарму кафкӯбиҳои пурмавҷ истиқбол гирифта шуд.
Ҳамзамон, дар толори китобхонаи Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» бо иштироки ҳайати меҳмонон, роҳбарони литсею гимназияҳои типи нав ва муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни баргузории мизи мудаввар масъалаҳои мубрами соҳаи маориф, аз ҷумла рақамикунонии раванди таълим, ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таҳкими робитаҳои байни муассисаҳои таълимии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар анҷоми чорабинӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳои минбаъда, роҳандозии лоиҳаҳои муштарак ва табодули таҷрибаи пешқадам дар соҳаи маориф иброз намуданд. Ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, аз сатҳи баланди ташкил ва баргузории чорабинӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд.