13.08.2025

 img

13 августи соли 2025 вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода аз ҷараёни баргузории даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе боздид намуданд.

 

Зимни боздид вазири маориф ва илм ва муовини раиси шаҳри Душанбе бо ҳайати ҳакамон, падару модарони иштирокчиён ва худи ширкаткунандагон вохӯрӣ ва суҳбат намуданд. Дар рафти суҳбат вазири маориф ва илм аз ин ташаббуси беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, онро яке аз омилҳои муҳимми баланд бардоштани маърифату босаводӣ дар ҷомеа арзёбӣ кард.

 

Вазири маориф ва илм изҳор дошт, ки озмуни мазкур на танҳо завқи китобхонӣ ва маърифати хонандагонро боло мебарад, балки барои тақвияти худшиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ саҳми арзанда мегузорад. Ҳамчунин, вазир ба падару модарон барои заҳмат ва талошҳояшон дар тарбияи фарзандони босаводу донишманд изҳори сипос намуд.

 

Ёдовар мешавем, ки Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» 2 январи дар соли 2025 ба имзо расид.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БОЗДИД АЗ РАФТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img
  • БОЗДИД АЗ РАФТИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАМЪБАСТИ БАРНОМАИ ОМӮЗИШИИ «KLIC LEAD GLOBAL WORKSHOP 2025» 13 августи соли 2025 дар шаҳри Сеҷонги Ҷумҳурии Корея маросими ҷамъбасти даври омӯзишии Барномаи «KLIC LEAD Global Workshop 2025» баргузор гардид, ки дар он гурӯҳи омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.   Зимни маросим, роҳбарияти Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг ба иштирокчиён сертификатҳои хатми барномаро супорид.   Барномаи мазкур машғулиятҳои амалӣ оид ба зеҳни сунъӣ (AI), барномасозӣ, омӯзиши асосҳои рақамии таълим, истифодаи EduTech, тарҳрезии дарс, боздид аз муассисаҳои таълимии инноватсионӣ, ширкатҳои пешрафтаи технология ва ошноӣ бо фарҳанги Кореяро дар бар гирифт.   Чорабинии мазкур дар доираи татбиқи Ёддошти тафоҳуми миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Департаменти маорифи шаҳри Сеҷонг амалӣ гардид.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    18

    13.08.2025
  •  img
    БАҲОГУЗОРИИ МУОСИР Низоми 10-хола на танҳо рақам, балки роҳ ба сӯи адолат, шаффофият ва рушди воқеии қобилияти хонандагон аст Дар ҷаҳони муосир, ки суръати пешрафти илму технология бо шиддат ва пайомадҳои фарогир афзоиш меёбад, аз истифодаи усулҳои анъанавии таълим натиҷаи чандон муассирро наметавон интизор дошт. Замоне фаро расидааст, ки таълим ҳамчун раванди фарогир, мураккаб ва таҳрикбахш бояд ташаккул ёбад, ки дар он муҳити васеъ ва муътадил барои рушди зеҳнӣ, ташаккули ангезаи дохилӣ ва таъмини адолати таълимӣ фароҳам оварда шавад. Дар ин раванд низоми баҳогузорӣ яке аз унсурҳои муҳим маҳсуб мешавад. Агар низоми баҳогузорӣ шаффоф ва дақиқ набошад, наметавонад сатҳи воқеии дониш ва малакаҳои хонандаро арзёбӣ намояд ва дар натиҷа раванди таълим ба ҳадафи аслии худ намерасад.   Ба таъкиди доктори илмҳои педагогика Мирзоаҳмад Мирзоев, «арзёбӣ раванди доимии ташаккул ва рушди қобилияти хонанда мебошад. Баҳогузорӣ бояд ҳамчун оинаи воқеии сатҳи дониш ва хислати омӯзишии шахсият бошад, на танҳо ҷамъбасти ҳарфҳо ва рақамҳо дар ҷадвал». Аз ин нуқтаи назар, таҷдиди низоми баҳогузорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо ҷавоб ба талаботи замони муосир, балки иқдоми муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсил маҳсуб мешавад. Аммо дар раванди ин ислоҳот чаро маҳз ба низоми 10-хола авлавият дода мешавад?   Назари равоншиносон ва педагогҳо дар бораи арзёбӣ Дар илми равоншиносӣ ва педагогикаи муосир арзёбиро ҳамчун равиши ташаккулдиҳандаи шахсият ва василаи ҳавасмандсозӣ баррасӣ менамоянд. Ба андешаи Лев Виготский, «арзёбӣ бояд ба рушди қобилияти фикр кардан, худшиносӣ ва ташаккули иродаи хонанда равона бошад, на танҳо ба ҷамъбасти маълумот». Яъне, баҳогузорӣ наметавонад фақат ченакҳои оморӣ бошад, балки бояд воситаи ташаккулдиҳанда ва ҳавасмандсозандаи раванди омӯзиш ва рушди шахсият бошад.   Педагог ва равоншиноси амрикоӣ Карл Роҷерс таъкид мекунад, ки «арзёбӣ бояд муҳити эҳтиром, эътимод ва боварӣ эҷод кунад, ки дар он шахсият метавонад сатҳи воқеии қобилияти худро ба таври ошкоро нишон диҳад ва барои беҳтар шудани он талош кунад». Ба андешаи ӯ, баҳогузории нодуруст ва нодақиқ метавонад боиси коҳиши ангеза, хастагии равонӣ ва норозигии дохилӣ гардад.   Бенҷамин Блум, асосгузори назарияи таксономияи омӯзишӣ чунин изҳор медорад: «Баҳои дақиқ ва муфассал воситаи беҳтарин барои нишон додани сатҳи гуногуни фаҳмиш ва малака мебошад. Арзёбии шаффофу ростқавлона на танҳо ба омӯзиш равиши нав мебахшад, балки барои ташаккули худбаҳодиҳӣ ва масъулияти шахсӣ замина мегузорад».   Аз ин лиҳоз баҳогузорӣ бояд ҳамчун раванди динамикӣ ва мураккабе баррасӣ шавад, ки ҳам сатҳи донишро чен мекунад ва ҳам қобилияти пешрафти шахсро бармеангезад.   Маҳдудияти системаи 5-хола: он дигар қаноатбахш нест? Системаи 5-хола, ки солҳои дароз дар муассисаҳои таълимии мамлакат истифода мешуд, имрӯз дигар ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ нест ва наметавонад сатҳи воқеии дониш ва малакаи хонандагонро ба таври дақиқ инъикос намояд. Зеро ин низом бо чанд мушкили амиқ рӯбарӯ мебошад.   Аввалан, баҳои пасттарини системаи 5-хола — «1» ва «2» қариб ки истифода намешаванд, зеро омӯзгорон барои ҳифзи руҳияи хонандагон ва пешгирӣ аз осебҳои равонӣ аз гузоштани ин баҳоҳо худдорӣ мекунанд. Ин амали равонӣ метавонад барои кӯдакон фоиданок бошад, вале дар амал вазъи воқеиро пинҳон мекунад. Ба таъкиди Лев Виготский, чунин баҳогузорӣ метавонад ба «аз даст додани имконияти дарки нуқсонҳо ва коҳиши талош барои такмил» оварда расонад.   Дуюм, фосилаи васеи байни баҳои «3», «4» ва «5» ба омӯзгорон имкони фарқ кардани сатҳҳои гуногуни фаҳмиш ва малакаи хонандагонро намедиҳад. Аз нуқтаи назари педагогӣ, ин маънои нокифоягии дарки воқеии сатҳи рушд ва қобилияти омӯзиш мебошад. Масалан, ҳам ба хонандае, ки 70% маводи таълимиро азхуд кардааст ва ҳам ба хонандае, ки беш аз 90%-маводи таълимиро медонад, баҳои «4» гузошта мешавад.   Сеюм, низоми 5-хола натавонистааст ангезаи дохилии хонандаро ҳамчун неруи асосии пешрафти ӯ барқарор созад. Баҳои умумӣ ва нисбатан норавшан, ки дар он имкон нест таҳаввул ва пешрафти ҳадафмандро ба таври дақиқ нишон дод, метавонад боиси паст шудани шавқу ҳаваси омӯзиш гардад. Дар ин маврид равоншинос Карл Роҷерс чунин таъкид менамояд: «Арзёбӣ бояд муҳити боварӣ эҷод кунад, то хонанда ба таври воқеӣ худро нишон диҳад ва барои такмил талош кунад. Низоми баҳогузории нодуруст метавонад ангезаро заиф кунад».   Дар маҷмуъ, системаи 5-хола бо маҳдудияти гуфташуда наметавонад ба рушду ташаккули воқеии қобилияти хонандагон мусоидат намояд ва ба раванди таълим ва тарбияи шахсият зарари ҷиддӣ мерасонад.   Низоми 10-хола. Бо татбиқи он чӣ натиҷаро бояд интизор шуд? Гузариш ба низоми 10-хола дар баҳогузорӣ иқдоми муҳими педагогӣ мебошад, ки дар он сифати арзёбӣ ва таъсири он ба рушди шахсият ба таври ҷиддӣ такмил меёбад. Ин низом бо фароҳам овардани имкони арзёбии дақиқ ва муфассал на танҳо сатҳи дониш ва малакаи хонандаро бо назардошти ҳар ҷузъиёт муайян мекунад, балки ба ташаккули ангеза ва масъулияти шахсӣ низ таъсири амиқ мерасонад.   Аз нуқтаи назари педагогӣ, низоми 10-хола ба омӯзгорон имконият медиҳад, ки фарқи воқеии сатҳи дониш ва малакаи хонандаро нишон диҳанд ва ҳар қадамро ҳамчун нишонаи рушд ва такмил арзёбӣ кунанд. Ба фарқ аз системаи 5-хола, ки дар он доираи арзёбӣ маҳдуд аст ва сатҳҳои гуногунро дақиқ ифода намекунад, низоми 10-хола дараҷаи ҷузъиёти арзёбиро хеле васеъ ифода менамояд.   Аз нуқтаи назари равоншиносӣ, баҳогузории дақиқ барои хонанда муҳити эҳтиром ва эътимод фароҳам меорад, ки ӯ метавонад сатҳи воқеии дониши худ ва имконияти беҳтар шуданашро дарк намояд.   Низоми 10-хола инчунин барои ташаккули муносибати дифференсиалӣ ва фарогир дар раванди таълим замина мегузорад, ки ба рушди истеъдодҳои инфиродӣ ва баланд бардоштани сифатҳои фардӣ мусоидат мекунад. Бо истифодаи ин низом омӯзгорон метавонанд ҳар хонандаро тибқи сатҳи воқеии дониш ва малакааш дар гурӯҳҳои гуногун ҷойгир намуда, барномаҳои таълимии инфиродӣ таҳия кунанд.   Аз назария то амалия Соли 2024 дар беш аз 140 муассисаи таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузариши озмоишӣ ба низоми 10-хола амалӣ карда шуд. Натиҷаҳои ин таҷрибаҳои озмоишӣ умедбахш буданд ва нишон доданд, ки баҳогузории дақиқ ва шаффофият ба раванди таълим ва муносибатҳои педагогӣ таъсири мусбат дорад.   Омӯзгорон дар ин давра эҳсоси шаффофияти бештар ва дақиқии баланди баҳогузориро доштанд, ки имкон дод сатҳи воқеии дониш ва малакаҳои хонандагон бо адолат ва возеҳият муайян гардад. Дар ҳамин ҳолат хонандагон бо ҳисси масъулияти бештар ва ангезаи амиқтар ба таҳсил пардохтанд, зеро медонистанд, ки кӯшишҳои онҳо ба таври одилона ва мунсифона арзёбӣ мешаванд.   Ҳамин тавр, муносибати байни омӯзгор ва хонанда низ таҳти таъсири мусбат қарор гирифт, зеро низоми нави баҳогузорӣ фишори равониро коҳиш дода, ба эътимод ва ҳамкории самаранок мусоидат намуд. Ин таҷриба собит сохт, ки низоми 10-хола на танҳо усули нав дар додани рақамҳо мебошад, балки муҳити нави таълимӣ ва равонии рушдёбандае фароҳам оварда метавонад.   Чаро олимпиадаҳо бе низоми бисёрхола тасаввурнопазиранд? Олимпиадаҳои фаннӣ ҳамеша майдони рақобати зеҳнҳо ва маҳорати воқеӣ буда, ба онҳо беҳтарин хонандагон ҷалб карда мешаванд. Дар ин майдон ҳадаф на танҳо пайдо кардани ғолиб, балки муайян кардани тафовути сатҳи донишу истеъдоди иштирокчиён мебошад. Маҳз ба ҳамин хотир дар олимпиадаҳо аз ибтидо низоми баҳогузории бисёрхола ҷорӣ шудааст.   Тасаввур кунед: ду иштирокчӣ саволу супоришҳои олимпиро дар сатҳи комилан гуногун ҳал кардаанд – яке 50 дарсад ва дигаре 74 дарсади саволҳоро дуруст ҳал кардааст. Агар аз рӯи низоми баҳогузории 5-хола дониши онҳо арзёбӣ карда шавад, ба ҳарду ҳам баҳои чор гузошта мешавад. Танҳо дар сурати истифодаи меъёрҳои бисёрхола (10 ё 100-хола) тафовути калон дар сатҳи дониши онҳо аён мегардад. Маҳз низоми бисёрхола имкон медиҳад, ки ин тафовут ба таври шаффоф намоён гардад.   Ин усул на танҳо дар сатҳи миллӣ, балки дар сабқатҳои байналмилалӣ, аз ҷумла олимпиадаҳои бонуфуз низ истифода мешавад. Дар ин озмунҳо ҳар савол бо холҳои мушаххас баҳогузорӣ мегардад ва натиҷаи ниҳоӣ ба таври рақамӣ ҷамъбаст мешавад. Ин равиш имконият медиҳад, ки ҳатто фарқияти ночиз ба назар гирифта шавад.   Агар чунин усул барои интихоби беҳтаринҳо дар сатҳи байналмилалӣ солҳо боз ҳамчун стандарт қабул шуда бошад, пас чаро таҳсилоти умумӣ бояд аз ин таҷрибаи муваффақ дур бимонад? Оё дар мактаб низ баҳогузории дақиқ ва бисёрхола зарур нест, то ҳар хонанда донад, ки дар кадом марҳила қарор дорад ва барои расидан ба қуллаи баландтари дониш чӣ бояд кунад?   Маҳз ҳамин ҷо саволи асосӣ матраҳ мешавад: агар олимпиадаҳо, ки беҳтаринҳоро ба ҳам меоранд, ба баҳогузории бисёрхола такя кунанд, чаро мактаб, ки заминаи ташаккули онҳост, бояд аз чунин имконият маҳрум монад?   Низоми 10-хола танҳо рақам нест, балки қадаме ба сӯи адолат, шаффофият ва рушди воқеии қобилияти хонандагон аст, ки муҳити рақобатпазир ва ангезаи аслӣ барои омӯзишро фароҳам меорад.   Нурулло ҒАФУРИЁН, муовини якуми директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо

    22

    13.08.2025
  •  img
    Бадахшон. Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз ёфт Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" оғоз гардид.    Ба ин хотир, дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бо иштироки муовини раиси вилоят Фурқати Ҳукумат ва раиси ҳайати ҳакамон Файзализода Ҷумахон директори муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ”, ҳамзамон, раиси ҳайати ҳакамон дар вилоят, ҳайати ҳакамон ва иштирокчиёни озмун маросими кушодашавии даври вилоятӣ доир гардид.    Муовини раиси вилоят Фурқати Ҳукумат зикр кард, ки маҳз дар заминаи иқдоми маърифатпарварона ва таҳти сарпарастии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи чанд соли охир дар кишварамон чунин озмунҳо баргузор мегарданд ва хушбахтона сол аз сол дар вилоят низ теъдоди иштирокчиён дар озмунҳо зиёд гардида истодааст. Муовини раиси вилоят қайд намуд, ки соли сипаригардида дар даври ҷумҳуриявии озмуни мазкур Шаҳина Мабатқадамова соҳиби шоҳҷоиза гардид, ки ин боиси ифтихори кулли сокинони вилоят мебошад.    Файзализода Ҷумахон, директори Муассисаи давлатии "Китобхонаи миллии Тоҷикистон" изҳор дошт, ки ҳадаф аз гузаронидани чунин озмун, ин пеш аз ҳама рӯ овардан ба китоб ва фарҳанги китобхонии миллати тоҷик мебошад.    Дар рафти ҷаласа ба ҳайати ҳакамон ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ва шаффоф доир намудани озмун дастуру супоришҳои иловагӣ дода шуданд.    Ёдовар мешавем, ки ба даври вилоятии озмуни мазкур 401 нафар аз шаҳр ва ноҳияҳои вилоят роҳхат гирифтанд.   Озмун аз рӯи номинатсияҳо дар толорҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Донишгоҳи давлатии Хоруғ ва Китобхонаи вилоятӣ баргузор гардиданд.

    29

    12.08.2025