01.10.2025

Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Ситоди таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо омӯзгорон бо ширкати васеи намояндагони соҳаи маориф баргузор гардид. Дар он сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар масъулини соҳаи маориф дар шакли ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ифтитоҳ намуда, зимни суханронӣ иброз дошт, ки соҳаи маориф пайваста зери таваҷҷуҳи махсуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар натиҷаи ин ғамхориҳо соҳа ба таври назаррас рушд намуда истодааст.
Дар идомаи ҷаласа, ҳисоботи мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои Тоҷикиобод ва Нуробод доир ба вазъи таҳсилоти томактабӣ ва ҷараёни ҷалб намудани кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ шунида шуд. Зимни ҳисоботҳо, масъалаҳои мавҷуда, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо мавриди таҳлил ва баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, таъсиси марказҳои рушди кӯдакон дар маҳалҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар тамоми зинаҳои таҳсилот, ҷалби бештари хонандагон ба озмунҳо ва олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва таҳкими корҳои тарбиявӣ дар муассисаҳои таълимӣ, муҳокима гардиданд.
Таваҷҷуҳи иштирокчиёни ҷаласа махсусан ба зарурати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ барои омӯзгорон, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва дар маҷмуъ, беҳтар намудани сатҳи хизматрасониҳои таълимӣ равона карда шуд.
Ҷаласа бо таҳлилу баррасии самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи маориф ҷамъбаст гардида, барои амалисозии муваффақонаи ҳадафҳои гузошташуда ба масъулин дастуру тавсияҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Хабарҳои дигар
-
27
01.10.2025 -
56
01.10.2025 -
59
30.09.2025