14.08.2026
14 августи соли 2026 таҳти раёсати вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҷаласаи корӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини вазири маориф ва илм, роҳбарони сохтории дахлдори вазорат, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои шаҳри Душанбе, директорони литсейҳо, гимназияҳо ва дигар муассисаҳои таълимии пойтахт иштирок намуданд.
Вазири маориф ва илм ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, зикр кард, ки соҳаи илму маориф яке аз самтҳои калидӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, таҳти таваҷҷуҳи пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Таъкид гардид, ки масъулияти кормандони соҳа дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, таҳкими интизоми меҳнат, муҳайё намудани шароити мусоид барои хонандагон ва омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсил бояд боз ҳам бештар гардад.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ, 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, омодагии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави таҳсили 2026-2027, қабули хонандагон, аз ҷумла, хонандагони синфи якум, вазъи биною иншооти муассисаҳо, ободонӣ ва тозагии муҳити онҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Вазири маориф ва илм зимни баррасии масъалаҳо таъкид намуд, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ҳар як муассисаи таълимӣ бояд бо сатҳи баланди омодагӣ, муҳити тозаву озода, шароити муносиб ва фазои созандаи таълиму тарбия ба соли нави таҳсил ворид гардад. Роҳбарони муассисаҳо вазифадор карда шуданд, ки корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдид, ҷобаҷогузории синфхонаҳо ва омодасозии тамоми шароити заруриро сари вақт ва бо сифати баланд анҷом диҳанд.
Ҳамзамон, ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки ҷиҳати пешгирӣ ва роҳ надодан ба ҳолатҳои фурӯши либосҳои мактабӣ, лавозимоти хониш ва дигар маҳсулот дар дохил ва ҳудуди муассисаҳои таълимӣ чораҳои қатъӣ андешанд. Таъкид гардид, ки муассисаи таълимӣ набояд ба макони фаъолияти тиҷоратӣ табдил дода шуда, аз ҷониби роҳбарият ва кормандони муассисаҳо ба волидону хонандагон барои харидории мол аз нуқтаи муайян фишор ё маҷбуркунӣ сурат гирад.
Вобаста ба қабули хонандагони синфи якум вазири маориф ва илм масъулинро вазифадор намуд, ки раванди қабул тибқи талаботи муқарраргардида, бо риояи шаффофият ва муносибати дуруст ба шаҳрвандон ба роҳ монда шуда, барои волидон монеаҳои сунъӣ эҷод карда нашаванд. Ҳамчунин, зарурати назорати ҷиддии тақсимоти хонандагон ба синфҳо, истифодаи самараноки имкониятҳои муассисаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил таъкид гардид.
Дар идома масъалаҳои таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, китобҳои дарсӣ, таҷҳизоти зарурӣ, риояи қоидаҳои санитарию беҳдоштӣ ва бехатарӣ, инчунин омодагӣ ба баргузории Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, вазири маориф ва илм аз натиҷаҳои начандон қаноатбахши иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, инчунин озмунҳои вобаста ба соҳиб шудан ба аттестати аълои универсалӣ бо медалҳои тилло ва нуқра ва аттестати аълои равияҳои табиӣ-риёзӣ ва ҷамъиятӣ-гуманитарӣ изҳори нигаронӣ намуд. Дар ин замина ба масъулини соҳа ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дастур дода шуд, ки фаъолияти худро дар самти дарёфт, дастгирӣ ва омодасозии хонандагони болаёқат ҷоннок намуда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, рушди қобилият ва иштироки фаъолонаи онҳо дар озмуну олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.
Вазир аз роҳбарони сохторҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ талаб намуд, ки иҷрои ҳар як дастуру супориш зери назорати қатъӣ қарор дода шуда, камбудиҳои мавҷуда то оғози соли нави таҳсил пурра бартараф карда шаванд.
Дар ҷамъбасти ҷаласа вобаста ба бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта, таъмини иҷрои саривақтии вазифаҳои гузошташуда ба шахсони масъул дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон