29.11.2024

 img

29-уми ноябри соли ҷорӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсат, шуъба, бахши дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва дигар кормандони соҳаи маориф ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

 

Нахуст, вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз карда, ҳозиринро ба рӯзномаи ҷаласа ва масъалаҳои ҷории баррасишаванда шинос намуд.

 

Сипас, гузориши сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш.Саъдуллозода оид ба «Натиҷаи ҳозиршавии мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2024» шунида шуд.

 

Зимни баррасии масъалаҳои мазкур раиси ҷаласа иброз дошт, ки таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ дар меҳвари сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар робита ба ин масъала Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки: «Ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо омӯзгорони баландихтисос чораҷӯӣ карда, доир ба ҳалли масъалаи норасоии омӯзгорон, махсусан, аз фанҳои дақиқ ва забонҳои хориҷӣ, инчунин, бо кадрҳои дорои таҳсилоти олии касбӣ таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, масъалаи норасоии кадрҳои омӯзгорӣ дар мамлакат бояд пурра бартараф карда шавад». Соли ҷорӣ барои иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва бартараф намудани норасоии кадрӣ тибқи роҳхати Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо теъдоди 3168 нафар, аз ин шумора 2512 нафар (629 нафар тибқи квота) хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва 656 нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва хатмкунандагони курсҳои 4-ум ва 5-уми равияи омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҷойи кор фиристода шуданд.

 

Гуфта шуд, ки пурра бартараф намудани норасоии омӯзгорон, боло бурдани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву меҳанпарастӣ дар рушду тавсеаи маорифи миллӣ омили таъсиррасон ба ҳисоб меравад.

 

Инчунин, гузориши ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмилиихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Н.Мирзозода оид ба «Робитаҳои байналмилалӣ ва ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар Донишкада ва филиалҳои он» шунида шуд.

 

Бо назардошти ироаи таклифу пешниҳодҳои аҳли толор вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ва масъалаҳои иловагӣ қарорҳои дахлдор қабул гардид.

 

Дар охир, вазири маориф ва илм дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин доир ба иҷрои ҳатмию саривақтии стратегия, барнома, консепсия, қарорҳои ҳайати мушовара ва фармоишҳои вазири маориф ва илм, боло бурдани сифати таълиму тарбия, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву ифротгароӣ, фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, бештар намудани ҳисси ватандӯстиву хештаншиносии ҷавонон, иштироки бештари хонандагону омӯзгорон дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар самти такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар самтҳои соҳа супоришҳои мушаххас дод.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲО ДАР ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРА img

Хабарҳои дигар

  •  img
    БАРГУЗОРИИ ДАВРИ СЕЮМ (МИНТАҚАВӢ)-И ОЗМУНИ «ХОНАНДАИ СОЛ» Имрӯз, 4 июни соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Литсей барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Душанбе даври сеюм (минтақавӣ)-и озмуни «Хонандаи сол» миёни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баргузор гардид.   Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода, директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони шуъбаҳои маориф, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон иштирок намуданд.   Муовини вазири маориф ва илм зимни ифтитоҳи чорабинӣ таъкид намуд, ки озмуни «Хонандаи сол» яке аз воситаҳои муҳими дарёфт, дастгирӣ ва рушди хонандагони лаёқатманд буда, барои баланд бардоштани сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ, фарҳанги муошират ва ташаккули малакаҳои эҷодиву таҳлилӣ мусоидат менамояд. Зикр гардид, ки таваҷҷуҳи рӯзафзуни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи маориф барои рушди қобилияти зеҳнии наврасону ҷавонон имкониятҳои мусоид фароҳам овардааст.   Дар идомаи чорабинӣ иштирокдорони озмун донишу маҳорати худро аз рӯйи шартҳои Низомнома ба намоиш гузошта, барои роҳ ёфтан ба даври ҷумҳуриявӣ байни ҳам рақобати зеҳнӣ менамоянд. 

    29

    04.06.2026
  •  img
    БОЗДИД АЗ ҶАРАЁНИ АТТЕСТАТСИЯИ ХАТМ ВА АЗ СИНФ БА СИНФГУЗАРОНИИ ХОНАНДАГОН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ШАҲРИ ВАҲДАТ Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода дар Муассисаи давлатии гимназияи хонандагони лаёқатманди ба номи А. Балъамии шаҳри Ваҳдат ва Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №156-и шаҳри Ваҳдат аз ҷараёни аттестатсияи хатм ва аз синф ба синфгузаронии хонандагон дидан намуд.   Дар рафти боздид вазъи ташкили аттестатсия, омодагии синфхонаҳо, риояи тартиби муқарраргардидаи гузаронидани аттестатсия ва фаъолияти комиссияҳои масъул мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Муайян карда шуд, ки корҳои ташкилӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, хонандагон дар муҳити мусоид ва мутобиқ ба талаботи соҳа имтиҳон месупоранд.   Муовини вазир бо ҳайати омӯзгорону роҳбарони муассисаҳо суҳбат намуда, ба масъалаҳои таъмини шаффофият дар раванди баҳогузорӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва масъулияти иштирокчиёни аттестатсия таваҷҷуҳ зоҳир намуд.   Ҳангоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки натиҷаҳои аттестатсия бояд инъикоскунандаи воқеии дониш, малака ва маҳорати хонандагон бошанд.    Ҳамчунин, ба масъулини соҳаи маорифи шаҳр барои анҷоми босифати соли таҳсил ва риояи қатъии талаботи меъёрӣ тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.   Натиҷаҳои боздид нишон доданд, ки муассисаҳои таълимии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати баргузории муназзам ва шаффофи аттестатсия тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, фаъолияти худро дар доираи талаботи муқарраргардидаи соҳа ба роҳ мондаанд.   Маркази матбуоти  Вазорати маориф ва илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон 

    33

    03.06.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР ОИД БА БОЗНИГАРИИ ФУНКСИОНАЛИИ НИЗОМИ МАОРИФ ВА ТАҲКИМИ ИҚТИДОРИ ИНСТИТУТСИОНАЛИИ СОҲА Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони “Муаррифии ҳисоботи ҷамъбастии бознигарии функсионалии низоми маориф ва муҳокимаи пешниҳодҳо оид ба такмили сохтор ва тақвияти иқтидори институтсионалии соҳа” баргузор гардид.   Дар кори мизи мудаввар намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои тобеъ, шарикони рушд ва коршиносони соҳавӣ иштирок намуданд.   Чорабиниро муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода ифтитоҳ намуда, таъкид намуд, ки масъалаи бознигарии функсионалии низоми идоракунии соҳаи маориф барои таъмини рушди устувор ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳа аҳаммияти калидӣ дорад.   Зикр гардид, ки дар шароити ислоҳоти муосири соҳаи маориф, аз ҷумла гузариш ба муносибати босалоҳият ба таълим ва татбиқи Стандарти нави давлатии таҳсилоти умумӣ, зарурати таҷдиди назар намудани функсияҳо, масъулиятҳо ва механизмҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои соҳа ба миён омадааст. Таъкид шуд, ки самаранокии ислоҳоти мазмуну мундариҷаи таҳсилот аз сатҳи ҳамоҳангӣ ва равшании низоми идоракунӣ вобастагии мустақим дорад.   Дар идомаи суханронӣ зикр гардид, ки бознигарии функсионалӣ ҳамчун абзори муҳими идоракунӣ имкон медиҳад такроршавии функсияҳо бартараф гардида, масъулиятҳо дақиқ муайян карда шаванд, робитаҳои байнисохторӣ тақвият ёбанд ва қабули қарорҳо ба воқеӣ ва натиҷаҳои ченшаванда асос ёбад.   Ҳамзамон, таъкид гардид, ки дар маркази ин раванд масъалаи масъулияти институтсионалӣ қарор дошта, муайян намудани дақиқи ваколатҳо ва вазифаҳои ҳар як сохтор, таҳкими функсияҳои калидӣ ва такрорёбии равандҳо аз вазифаҳои муҳим ба ҳисоб меравад.   Сипас, мушовирони байналмилалӣ ҳисоботи ҷамъбастии бознигарии функсионалии низоми маорифро муаррифӣ намуда, натиҷаҳои таҳлил, хулосаҳо ва тавсияҳои асосиро оид ба такмили сохтор ва рушди институтсионалии соҳа пешниҳод карданд.   Дар қисми муҳокима иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои пешниҳодшуда мубодилаи афкор анҷом дода, ҷиҳати таъмини ҳамоҳангии сиёсати давлатӣ, мазмуни таҳсилот, рушди касбии омӯзгорон, низоми арзёбӣ ва мониторинги сифати таҳсилот пешниҳодҳои мушаххас ироа намуданд.   Дар фарҷом муовини якуми вазир натиҷаҳои мизи мудавварро ҷамъбаст намуда, таъкид кард, ки бознигарии функсионалӣ танҳо тағйироти сохторӣ набуда, балки қадами муҳим дар самти ташаккули фарҳанги нави идоракунӣ мебошад, ки ба масъулият, шаффофият, ҳамкорӣ ва натиҷанокӣ асос меёбад.   Қайд гардид, ки натиҷаҳои мизи мудаввар барои такмили минбаъдаи функсияҳо, таҳкими ҳамоҳангии институтсионалӣ ва баланд бардоштани самаранокии низоми маорифи кишвар заминаи мусоид фароҳам меоранд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    31

    03.06.2026