16.05.2026

 img

Дар Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Ҳисор ҷиҳати иҷрои Нақшаи кори Вазорати маориф ва илм барои нимсолаи якуми соли 2026 ҷаласаи назди муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода баргузор гардид.

 

Дар ҷаласа вазъи таълиму тарбия, иҷрои нақша ва барномаҳои таълимӣ дар муассисаҳои томактабӣ ва марказ (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтии кӯдак дар шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, Ҳисор, ноҳияҳои Файзобод ва Рӯдакӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

 

Дар ҷаласа муовини сардори раёсати таҳсилоти томактабӣ, кормандони раёсати таҳсилоти томактабӣ-аъзои гурӯҳи кории санҷишӣ, сардорони раёсатҳои маорифи шаҳрҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Ҳисор ва Файзобод, мушовирони томактабӣ, мудирони муассисаҳои томактабӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти умумии шаҳру ноҳияҳои номбаршуда, ки марказ (гурӯҳ)-ҳои инкишофи барвақтиашон мавриди омӯзиш қарор гирифт, иштирок намуданд.

 

Зимни баррасӣ муовини вазир ба масъалаҳои иҷрои дастуру суаоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои ҷаласаи ҳайати мушовараи вазорат, фармоишҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир кард.

 

Пас аз баррасии натиҷаи омӯзиши вазъи таълиму тарбия қарорҳои дахлдор ба тасвиб расида, ҷиҳати иҷрои саривақтии он масъулин муваззаф карда шуданд.

  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ ВА МАРКАЗ (ГУРӮҲ)-И ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАК img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ ВА МАРКАЗ (ГУРӮҲ)-И ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАК img
  • БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ТОМАКТАБӢ ВА МАРКАЗ (ГУРӮҲ)-И ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАК img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТ ВА КОРМАНДОНИ ВАЗОРАТ ДАР ДАВИ МИЛЛӢ ВА МАРАФОНИ ВЕЛОСИПЕДРОНӢ 17 майи соли 2026 дар саросари ҷумҳурӣ бо иштироки васеи сокинони мамлакат, намояндагони касбу кори гуногун, вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ ба муносибати Рӯзи ҷавонон баргузор гардид.   Дар ин чорабинии оммавии варзишӣ роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон низ фаъолона иштирок намуданд.   Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май доир гардида, ҳадафи он таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушди соҳаи варзиш ва баланд бардоштани оммавияти варзиш миёни аҳолӣ мебошад.

    22

    18.05.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ АКСИЯИ ТОЗАГӢ БАХШИДА БА ИСТИҚБОЛИ 35 - СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДОНИШКАДА ТАҲТИ УНВОНИ “ САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН” Бо иштироки роҳбарият, омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи С. Раҳимов аксияи тозагии дастаҷамъона дар доираи аксияи “Саҳми ман - дар шаҳри ман” барои ободу зебо гардонидани донишкада, ҳифз намудани табиат, тозаю озода нигоҳ доштани ҳудуд, роҳравҳо, саҳн ва атрофи он баргузор гардид.   Дар аксияи тозагӣ аз ҷониби ҳайати коллективи донишкада корҳои ободонӣ, тозакорӣ ва батартибдарории дарахту ниҳолҳои ороишии саҳн ва атрофи биноҳои донишкада анҷом дода шуданд.   Чунин чорабиниҳо баҳри ободониву тозакорӣ ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе аз тарафи омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯён, ҷиҳати ободу зебо ва тозаю озода нигоҳ доштани дохил, саҳн ва атрофи бинои донишкада ба таври доимӣ роҳандозӣ карда мешавад.

    15

    17.05.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ОНЛАЙНИИ СИТОДИ КОРИИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи онлайнии Ситоди кории вазорат таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа намояндагони раёсату шуъбаҳои дахлдори вазорат, муассисаҳои тобеъ, сардорони сарраёсату раёсатҳо, мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва директорони мактабҳои президентии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Муовини вазир зимни ифтитоҳи ҷаласа таъкид намуд, ки таҳкими низоми идоракунии соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, тақвияти масъулияти роҳбарони сохторҳои маҳаллӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда аз вазифаҳои муҳимми соҳа ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон зикр гардид, ки фаъолияти мунтазами шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ бояд ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонида шуда, барои ҳалли масъалаҳои ҷойдошта тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.   Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе А. Бобозода ва мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Д. Раҷабзода оид ба фаъолияти шуъбаҳои маориф дар чор моҳи соли 2026 шунида шуд.   Ҳамчунин, масъалаҳои ҷорӣ ва муҳимми соҳа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, вобаста ба самти таҳсилоти иловагӣ масъалаи омодагии мутасаддиён барои баргузории семинарҳои истироҳатгоҳҳои тобистона матраҳ гардида, ҷиҳати ташкили босифати истироҳату фароғати хонандагон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.   Дар фарҷоми ҷаласа муовини вазири маориф ва илм таваҷҷуҳи роҳбарони сохторҳои соҳа ва масъулинро ба иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани сатҳи назорат, рушди таҳсилоти иловагӣ, такмили ихтисоси кормандон, дастгирии истеъдодҳо ва тақвияти раванди рақамикунонии соҳаи маориф ҷалб намуда, таъкид кард, ки ҳалли саривақтии масъалаҳои баррасишуда барои боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот мусоидат хоҳад кард.

    5

    16.05.2026