05.06.2025

 img

 

5 июни соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи корӣ оид ба муҳокимаи лоиҳаи Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2026–2030 ва нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм ҷиҳати амалисозии он баргузор гардид.

 

Зимни ҷаласа муовини якуми вазир таъкид дошт, ки Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2021, №113 тасдиқ гардидааст, дар марҳилаи татбиқ натиҷаҳои назаррас ба бор оварда, як силсила иқдомҳои муваффақро дар самти дарёфти наврасону ҷавонони болаёқат, ташкили марказҳои рушди истеъдодҳо, гузаронидани озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва иштироки ҷавонони лаёқатманд дар олимпиадаҳои байналмилалӣ амалӣ намуда истодааст ва то охири соли 2025 пурра натиҷагирӣ мегардад.

 

Ҳамзамон зикр гардид, ки бо назардошти таҷрибаи Барномаи амалкунанда, ниёзҳои нави ҷомеа ва талаботи бозори меҳнат, лоиҳаи Барномаи нави солҳои 2026–2030 таҳия гардида, дар он як қатор навгониҳои муҳиму мақсаднок ба назар гирифта шудаанд. Аз ҷумла, мизбонии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз олимпиадаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ яке аз самтҳои афзалиятноки лоиҳаи нав ба ҳисоб меравад, ки ҷиҳати вусъат бахшидани иштироки истеъдодҳои ватанӣ дар чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ, таҳкими мақоми кишвар дар фазои маориф ва илм ва ташвиқи бештари муҳассилин барои муаррифии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.

 

Ҳамзамон, нақшаи чорабиниҳои Вазорати маориф ва илм дар бораи амалисозии барномаи мазкур барои солҳои 2026–2030 пешниҳод гардид, ки татбиқи ҳамаҷонибаи барномаро мусоидат менамояд.

 

Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 img
  • БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 img
  • БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 img
  • БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 img
  • БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 img
  • БАРРАСИИ ЛОИҲАИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО БАРОИ СОЛҲОИ 2026–2030 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 https://president.tj/event/news/51125 8 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Нитсаи Фаронса дар чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 иштирок ва суханронӣ намуданд. Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғоз изҳор доштанд, ки Тоҷикистон дар чорабинии имрӯза ҳамчун яке аз кишварҳои ташаббускори “Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ” иштирок дорад. Дар суханронии худ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи ташвишовари тағйирёбии иқлим, таъсири он ба муҳити зист, обшавии бесобиқаи пиряхҳо, норасоии оби ошомиданӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли ин мушкилот андешаронӣ намуда, як қатор пешниҳодҳо ба миён гузоштанд. Таъкид гардид, ки то 60 фоизи пиряхҳои Осиёи Марказӣ дар кӯҳсори Тоҷикистон воқеъ буда, дар рушди ҳамаи соҳаҳо ва ояндаи устувори минтақа нақши асосӣ мебозанд. Аз раванди ташвишовари обшавии босуръати пиряхҳо ва паёмадҳои харобиовари он ёдовар шуда, Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки оқибатҳои ин раванд ба иқтисодиёт ва экосистемаҳои кишварҳо зарари калон расонида, ба ҳаёти одамон таҳдид менамоянд. Тадбирҳои мушаххаси андешидаи Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва нигоҳ доштани устувории муҳити зистро таъкид намуда, Сарвари давлат иброз доштанд, ки кишвари мо тайи 20 соли охир дар арсаи ҷаҳонӣ рӯзномаи обу иқлимро бо муваффақият пеш мебарад. “Ташаббусҳои мо дар самти обу иқлим аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ тавассути 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҷонибдорӣ ёфта, мавриди татбиқ қарор гирифтаанд”, изҳор доштанд Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки пешниҳоди Тоҷикистону Фаронса оид ба эълони солҳои 2025-2034 ҳамчун “Даҳсолаи амал барои илмҳои криосферӣ” аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфт. Ба андешаи Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар ин хусус аҳаммияти ҳифзи пиряхҳо ва тақвияти илму таҳқиқотҳоро дар соҳаи криосфера ба таври возеҳ тасдиқ кард. Роҳбари давлати мо бо қаноатмандӣ таваҷҷуҳи иштирокдорони ҳамоиши сатҳи баландро ба ташаббуси нави Тоҷикистон оид ба эълон кардани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ҷалб намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар охири моҳи майи соли равон Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қатъномаи марбутаи Маҷмаи Умумии Созмони Милал нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро мизбонӣ кард. Доир ба ҳадафҳои ин чорабинии сатҳи баланд андешаронӣ намуда, Сарвари давлат изҳор доштанд, ки нахустин конфронси байналмилалӣ барои сафарбар кардани иродаи илмӣ ва сиёсӣ ба дарёфти роҳҳои ҳалли устувори ҳифзи сарчашмаи оби тоза, яъне пиряхҳо, заминаи мусоид фароҳам овард. Аснои суханронӣ Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони чорабиниро ба масъалаҳои коҳишёбии бесобиқаи криосфера ҷалб намуданд. Зикр карда шуд, ки раванди коҳишёбии криосфера ба зиндагии босуботи мардуми сайёра таҳдиди ҷиддӣ эҷод карда, метавонад то соли 2050 ба як миллиард нафар аҳолии минтақаҳои наздисоҳилӣ ва ҷазиракишварҳо таъсири назаррас расонад. Дар ин зимн Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки ба инобати аҳаммияти пиряхҳо ва бо мақсади омӯзиши дақиқи таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе Маркази ҳамоҳангсозии минтақавӣ оид ба яхшиносиро таъсис диҳем. Дар фароварди сухан Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷомеаи ҷаҳон даъват намуданд, ки ҳамкорӣ баҳри ҳифзи криосфера ва тақвияти илмҳои криосферӣ дар ҳама сатҳҳо густариш дода шавад. Дар Конфронси сеюми Созмони Милали Муттаҳид оид ба уқёнус, ки чорабинии сатҳи баланди оғози Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 дар доираи он баргузор гардид, роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳо аз 65 кишвари ҷаҳон, Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва роҳбарони як қатор созмонҳои дигари байналмилалию минтақавӣ иштирок мекунанд. Ҳамоиши сатҳи олӣ барои муаррифии Даҳсолаи байналмилалии барои илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ)-ро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари кишвари пешво дар умури обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо ифтитоҳ намуданд. Маросими ифтитоҳ сипас бо суханронии Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле идома ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон ҳусни анҷом ёфт.

    19

    09.06.2025
  •  img
    БОЗДИД АЗ РАФТИ КОРҲОИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо мақсади ошноӣ аз рафти корҳои таъмиру азнавсозӣ аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид намуд.   Тибқи иттилои масъулин, корҳои сохтмонӣ дар ин муассисаи таълимӣ аз моҳи майи соли ҷорӣ оғоз гардида, муҳлати умумии иҷрои он 18 моҳро дар бар мегирад. Айни замон дар иншоот 35 нафар сохтмончӣ ба иҷрои корҳои таъмирӣ машғул мебошанд.   Бо назардошти зарурати идомаи бечунучарои раванди таълим, корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи аввали лоиҳа танҳо дар як блоки бино сурат гирифта истодааст. Мувофиқи нақша, пас аз анҷоми соли таҳсил, корҳои азнавсозӣ ба таври ҳамзамон дар тамоми блокҳои муассиса роҳандозӣ гардида, шумораи кормандони сохтмонӣ низ афзоиш дода мешавад.   Зимни боздид вазири маориф ва илм бо сохтмончиён суҳбати корӣ анҷом дода, ба сифати иҷрои корҳои сохтмонӣ ва риояи талаботи стандартҳои муҳандисиву меъморӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд. Таъкид гардид, ки сохтмон бояд ҷавобгӯ ба меъёрҳои замонавӣ ва мутобиқ ба талаботи муассисаи таълимии муосир ба анҷом расонида шавад.   Сохтмончиён зимни суҳбат изҳор доштанд, ки бо назардошти аҳаммияти муассисаи таълимӣ, ҷиҳати вусъат бахшидан ба раванди корҳои таъмирӣ тамоми кӯшишро ба харҷ дода, ният доранд иншоотро пеш аз муҳлати муқарраршуда, то ҷашни байналмилалии Наврӯз пурра ба истифода диҳанд.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    19

    07.06.2025
  •  img
    СУҲБАТУ ВОХӮРӢ БО ОМӮЗГОРОН ДАР НОҲИЯИ ҲАМАДОНӢ   7 июни соли 2025 вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода аз Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ боздид карда, бо омӯзгорони муассиса суҳбату вохӯрӣ намуд.   Зимни боздид вазир бо омӯзгорон ва роҳбарияти муассиса суҳбат ороста, ба масъалаҳои муҳимми соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Аз ҷумла, иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, риояи талаботи қонунгузорӣ, ҷалби омӯзгорони ихтисосманд, дастгирии омӯзгорони ҷавон, ҷалб накардани омӯзгорон ба обунаи нашрияҳои ғайрисоҳавӣ, манъи ҷамъи маблағ барои таъмиру дигар эҳтиёҷоти муассиса ва дигар корҳо мавриди таъкид қарор гирифтанд.   Ҳамчунин, вазир вобаста ба мутобиқати ҷараёни имтиҳонҳои хатм ва аз синф ба синфгузаронӣ, сатҳи омодагии хонандагон ва иштироки фаъолонаи онҳо дар имтиҳонҳо суҳбат намуд.   Вазир омӯзгоронро ташвиқ намуд, ки дар мавсими таътили тобистона хонандагонро ба китобхонӣ ва такрори донишҳои андӯхта ҷалб намоянд. Тавсия дода шуд, ки дар баробари истироҳат, кӯдакон вақти худро самаранок истифода баранд ва дар озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фурӯғи маърифат» фаъолона ширкат варзанд.   Дар охир вазири маориф ва илм омӯзгоронеро, ки бо шогирдонашон дар озмуни олимпиадаҳо дар сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолонаи намудаанд, қадрдонӣ намуд.   Маркази матбуотиВазорати маориф ва илмиҶумҳурии Тоҷикистон

    25

    07.06.2025