19.11.2025
Дар доираи сафари корӣ ба Давлати Гренада, муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази барномаҳои байналмилалӣ» Тоҷиддини Баҳриддин бо роҳбарияти Донишгоҳи маъруфи тиббии Сан Ҷорҷ (St. George’s University) вобаста ба баррасии масъалаҳои густариши ҳамкориҳои дуҷониба вохӯрӣ намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо имкониятҳои васеи ҳамкориро дар соҳаи таълим ва омодасозии кадрҳои тиббӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, масъалаҳои дастгирии донишҷӯёни тоҷик, аз он ҷумла 9 донишҷӯе, ки айни ҳол дар ин донишгоҳ таҳсил доранд, муҳокима шуданд. Роҳбарияти донишгоҳ омодагии худро барои нигоҳубини ройгони тиббии донишҷӯёни тоҷик, инчунин таҳияи механизми ҳимоя ва дастгирии иловагӣ барои онҳо баён намуд.
Аз масъалаҳои муҳимми мулоқот ин ба роҳ мондани раводиди ройгон барои донишҷӯёни Тоҷикистон мебошад. Ҷонибҳо таъкид карданд, ки сода кардани раванди раводид имконият медиҳад, ки шумораи бештари ҷавонон аз Тоҷикистон дар ин муассисаи бонуфуз таҳсил намоянд.
Ҳамзамон, пешниҳод гардид, ки барои донишҷӯёни тоҷик имконҳои тахфиф дар таҳсил ва барномаҳои дастгирии молиявӣ баррасӣ карда шаванд.
Намояндаи Марказ аз ҷумла пешниҳод кард, ки ҳамкориҳо на танҳо дар сатҳи таҳсили ибтидоии тиббӣ, балки дар ҳамаи зинаҳо - резидентура, ординатураи клиникӣ, internship, clerkship ва барномаҳои таҷрибаомӯзии амалии табибон ба роҳ монда шаванд. Ҷонибҳо барои таҳияи нақшаи мушаххаси ҳамкорӣ дар ин самт ба мувофиқа расиданд.
Маврид ба зикр аст, ки SGU яке аз донишгоҳҳои бонуфузи тиббӣ дар буда, соли 1976 таъсис ёфтааст. Донишгоҳ дорои кампуси замонавӣ буда, дар ҳудуди кампус зиёда аз 65 бинои таълимӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир шудаанд.
SGU дорои инфрасохтори мукаммали хобгоҳҳо барои зиёда аз 1 600 донишҷӯ мебошад.
Дар ҳоли ҳозир дар донишгоҳ зиёда аз 7 000 донишҷӯ аз беш аз 150 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунанд, ки SGU-ро ба яке аз марказҳои бисёрмиллатии омӯзиши тиб табдил додааст.
Барномаҳои тиббии SGU дорои аккредитатсияҳои байналмилалӣ буда, донишҷӯён имкони гузаронидани таҷрибаомӯзии клиникӣ дар марказҳои пешрафтаи тиббии ИМА, Британияи Кабир ва Канада доранд.
Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Донишгоҳи Сан Ҷорҷи Гренада омодагии худро барои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳо изҳор карданд. Мулоқоти баргузоршуда заминаи воқеӣ барои тавсеаи имкониятҳои таҳсилӣ ва таҷрибаомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яке аз донишгоҳҳои пешсафи тиббии ҷаҳон ба ҳисоб меравад.