08.10.2025

 img

8 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илм ҷаласаи корӣ вобаста ба баррасии Барномаи давлатии рушди муассисаҳои вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

 

Ҷаласа бо шунидани ҳисоботи Бахтовар Файзуллозода, сардори Раёсати сохтмони асосии назди Вазорати маориф ва илм, оғоз гардид. Зикр гардид, ки дар марҳилаи аввали барнома, ки солҳои 2022-2024 амалӣ гардид, корҳои зиёди сохтмонӣ ва таъмир анҷом ёфтанд. Дар ин марҳила, барои беҳбудии инфрасохтори таълимӣ корҳои назаррас ба итмом расонида шуда, марҳилаи дуюми барнома барои солҳои 2025-2027 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

 

Дар доираи марҳилаи дуюм бунёду таҷдиди 165 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо иқтидори 53 303 ҷойи нишаст дар вилояти Хатлон пешбинӣ шудааст, ки ин иқдом барои беҳтар намудани сифати таҳсил ва фароҳам овардани шароити муосир дар муассисаҳои таълимӣ нигаронида шудааст.

 

Муовини якуми вазири маориф ва илм дар бораи иҷроиши босамари барнома сухан гуфта, барои идомаи бомароми корҳои сохтмонӣ ва таъмирӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

 

Дар фарҷоми ҷаласа миёни ҳозирин муколамаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои муҳим дар самти рушди муассисаҳои таълимии вилояти Хатлон баррасӣ шуданд.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • БАРРАСИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2027 img
  • БАРРАСИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2027 img
  • БАРРАСИИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БАРОИ СОЛҲОИ 2022-2027 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» ДАР НОҲИЯИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ Дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бо ташаббус ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар сатҳи баланд баргузор гардид.   Озмуни мазкур ҷиҳати иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҷаҳонбинии маънавию фарҳангии ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва дарёфти чеҳраҳои боистеъдод миёни наврасону ҷавонон роҳандозӣ карда шуд.   Дар даври ноҳиявии озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯён, омӯзгорон ва намояндагони касбу кори гуногуни ҳудуди ноҳия фаъолона ширкат варзида, маҳорати суханварӣ, дониши адабӣ ва ҷаҳонбинии худро аз рӯи номинатсияҳои озмун ба намоиш гузоштанд. Ҳайати ҳакамон ба донишу маҳорат, сатҳи омодагӣ ва тарзи баромади иштирокчиён баҳои воқеъбинона дода, беҳтаринҳоро аз рӯи ҳамаи номинатсияҳо муайян намуданд. Ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо Диплом, Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.   Зимни ҷамъбасти озмун масъулин таъкид намуданд, ки баргузории чунин иқдомҳои фарҳангиву маърифатӣ дар рушду ташаккули тафаккури созандаи наврасону ҷавонон, баланд гардидани сатҳи маърифатнокӣ ва таҳкими эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллӣ нақши муҳим дорад.   Ҳамзамон, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳайати ҳакамон, кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва ҳамаи нафароне, ки дар ташкил ва баргузории даври ноҳиявии озмун саҳм гузоштанд, изҳори сипос намуда, ба иштирокчиён дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун комёбиҳои нав таманно карданд.

    20

    28.05.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ СОҲАИ ИЛМУ МАОРИФ ДАР МУЛОҚОТ БО РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ СММ 26 майи соли 2026 дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал: “Об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028” вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Ректори Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид, Тшилидзи Марвала вохӯрӣ анҷом дод.   Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои таҳсилоти олӣ, илм ва инноватсия, истифодаи технологияҳои муосир, аз ҷумла, зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф ва татбиқи технологияҳои “сабз”-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҳамчунин, масъалаи баланд бардоштани маърифати истифодаи оқилонаи об ва ҳифзи захираҳои обӣ дар миёни муҳассилини ҳамаи зинаҳои таҳсилот муҳим арзёбӣ гардид.   Дар рафти мулоқот имкониятҳои таъсиси филиали Донишгоҳи Созмони Милали Муттаҳид (United Nations University) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳандозии барномаҳои муштараки таълимӣ ва таҳқиқотӣ, инчунин омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи иқтисоди рақамӣ муҳокима шуданд.   Қайд гардид, ки густариши робитаҳои илмию амалии олимону муҳаққиқон ва коршиносони тоҷик бо ин ниҳоди бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои рушди таҳқиқоти илмӣ, омодасозии мутахассисони рақобатпазир ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф заминаи мусоид фароҳам оварад.   Ҳамзамон, таъкид шуд, ки истифодаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар раванди таълим, таҳқиқоти илмӣ ва идоракунии соҳа метавонад ба баланд гардидани сифати таҳсилот ва рушди захираҳои инсонӣ мусоидат намояд.

    52

    28.05.2026
  •  img
    БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ НАЗОРАТИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ 26 майи соли ҷорӣ дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии назоратӣ таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин сардорони раёсату мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Дар оғози ҷаласа вазири маориф ва илм аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илму маориф ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар шароити муосир рушди устувори соҳа, баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти раванди тарбияи насли соҳибмаърифат ва омодасозии мутахассисони баландихтисос аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад.   Мутобиқи рӯзномаи ҷаласа нахуст директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо» М.Ғафорзода гузориш дода, натиҷаҳои иштироки хонандагонро дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ таҳлил намуд. Сипас, сардори раёсати ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки вазорат Ҷ. Бобоҷон аз рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар вилояти Суғд маълумот пешниҳод кард.   Дар ҷараёни муҳокимаҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти ҳаракати олимпӣ, баланд бардоштани сатҳи омодагии хонандагони болаёқат, беҳтарсозии шароити фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, инчунин тақвияти ҳамкории сохторҳои дахлдор баррасӣ гардиданд.   Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа вазири маориф ва илм ҷиҳати такмили минбаъдаи фаъолияти соҳа ва баланд бардоштани самаранокии кор ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки барои таҳкими ҳаракати олимпӣ, густариши иштироки хонандагони болаёқат дар олимпиадаҳои фаннӣ, такмили низоми ҳавасмандгардонии ғолибон ва омӯзгорони фаъол, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорону методистони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо, таҳияи таҳлилҳои муфассали оморӣ бо усули рейтингӣ вобаста ба натиҷаҳои олимпиадаҳо, инчунин пурзӯр намудани назорат аз болои иҷрои қонунгузорӣ дар самти таълиму тарбияи кӯдак тадбирҳои муассир андешида шаванд.

    35

    28.05.2026