02.10.2026

 img

Дар толори Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории ғолибони даври сеюм (шаҳрӣ)-и озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.

 

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, сардори Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, омӯзгорону кормандони соҳаи маорифи пойтахт, аъзои ҳайати Комиссия, ҳакамон, ғолибони озмун ва падару модарон иштирок намуданд.

 

Қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои фарҳангпарвару маорифпарвар, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташкил ва баргузор гардида, дар роҳи арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллат ва тарбияи насли донишманду худогоҳ аҳамияти хосса дорад.

 

Натиҷаҳои давраҳои озмун дар пойтахт нишон доданд, ки таваҷҷуҳ ба мутолиа ва омӯзиши «Шоҳнома» миёни хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон, кормандони соҳаҳои гуногун ва аҳли зиё рӯ ба афзоиш дорад.

 

Дар даври якуми озмун дар шаҳри Душанбе 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, аз ин шумора 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд.

 

Дар даври дуюм, ки дар ноҳияҳои пойтахт баргузор гардид, 6 ҳазору 453 нафар иштирок намуда, дар натиҷаи рақобати солим ва арзёбии донишу маҳорати довталабон 155 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд ва дар даври сеюм (шаҳрӣ) 36 нафар ғолибият ба даст оварда, ба даври чорум, яъне ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд.

 

Ҳамзамон, 18 нафар омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт, ки шогирдонашон дар даври сеюми озмун ғолибиятро ба даст оварданд, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҳавасманд гардонида шуданд.

 

Дар охир, барномаи рангини фарҳангӣ-маърифатӣ, аз ҷумла бо иштироки ғолибони даврии шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» пешкаши ҳозирин гардонида шуд.

  • БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ДАР ПОЙТАХТ img
  • БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ДАР ПОЙТАХТ img
  • БАРГУЗОРИИ МАРОСИМИ ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ШОҲНОМАХОНӢ” ДАР ПОЙТАХТ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шумо ва ҳамзабонони бурунмарзиамонро ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ, ки ганҷинаи бебаҳои таъриху тамаддун, яке аз рукнҳои муҳимми давлатдории миллӣ ва бақову пойдории миллату давлат мебошад, самимона табрик мегӯям.   Забони ширину гӯшнавози тоҷикии форсӣ дар тӯли таърихи чандинҳазорсолаи миллати тоҷик ҳамчун унсури асосии муттаҳидсоз ва ойинаи фарҳангу тамаддуни бостонии мо хизмат кардааст ва имрӯз низ ин рисолати муқаддасро бо тавонмандии бештар иҷро карда истодааст.   Он ҳамчун арзишмандтарин ёдгори аҷдоди ориёии мо дар паҳнои таърихи пур аз шебу фароз, вале пурифтихори худ тавассути андешаву қалами фарзандони фарзонаи миллат ҳама гуна монеаҳоро убур карда, роҳи рушди худро идома бахшидааст.   Забони тоҷикӣ, ки инъикосгару муаррифгари андешаву афкори миллӣ ва арзишу дастовардҳои мо мебошад, гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯзи босаодат ва фардои дурахшони миллату давлат пайванди ҷовидонӣ мебахшад.   Ҳамчунин, забони модарии мо ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз руҳи шикастнопазири ниёгону имрӯзиён, нигоштаҳои оламшумули бузургони илму адаб, фарҳангу маънавиёти миллат ва талошҳои созандаву бунёдгаронаи мардуми куҳанбунёди моро дар пайкари хеш таҷассум намудааст.   Дар раванди ҷаҳонишавии арзишҳои фарҳангӣ мо бояд хотираи неки абармардони илму адаби гузаштаамонро, ки дар рушду такомули забони тоҷикии форсӣ ва густаришу пойдории он саҳми бузурги таърихӣ гузоштаанд, пайваста зинда нигоҳ дорем, барои омӯзишу таҳқиқ ва муаррифии шоистаи осори гаронбаҳои онҳо ба аҳли башар кӯшишу талоши бештар намоем.   Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки имрӯзҳо садо додани забони нобу шевои тоҷикӣ аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ гувоҳи ҳастии миллати тоҷик ва пешрафту ободии давлати соҳибихтиёри тоҷикон мебошад.   Дар 35 соли соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ бо пуштибониву ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат марҳалаи муҳимми рушдро тай намуда, ҳоло ба василаи асосии иттиҳоду сарҷамъии мардуми мо ва омили муҳимтарини тавсеаву таҳкими худшиносиву худогоҳии ҷомеа табдил ёфтааст.   Ман ҳанӯз соли 2002 дар мулоқот бо намояндагони зиёиёни мамлакат иброз дошта будам, ки ғамхориву пуштибонӣ аз забони давлатӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди минбаъдаи он ва вусъат бахшидан ба фазои амали ин забони ширину шоирона дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа асоси сиёсати давлатии мо боқӣ мемонад.   Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 – 2030», таъсиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Тоҷикистон, Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти мамлакат, ба истифода додани китобхонаҳо ва шабакаҳои гуногуни телевизиону радио, роҳандозӣ намудани озмунҳои мухталифи ҷумҳуриявӣ, нашри фарҳангҳои тафсирию соҳавӣ, чоп ва ба ҳар як оила дастрас намудани «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ ва «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров, инчунин, дар 50 ҷилд гирдоварӣ кардану таҳти номи «Ахтарони адаб» ба нашри оммавӣ расонидани осори гаронбаҳои гузаштагону муосиронамон аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки иқтидори илмиву истеъмолии забонро таҳким мебахшанд ва мақоми онро дар ҷомеа боз ҳам устувор менамоянд.   Ҳамватанони азиз!   Мо дар замоне умр ба сар мебарем, ки илму техника ва технологияҳо, ихтирооту кашфиёт ва зеҳни сунъӣ суръати бесобиқа касб намудаанд.   Ҳама гуна дастоварду кашфиёт ва ихтирооти илмиву техникӣ, пеш аз ҳама, тавассути забон ифода гардида, бо калимаву истилоҳоти махсуси соҳавӣ муаррифӣ мегарданд.   Дар шароити шиддат гирифтани таъсиргузориҳои забонӣ мутахассисони соҳаро зарур аст, ки низоми истилоҳсозии забонро аз ҳисоби имкониятҳои маъноиву луғавии он боз ҳам ғанӣ гардонанд ва дар заминаи захираи луғавии аслии тоҷикӣ истилоҳоти дурусту фаҳмо ва мувофиқ ба мазмуну муҳтавои соҳаҳои гуногунро барои истифода пешниҳод намоянд.   Истифодаи меъёрҳои забони адабии тоҷикӣ дар шабакаи ҷаҳонии интернет низ аз олимону мутахассисони соҳа талаб мекунад, ки навигариҳои илмиву соҳавиро, бо дарназардошти арзишҳои милливу фарҳангии мардуми тоҷик, ба хотираи он ворид намоянд.   Хотирнишон менамоям, ки забони гуфториву навиштории тоҷикӣ имрӯз ҳамчун падидаи муҳимми шуури миллӣ яке аз омилҳои таҳкимбахши худогоҳиву худшиносии насли наврас ва ҷавонон ба шумор меравад.   Бинобар ин, мо бояд мақоми иҷтимоӣ, зарурати дар сатҳи аъло донистани забон ва эҳтирому бузургдошти забони модариамонро дар миёни кӯдакон ва наврасону ҷавонон ҳанӯз аз зинаҳои аввали таълиму тарбия ҳарчи бештар тарғиб намоем.   Насли наврас ва ҷавонони мо бояд огоҳ бошанд, ки бе донистани забони адабии тоҷикӣ ва риояи қоидаҳои маъноиву дастурии он омӯхтан ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ бисёр мушкил ва ҳатто номумкин аст.   Фарзандони мо бояд дарк намоянд, ки забон на танҳо василаи ибрози андеша, балки падидаи нодири иҷтимоиест, ки дар он таъриху тамаддуни пурифтихор, фарҳангу маънавиёти гаронбаҳои мардумӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву ватандӯстӣ нуҳуфтааст.   Вазифаи ҷонии мо – соҳибони аслии забон аст, ки бо ҳисси баланди ифтихори миллӣ аз он пуштибонӣ кунем, истифодаи дурусту меъёрии онро дар ҳама зинаҳои фаъолият таъмин созем ва забони зебову шевои тоҷикии форсиро дар сатҳи ҷаҳонӣ ба таври арзанда муаррифӣ намоем.   Итминон дорам, ки ҳар нафаре, ки бо ин забони ширину шоирона сухан мегӯяд ва андеша меронад, дар оянда низ ба хотири ҳифзу гиромидошт, поку беолоиш нигоҳ доштан ва тавсеаи фазои истеъмолии он саъйу талош хоҳад кард.   Бори дигар Рӯзи забони давлатиро ба мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамзабонони бурунмарзиамон табрик гуфта, ба ҳар як хонадони мамлакат рӯзгори ободу осуда ва ба забони нобу ширини тоҷикии форсӣ умри ҷовидон орзу менамоям.   Рӯзи забони давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

    0

    05.10.2026
  •  img
    Зиёрати оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб нахуст бо нишони эҳтиром ва арҷгузорӣ ба гузаштагон, оромгоҳи олими тавоно ва мутаффакири барҷаста Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳу оромии Ватан, осоиштагии аҳли башар, саодату зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол дуо ва фотеҳаи нек намуданд.   Оромгоҳи шахсияти хирадманди миллати тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ёдгории таърихӣ-бостонӣ аз асрҳои 14 ва 15-и мелодист, ки дар маркази шаҳри Кӯлоб ҷой гирифтааст.   Бинои ин ёдгории таърихӣ аз санъати миллии меъморӣ, ҳунари зебоиофарии устоҳои чирадасти маҳаллӣ, ки таҷассумгари санъати баланди миллии тоҷикианд, шаҳодат медиҳад.   Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ин макони муқаддас бо дастгириҳои Сарвари давлат дар солҳои 1995, 2006 ва 2015 таҷдиду навсозӣ гардид. Ҳамарӯза меҳмонон ва сайёҳони хориҷӣ аз ин ёдгории таърихию фарҳангӣ дидан менамоянд.   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннатҳои миллӣ ба масъулин дастуру супоришҳои судманд доданд.

    1

    04.10.2026
  •  img
    Истиқбол дар Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлоб 4 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз сафари корӣ ба ноҳияҳои Фархор ва Восеъ, бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногун, шиносоӣ бо ваъи зиндагии мардум, гузоштани санги асос ба сохтмони иншооти оянда ва иштирок дар тантанаҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ташриф оварданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси вилояти Хатлон ва масъулону намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ бо эҳтиром ва самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.   Ба истиқболи шоистаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даромадгоҳи шаҳр фаъолону ҷавонон бо шукуҳ ва ҷалоли хоса барномаи рангини ҳунарӣ пешниҳод намуданд.   Истиқболи гарму самимӣ ва шодию нишоти намояндагони сершумори аҳолии ҷомеа дар фазои сафобахши Ватан шаҳодати ифтихор ва шукргузории мардуми Тоҷикистон аз сиёсати муваффақонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, суруду таронаҳои дилангез ҳамбастагиву ҳамдилӣ, иттиҳоду дӯстии мардуми кишвар ва комёбиву дастовардҳои беназири даврони соҳибистиқлолиро тараннум намуданд. 

    0

    04.10.2026