04.05.2026

 img

Рӯзҳои 1–2 майи соли ҷорӣ дар Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат» дар шаҳри Ҳисор даври чорум (ҷумҳуриявӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ барои хонандагони синфҳои 7–8 аз фанҳои ҷамъиятӣ-гуманитарӣ ва табиӣ-риёзӣ баргузор гардид.
Ҳадаф аз баргузории олимпиадаҳои фаннӣ дарёфт ва дастгирии хонандагони лаёқатманд, рушди қобилияти зеҳнӣ, тақвияти шавқу рағбат ба омӯзиши фанҳо ва омодасозии онҳо барои иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.

  • БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7–8 img
  • БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7–8 img
  • БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЛИМПИАДАҲОИ ФАННӢ БАРОИ ХОНАНДАГОНИ СИНФҲОИ 7–8 img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Рамзи “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” тасдиқ гардид Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»-ро тасдиқ намуданд.   Рамз дар шакли мудаввар таҳия шуда,  давродаври он ба забони тоҷикӣ «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ»  2026 навишта шудааст.   Дар ин рамз офтоб, кӯҳҳою қуллаҳои барфпӯш ва домани сабзи замин баёнгари кишвари кӯҳистону офтобӣ ва табиати биҳиштосои Тоҷикистон, инъикоси ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо, биноҳои зебову нақбу роҳҳо нишона аз созандагиву ободонӣ ва сарбанду хатҳои барқӣ ибрози нурофарӣ аст.   Бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Парчам ва манораи боҳашамати Истиқлол рамзи пойдории миллату давлат ва китоби кушода нишонаи донишу маърифат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ мебошанд.   Вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва воситаҳои ахбори омма метавонанд аз рамзи тасдиқшуда васеъ истифода намоянд.

    8

    04.05.2026
  •  img
    СЕМИНАР – МАШВАРАТ: АМАЛИШАВИИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ АРЗЁБИИ СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2044 Дар толори раёсати Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» дар доираи амалишавии «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» семинар-машварат баргузор гардид.   Семинар бо иштироки сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Айниддин Холиқзода, сармутахассиси раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Қутбиддин Фатҳуллозода, мутахассиси пешбари раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Муҳсиддин Саидшозода, муовинони ректор оид ба корҳои таълим, сардорони раёсати таълим, мудирони шуъба ва бахшҳои идоракунии сифати таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд доир шуд.   Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» Набизода Мирзотоҳир Сайфиддин меҳмононро ба ин боргоҳи илму дониш хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, ба такмили низоми маориф бо мақсади таъмини сифати таҳсилот тавассути ба роҳ мондани низоми арзёбӣ равона шудааст.   Сипас, сардори шуъбаи сифати таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Айниддин дар мавзуи «Амалишавии «Стратегияи миллии арзёбии сифати таҳсилот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2044» дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилояти Суғд» ба сухан баромада, ҳадафи асосии семинар-машваратро мутобиқсозии низоми арзёбии миллӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ, беҳтар гардонидани сифати таҳсилот ва ба танзим даровардани низоми арзёбӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ унвон намуд.   Гуфта шуд, ки сифати таҳсилот бо назардошти таъмини шароити мусоид барои таълиму тарбия, иқтидори кадрӣ, адабиёту воситаҳои таълимӣ, маводи методию айёнӣ, азхудкунии барномаҳои таълимиву тарбиявии мутобиқ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот ва салоҳияти касбии омӯзгорон арзёбӣ мегардад. Амалишавии ҳадафҳои Стратегия дар раванди арзёбии сифати таҳсилот ислоҳоти воқеиро ворид намуда, барои такмили стандарт, нақшаву барномаҳои таълимӣ, мазмуни китобҳои дарсӣ ва курсҳои баландбардории маҳорати касбии омӯзгорон мусоидат мекунад.   Дар охир, иштирокчиён байни ҳам таболуди андеша карда, баргузории семинар-машваратро барои ҳалли мушкилоти арзёбии сифати таҳсилот ва беҳтар намудани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ муҳим шумориданд.

    7

    04.05.2026
  •  img
    БАРРАСИИ ДАСТУРУ СУПОРИШҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ВОХӮРӢ БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН 2 майи соли 2026 дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрии судманду муҳимми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия, бо фаъолони ноҳия баргузор гардид.   Вохӯрии мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ҷаласаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 29 апрели соли 2026 баён гардиданд, доир шуда, ҳадафи он татбиқи босифати сиёсати давлатӣ дар маҳал ва омодагии ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.   Дар оғози вохӯрӣ зикр гардид, ки дар ҷаласаи Ҳукумати мамлакат таҳти раёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2026 мавриди таҳлили ҳамаҷониба қарор гирифта, барои ҳамаи сохторҳо вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд. Таъкид шуд, ки сарфи назар аз таъсири омилҳои берунӣ, рушди иқтисоди миллӣ дар сатҳи 8 фоиз таъмин гардида, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ ба 108,3 фоиз баробар шудааст. Ин нишондиҳандаҳо аз устувории иқтисоди миллӣ ва самаранокии тадбирҳои андешидашуда шаҳодат медиҳанд.   Ҳамзамон, Роҳбари давлат таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои муҳим, аз ҷумла коҳиш додани бақияпулиҳои андоз, суръат бахшидан ба татбиқи лоиҳаҳои инфрасохторӣ, ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ ҷалб намуда, барои бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда дастуру супоришҳои қатъӣ доданд.   Зимни вохӯрӣ таъкид гардид, ки масъалаи рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ боқӣ монда, дар ин замина зарурати афзоиши фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ, татбиқи босифати барномаи рушди фанҳои дақиқ ва таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муосир хеле муҳим арзёбӣ мегардад.   Дар идомаи суханронӣ омодагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ҳамчун вазифаи калидӣ арзёбӣ гардида, зикр шуд, ки иҷрои нақшаи корҳои ободониву бунёдкорӣ дар сатҳи кишвар ба 106,7 фоиз расонида шудааст. Бо вуҷуди ин, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо иҷрои нақша ҳанӯз қонеъкунанда набуда, тақозо мегардад, ки корҳои созандагӣ боз ҳам тақвият дода шаванд.   Ба масъулини ноҳияи Кӯшониён супориш дода шуд, ки то 15 май барномаи мукаммали омодагӣ ба ҷашни мазкурро таҳия ва тасдиқ намуда, барои дар сатҳи баланд баргузор намудани он тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.   Ҳамчунин, дар вохӯрӣ масъалаи рушди соҳаи кишоварзӣ, ки барои ноҳияи Кӯшониён аҳамияти калидӣ дорад, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки ноҳия ҳамчун яке аз калонтарин минтақаҳои кишоварзӣ бояд бо истифодаи самараноки замин, афзоиши майдони кишти зироатҳо ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми назаррас гузорад.   Дар баробари ин, масъалаи рақамикунонӣ ва густариши пардохтҳои ғайринақдӣ низ матраҳ гардида, зикр шуд, ки нишондиҳандаҳои мавҷуда қонеъкунанда бошанд ҳам, талаботи замон тақозо мекунад, ки гузариш ба низоми пурраи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таъмин карда шавад. Дар қисмати марбут ба соҳаи маориф иттилоъ дода шуд, ки дар ноҳияи Кӯшониён 60 муассисаи таълимӣ фаъолият дошта, дар онҳо зиёда аз 64,9 ҳазор хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Ин нишондиҳанда масъулияти кормандони соҳа ва мақомоти маҳаллиро дар самти баланд бардоштани сифати таълиму тарбия боз ҳам бештар мегардонад.   Дар анҷоми вохӯрӣ вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки татбиқи саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва омодагии шоиста ба истиқболи ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як роҳбар ва сокини кишвар ба шумор меравад.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    16

    02.05.2026