29.09.2026
29 сентябри соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода муовинони вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат, мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм ҷаласаро оғоз намуда, иброз дошт, ки кормандони соҳаи маориф бо роҳнамоӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори соҳа, тарбияи насли донишманду соҳибмаърифат, ватандӯсту худшинос ва омода намудани кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир аз тамоми имконияту захираҳои мавҷуда самаранок истифода намуда, дар татбиқи ҳадафҳои стратегии давлат саҳми арзандаи худро гузоранд. Сипас, ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа як қатор масъалаҳои муҳимми соҳа мавриди таҳлилу баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҳисоботи сардори раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон А. Мирзоқанд “Оид ба вазъи фарогирӣ ба таълиму тарбияи томактабӣ, таъсиси марказҳои рушди барвақтии кӯдак ва иҷрои барномаҳои давлатии марбут ба самти томактабӣ” ба таври маҷозӣ шунида шуд.
Дар рафти баррасии масъала натиҷаҳои фаъолияти соҳаи маорифи вилоят дар ин самт, дастовардҳо, мушкилоти ҷойдошта ва вазифаҳои минбаъда мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Муовини якуми вазири маориф ва илм вобаста ба масъалаи мазкур таъкид намуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи фарогирии кӯдакон ба таълиму тарбияи томактабӣ, рушди марказҳои рушди барвақтии кӯдак ва иҷрои босифати барномаҳои давлатии марбут ба самти томактабӣ, роҳбарияти раёсати маорифи вилоятро зарур аст, ки ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, зиёд намудани фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, беҳтар намудани шароити муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои рушди барвақтии кӯдак тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, вобаста ба рафти иҷрои қарорҳои мушовара ва ҷаласаҳои назоратии назди вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 Ҷ. Амиров, котиби ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илм ва оид ба баррасии китобҳои дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ У. Ҳасанзода, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ баромад намуда, иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулгардида, рафъи камбудиҳои ҷойдошта ва таҳкими назорати иҷрои онҳо ва раванди таҳия, баррасӣ ва таъмини муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимию методиро мавриди баррасӣ қарор дод.
Дар ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои беҳтар намудани фаъолияти соҳаи маориф ва ҳалли масъалаҳои ҷойдошта ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Раиси ҷаласа зимни ҷамъбасти ҷаласа таъкид намуд, ки аҳли маорифи кишвар вазифадоранд фаъолияти худро ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, тақвияти корҳои тарбиявӣ, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои соҳибтахассус, таҳкими заминаи моддию техникӣ ва татбиқи самараноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф боз ҳам тақвият бахшанд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон