01.11.2025

 img

Дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд маросими имзои ёддошти тафоҳум байни Донишкада ва Донишгоҳи лифти Корея баргузор гардид.

 

Санади мазкур ба рушди муносибатҳои таълимӣ, илмӣ ва фарҳангӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея равона гардида, заминаи устувор барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак фароҳам меорад. Мақсади асосии он рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҷалби донишҷӯёни нав, амалигардонии барномаҳои табодули донишҷӯён, таъсиси курсҳои забони кореягӣ, ҳамчунин таъсиси Маркази таълимии лифтсозӣ дар Тоҷикистон мебошад.

 

Пас аз маросими имзо, намояндагони Донишгоҳи лифти Корея бо донишҷӯёни Донишкадаи политехникии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд мулоқот доир намуда, дар бораи донишгоҳи худ, раванди таҳсил, барномаҳои таълимӣ, имкониятҳои таҳсил ва дурнамои шуғли хатмкунандагон маълумот пешниҳод карданд.

  • БАЙНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ВА ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД img
  • БАЙНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ВА ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД img
  • БАЙНИ ДОНИШКАДАИ ПОЛИТЕХНИКӢ ВА ДОНИШГОҲИ ЛИФТИ КОРЕЯ ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ БА ИМЗО РАСИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАҶЛИЛИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР МАРКАЗИ ТАҲИЯ, НАШР ВА МУОМИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ, ИЛМИЮ МЕТОДӢ 3-уми ноябри соли 2025 дар Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ бо иштироки директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ Умед Ҳасанзода, чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия баргузор гардид.   Директори Марказ ҳозиринро самимона табрик намуда, иброз намуд, ки Конститутсияи кишвари мо аз рӯзи қабули худ то имрӯз ҳамчун такягоҳи устувори давлатдорӣ, адолати иҷтимоӣ ва ҳамбастагии миллӣ хизмат мекунад. Он нахустин санаде буд, ки озодии инсон, ҳуқуқи шаҳрванд, ваҳдати миллат ва соҳибихтиёрии давлатро дар як чаҳорчӯба ба ҳам овард. Маҳз дар заминаи Конститутсия мо тавонистем таҷрибаи давлатдории миллиро таҳким бахшем, сатҳи маърифат ва худшиносии ҳуқуқии ҷомеаро боло барем ва роҳ ба сӯйи рушди устуворро боз кунем.   Сипас, кормандони Марказ бахшида ба ин ҷашни бошукӯҳ маъруза намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Конститутсия шодбош намуданд.   Дар фарҷом аз тарафи директори Марказ ба якчанд корманди Марказ "Сипоснома" тақдим гардид.   МАРКАЗИ ТАҲИЯ, НАШР ВА МУОМИЛОТИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ, ИЛМИЮ МЕТОДӢ

    4

    03.11.2025
  •  img
    «Омӯзгорон ояндаро месозанд» Имрӯз дар шаҳри Аддис-Абебаи Ҷумҳурии Демократии Федеративии Эфиопия, таҳти сарпарастии Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Африқо (UNECA), конфронси байналмилалӣ оид ба мубодилаи донишҳо зери унвони «Омӯзгорон ояндаро месозанд» оғоз гардид.   Ҳадафи асосии ҳамоиш баррасии роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти норасоии омӯзгорони соҳибихтисос дар саросари ҷаҳон ва тақвияти иқтидори кадрӣ дар низомҳои миллии таълим мебошад.   Дар кори конфронс аз Ҷумҳурии Тоҷикистон сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм Маҷидзода Ҷамшед ва ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Мирзозода Наврӯз иштирок доранд.

    19

    03.11.2025
  •  img
    Сафари корӣ ба Давлати Қатар 3 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар Саммити дуюми ҷаҳонӣ оид ба рушди иҷтимоӣ ба Давлати Қатар сафар карданд.   Сипас, аз Давлати Қатар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Доналд Трамп барои иштирок дар Вохӯрии сарони давлатҳои қолаби «Осиёи Марказӣ – Иёлоти Муттаҳидаи Амрико» ба шаҳри Вашингтон сафар хоҳанд кард.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.

    16

    03.11.2025