26.06.2025

 img

26 июн аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди як неругоҳи офтобӣ дар ноҳияи Шуғнон, муассисаи таълимӣ дар ноҳияи Роштқалъа санги асос гузошта шуда, 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.

 

Инчунин, дар ҳамин рӯз лоиҳаи Неругоҳи офтобии Рож, ки дар Ҷамоати деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнон сохта мешавад, муарифӣ гардид. Иншооти энергетикӣ бо иқтидори 3 мегаватт бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта мешавад.

 

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулини дахлдори соҳа ва коргарону мутахассисонро барои истифодаи пурраи имкониятҳои табиӣ, иҷрои саривақтии нақшаҳои пешбинишуда ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии соҳаи энергетика вазифадор намуданд.

 

Ҳамчунин, дар ҳамин рӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18 оғоз бахшиданд. Муассисаи таълимӣ барои фарзандони сокинони деҳаҳои Даштак ва Ҷангали ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад. Иншооти соҳаи маориф аз ду ошёна иборат буда, барои 240 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.

 

Бо иштироки Роҳбари давлат 3 кӯдакистон дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим ба таври фосилавӣ ба истифода дода шуд.

 

Муассисаи томактабии №2 дар деҳаи Бодом ва Муассисаи томактабии №3 дар деҳаи Риҷезд мавриди истифода қарор гирифт. Ҳарду муассисаи таълимии томактабӣ дар ноҳияи Роштқалъа барои 60 таълимгиранда пешбинӣ шудааст.

 

Инчунин дар деҳаи Даршайи деҳоти Вахони ноҳияи Ишкошим муассисаи томактабӣ барои 35 кудак ба истифода дода шуд. Имкон пайдо шуд, ки наврасони ин деҳаи дурдаст дар шароити ҷавобгу ба талабот ба таълими томактабӣ фаро гирифта шаванд.

 

Ҳамчунин, иттилоъ дода шуд, ки ҳоло сохтмони бинои дуошёнаи кӯдакистон барои 150 нафар дар деҳоти Вранги ноҳияи Ишкошим идома дорад.

 

Роҳбари давлат фарогирӣ бо таълими томактабиро заминаи асосӣ барои ташаккули донишҳои наврасон ва оянда ба камол расидани ҷавонони донишманду хештаншинос муҳим арзёбӣ намуданд.

  • Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ img
  • Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ img
  • Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ img
  • Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ img
  • Ба истифода додани 3 муассисаи таҳсилоти томактабӣ дар ноҳияҳои Роштқалъа ва Ишкошим, оғози сохтмони неругоҳи офтобӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Таътили тобистона самаранок мегузарад, агар... Ҳамасола ташкил ва ба роҳ мондани истироҳату солимгардонии кӯдакону наврасон ба яке аз масъалаҳои муҳимми рӯз табдил меёбад. Соли ҷорӣ бо мақсади дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор намудани мавсими истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 28 феврали соли 2025, №97) «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2025» ба тасвиб расонида шуд, ки дар заминаи он корҳои зиёде анҷом пазируфт.   Тибқи маълумоти сарраёсат, раёсат ва шуъбаҳои маориф, соли ҷорӣ 3738 адад истироҳатгоҳ, аз ҷумла, 28 истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 1637 истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 527 истироҳатгоҳи варзишӣ-беҳдоштӣ, 392 истироҳатгоҳи меҳнатӣ-истироҳатӣ, 759 истироҳатгоҳи фароғатӣ-таълимӣ, 16 истироҳатгоҳи наздиинтернатӣ ва 377 истироҳатгоҳи солимгардонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар онҳо 303198 нафар кӯдаку наврас ба истироҳату солимгардонӣ фаро гирифта мешаванд, ки аз ин 15457 нафар дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрӣ, 113167 нафар дар истироҳатгоҳи наздимактабӣ, 20110 дар истироҳатгоҳи варзишӣ-беҳдоштӣ, 14310 нафар дар истироҳатгоҳи меҳнатӣ-истироҳатӣ, 100990 нафар дар истироҳатгоҳи фароғатӣ-таълимӣ, 6516 нафар дар истироҳатгоҳҳои наздиинтернатӣ, 32648 нафар дар истироҳатгоҳҳои солимгардонӣ нақшабандӣ шудааст. Аз шумори истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ, ки дар назар аст, соли ҷорӣ фаъолият намоянд, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 5 истироҳатгоҳ, вилояти Суғд 10 истироҳатгоҳ, вилояти Хатлон 4 истироҳатгоҳ, шаҳри Душанбе 2 истироҳатгоҳ ва шаҳру ноҳияҳои тобеъ 7 истироҳатгоҳ рост меояд.   Бояд қайд кард, ки басти якум дар мавсими истироҳати тобистонаи кӯ­дакон ва наврасон дар соли ҷорӣ аз 12 июн оғоз гардида, 12 рӯз давом мекунад. Тибқи маълумот, соли ҷорӣ фаъ­олияти истироҳатгоҳҳои тобистона 1-4 баст ба роҳ монда мешавад.   Бо мақсади хотирмон гузаронидани истироҳати тобистонаи кӯдакону наврасон соли ҷорӣ аз тарафи Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ озмуну мусобиқаҳо, чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ-фароғатӣ, маҳфилҳои омӯзишии забонҳои хориҷӣ, компютер, фанҳои дақиқ, ки бештар ба фароғати умумӣ, омӯзиш ва бозиҳо алоқаманд аст, ташкил мегардад. Зеро таҷриба ва хотираҳое, ки кӯдакон аз истироҳатгоҳҳо ба даст меоранд, дар ташаккули иҷтимоӣ ва равонии онҳо нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ, интихоби дурусти истироҳатгоҳ аз ҷониби волидайн метавонад ба рушди ҳамаҷонибаи фарзандон замина гузорад.   Чунонки мутахассисони соҳаи равоншиносӣ ва педагогика таъкид мекунанд, иштирок дар барномаҳои истироҳатгоҳҳо ба рушди иҷтимоӣ, равонӣ ва ҷисмонии кӯдакон мусоидат мекунад. Дар ин муддат кӯдакон на танҳо неруи ҷисмонӣ барқарор мекунанд, балки руҳия ва афкори худро низ такмил мебахшанд.   Дарвоқеъ, таътили тобистона ба рушди ҳамаҷонибаи кӯдакону наврасон таъсири мусбат мерасонад, агар он самаранок истифода шавад. Барои ҳамин, зарур аст, ки барои самаранок роҳандозӣ гаштани таътили тобистона корҳои мусоид анҷом дода шаванд.   Мавсими тобистон барои кӯдакон ва наврасон на танҳо замони оромиш аз таълиму мактаб, балки як фурсат барои рушди шахсият, истироҳати солим ва таҳкими муносибат бо табиат аст. Ба анҷом расидани соли хониш ва баста шудани дарҳои мак­таб имкониятҳои зиёде барои фаъолиятҳои фароғатӣ, омӯзишӣ ва иҷтимоӣ фароҳам мешаванд, ки метавонанд дар ташаккули шахсияти кӯдаку наврас нақши муҳим бозанд. Инчунин, тобистон фасли муносиб барои омӯзиши табиат аст. Кӯдакон ва наврасон метавонанд бо наботот, ҳайвонот ва муҳити атроф шинос шаванд, ки ин дар онҳо ҳисси эҳтиром ба табиат ва масъулияти экологиро ташаккул медиҳад.   Хулосаҳои олимон ва мутахассисони соҳаи педагогика нишон медиҳад, ки истироҳати тобистона як ҷузъи муҳимми тарбияи ҳамаҷонибаи насли наврас маҳсуб мешавад. Фридрих Фребел, яке аз шахсиятҳои барҷастаи педагогикаи асри XIX таъкид кардааст: «Бозӣ дар муҳити озод на танҳо воситаи фароғат, балки роҳи асосии омӯзиш ва рушди зеҳнии кӯдак аст». Аз нигоҳи Фребел, фасли тобистон вақти муносиб барои омӯзишҳои ғайрирасмӣ, тавассути бозӣ, табиат ва озодӣ мебошад, ки кӯдаконро ба ҷаҳони воқеӣ омода мекунад.   Истироҳати тобистона дар самти солимии равонӣ ва ҷисмонӣ ба кӯдакон нақши муҳим мебозад. Кӯдакон баъд аз як соли пурмашаққати таҳсил ба истироҳати пурра ниёз доранд. Дар давоми тобистон онҳо метавонанд аз муҳити синф озод шуда, тавассути бозиҳо, машғулиятҳои варзишӣ ва сафарҳои беруна неруи тоза гиранд. Дар ин давра бозӣ, хоб ва фаъолиятҳои фароғатӣ кумак мекунанд, то кӯдак аз стресс ва мушкилиҳое, ки дар давраи таҳсил гирифтааст, озод шавад. Инчунин, иштироки фаъол дар варзишҳо ва бозиҳои беруна солимии ҷисмонӣ ва равониро тақвият мебахшад. Равоншиносон бар он назаранд, ки чунин давраҳои истироҳатӣ барои солим нигоҳ доштани руҳияи кӯдак ва тарбияи муносибатҳои солим бо муҳит бисёр заруранд.   Нақши волидон дар ташкили истироҳати босамар. Волидон нақши асосӣ дар ташкили истироҳати босамари кӯдакон ва наврасон мебозанд. Волидон пас аз анҷоми соли хониш барои фарзандон бояд нақшаи таътили тобистонаро дошта бошанд. Метавонанд ба фарзандоне, ки дар давраи таҳсил дар мактаб аз фанҳои таълими мушкилӣ доштанд, ба дарсҳои иловагӣ монад, то ин ки барномаи таълимӣ вобаста ба синну соли худро пурраттар азхуд намуда, донишҳои иловагӣ гирад, ё ин ки ба омӯзиши ягон касб машғул шавад. Барои касбомӯзӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳо 84 маркази таҳсилоти иловагӣ фаъолият мена­мояд, ки дар марказҳо курсҳои тарроҳӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ, адрасу атласбофӣ, чакандузӣ, рассомӣ ва монанди инҳо амал мекунанд. Бояд гуфт, ки ба маҳфилҳо рафтани наврасон шавқу ҳаваси таълимгирандагонро ба омӯзиши ин ё он касб зиёд гардонида, ба онҳо дар интихоби касб кумак мекунад.   Истифодаи технологияҳои муосир. Масъалаи дигар, истифодаи технологияи муосир маҳсуб меёбад. Дар асри технологияи муосир кӯдакон ва наврасон вақти зиёдеро бо телефон, планшет ва компютер мегузаронанд. Агар ин вақт дуруст танзим нашавад, метавонад ба саломатии кӯдакону наврасон таъсири манфӣ дошта бошад. Волидон бояд истифодаи технологияро ба самти омӯзиш ва мақсаднок равона кунанд, масалан, бо интихоби вақти муайян ва барномаҳои таълимӣ, китобҳои электронӣ ва филмҳои маърифатӣ.   Ташкили дурусти истироҳат бе иштироки фаъолонаи волидайн ғайриимкон аст. Волидон бояд барои фарзандонашон нақшаи равшани тобистона тартиб диҳанд: сафарҳои оилавӣ, хониши китоб, омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, иштирок дар озмуну чорабиниҳо ва ҳатто кумак дар корҳои хона. Ҳар яке аз ин фаъолият метавонад ба ташаккули масъулият, ахлоқ ва меҳнатдӯстии кӯдак мусоидат кунад. Аз ҳама муҳимтараш ин аст, ки истироҳати тобистона имконият медиҳад, ки волидайн бо фарзандонашон бештар вақт гузаронанд.   Барои хотирмону самаранок гузаронидани таътили тобистона дар истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ саҳми волидон хеле калон мебошад. Дар ҳолати равон кардани фарзандон ба истироҳатгоҳҳои беруназшаҳрӣ волидон аввалан бояд бо дарназардошти синну сол, ҳолати ҷисмонӣ ва равонии фарзандон, ҷойи мувофиқи истироҳатро интихоб кунанд. Онҳо вазифадоранд, ки фарзандонро ба истироҳат омода намоянд: қоидаҳои рафторро фаҳмонанд, бо муҳити истироҳатгоҳ шинос кунанд ва ашёи заруриро (либос, гигиена, доруҳои лозим) муҳайё созанд. Бо маъмурияти истироҳатгоҳ ва мураббиён робитаи фаъол дошта бошанд.   Нақши мураббӣ дар истироҳатгоҳҳои тобистона. Мураббӣ шахсест, ки ҳамарӯза бо кӯдакон робитаи зич дорад. Дар шароити истироҳатгоҳ, ки кӯдакон аз муҳити оилавӣ ва омӯзиши доимии худ дур мешаванд, мураббӣ на танҳо роҳнамо, балки шахсияти наздик ва боэътимод мешавад. Вай дар тарбия, фароғат ва рушди шахсияти кӯдакон нақши бузург мебозад. Давраи тобистон барои ҳар як кӯдак на танҳо вақти истироҳат, балки фурсати хубест барои омӯзиш ва шиносоӣ. Маҳз мураббӣ аст, ки метавонад ин давраро барои онҳо фаромӯшнашаванда ва пурмазмун созад.   Вазифаҳои асосии мураббӣ. Мураббӣ на танҳо шахсе аст, ки кӯдаконро назорат мекунад, балки роҳбари гурӯҳ ва ташаббускор мебошад. Вазифаҳои ӯ аз рӯзе, ки истироҳати кӯдакон оғоз меёбад, сар шуда, то анҷоми фаъолияти он идома меёбанд. Ӯ масъул аст, барои таъмини амнияти кӯдакон дар тамоми вақт бобати ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои тарбиявӣ ва фарҳангӣ, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ, ҷисмонӣ ва ахлоқии онҳо, эҷоди муҳити дӯстона ва ҳамбастагӣ байни аъзои гурӯҳ. Мураббӣ бояд барномаи рӯзонаи гурӯҳро омода созад, машғулиятҳои шавқовар ва бозии эҷодӣ пешниҳод намояд, инчунин, дар лаҳзаҳои зарурӣ кӯдаконро дастгирӣ ва роҳнамоӣ кунад. Мураббӣ бояд дорои хислатҳои зерин бошад: меҳрубон ва хушмуомила, сабру таҳаммул, маҳорат дар муошират ва роҳбарӣ ва ташаббускору равоншинос бошад. Мураббӣ бояд тавонад ба кӯдакон ҳамчун дӯсти калонсол муносибат кунад, на ҳамчун фармондеҳ. Ҳамдардӣ ва ҳамфикрӣ бо кӯдакон гарави муҳити солими равонии онҳо мебошад.   Ҳамчунин, мураббӣ бояд бо дигар кормандони истироҳатгоҳ-духтур, равоншинос, ошпаз, тарбиятгар ва роҳбарият ҳамкории зичро роҳандозӣ намояд. Танҳо тавассути амали дастҷамъона метавон муҳити беҳтару бехатар барои истироҳати кӯдакон фароҳам овард. Маҳорати касбӣ, меҳру муҳаббат ба кӯдакон ва масъулиятшиносии мураббӣ барои ташкили як муҳити солим ва хотирмон нақши калидӣ мебозад. Аз ин рӯ, интихоби мураббиёни соҳибтаҷриба ниҳоят муҳим аст. Ояндаи кӯдакон ва дараҷаи хуби истироҳати онҳо ба заҳмату муҳаббати мураббӣ вобаста мебошад.   Истироҳати тобистона як бахши ҷудонопазири ҳаёти кӯдакон аст. Агар он дуруст ба роҳ монда шавад, метавонад на танҳо давраи оромиш, балки мактаби бузурги зиндагӣ гардад. Волидайн, омӯзгорон ва ҷомеа бояд барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиддан талош намоянд, то тобистон барои кӯдакон на танҳо давраи истироҳат, балки омили рушди шахсияти онҳо гардад.   М. Давлатзода, директори Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    2

    30.06.2025
  •  img
    Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 июн таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар маҷлис, нахуст дар бораи Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 гузориши Султон Раҳимзода - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шунида шуд.   Аз ҷумла, таъкид гардид, ки стратегия сиёсати давлатии сармоягузориро дар Тоҷикистон барои давраи дарозмуддат муайян намуда, вазифаҳои мушаххасро баҳри беҳтар кардани фазои сармоягузории кишвар, ҳавасмандгардонии фаъолияти сармоягузорӣ, тақвияти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя, бахусус сармояи мустақими хориҷӣ дар бар мегирад.   Супориш дода шуд, ки вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар доираи маблағҳои пешбинигардидаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигар амалигардонии стратегияи мазкур ва нақшаи чорабиниҳои онро таъмин намоянд.   Сипас, нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2025 муҳокима шуд.   Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориш доданд, ки роҳбарони сохторҳои давлатӣ пешниҳоди лоиҳаи қарорҳоро аз рӯйи масъалаҳои дар маҷлисҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасишаванда дар муҳлатҳои муайяншуда таъмин намуда, барои дар сатҳи баланди ташкилӣ гузарондани чорабиниҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ тадбирҳои мушаххас андешанд.   Баъди баррасии масъалаи мазкур қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.   Дар кори маҷлис, ҳамчунин, лоиҳаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ” ва “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.   Вобаста ба дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2028 гуфта шуд, ки лоиҳаи он барои таъмини иҷрои муқаррароти Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, барномаҳои қабулгардидаи давлатию соҳавӣ ва минтақавии рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо таҳия гардидааст.   Нақшаи амали Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027 дар соли 2026, баррасӣ гардид.   Дар фароварди кори маҷлиси Ҳукумати кишвар Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои супоришҳо, татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ, вусъати корҳои ободонӣ, кишти мақсадноки заминҳои кишоварзӣ, истифодаи самараноки неруи барқ, тайёрии ҷиддӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026, омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсили солҳои 2025-2026 ва истиқболи сазовори ҷашни умумимиллӣ-35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини сохторҳои давлатӣ дастуру тавсияҳо доданд.

    4

    30.06.2025
  •  img
    Ифтитоҳи муассисаи томактабӣ дар маркази ноҳияи Шуғнон 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази ноҳияи Шуғнон - шаҳраки Ваҳдат Муассисаи таҳсилоти томактабии №3 бо номи Пайравони Пешворо мавриди истифода қарор доданд.   Бино аз таҳхона ва ду ошёна иборат буда, бо риояи талаботи соҳа ва мувофиқ ба завқи кӯдакон қомат афрохтааст, ки дар он барои ба таълиму тарбияи томактабӣ фаро гирифтани 120 кӯдак дар панҷ гуруҳ, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

    3

    27.06.2025