29.11.2025

 img

Тайи чанд солест, ки бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад. Дар давоми ин солҳо тадқиқот ва таҷрибаҳо нишон доданд, ки сол то сол сафи хоҳишмандони ширкат дар ин озмун иштирок мекарда меафзояд, чунки доираи синнусолии иштирок дар он васеъ гардонида шудааст ва намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа имконияти дар он иштирок намудан пайдо кардаанд. Аз ҷониби одимони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон ҳамарӯза пайваста бо истифода аз методҳои илмии таҳқиқ ба монанди мушоҳида, таҳлил, саволу ҷавоб ва ғайра, раванди баргузории онро мавриди омӯзиш қарор дода истодааст. Аз ҷумла, соли ҷорӣ иштирокчии соли аввали озмун дар номинатсияи адабиёти ҷаҳон Холзода Меҳриддин Равшан – сардори Раёсати байналмилалии Донишгоҳи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода, номзади илмҳои педагогӣ дар раванди таҳқиқот ба пурсишҳо ҷавоб гардонида, таассуроти худро оид ба он изҳор дошт. 

 

- Чӣ омилхо сабаб шуд, ки Шумо барои иштирок дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» иштирок намудед?

 

Барои иштирок дар озмун сабаби асосӣ омӯзгори забони англисӣ будан ва шиносоӣ доштан бо адабиёти хориҷӣ, шавқу завқи шинос шудан бо фарҳангу маданияти ҷаҳониён мебошад. Омили дигар ин шукргузорӣ ва дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Инчунин, омӯхтани адабиёти ҷаҳон дар доираи фаррох мебошад.

 

- Ҷиҳати расидан ба мақсад барои иштирок дар озмун барои Шумо чӣ душвориҳо пеш омаданд?

 

Дар давраи омодагӣ ба озмун душвориҳо низ буданд, ба монанди омодагӣ ба ҳимояи диссертатсияи номзадӣ, дар баробари таълиму тарбия ва омӯзиши илм фурсат ёфтан барои хондани асарҳои бадеӣ. 

 

- Душвориҳои пешомадаро чи гуна бартараф намудед?

 

Дар муддати рухсатии меҳнатӣ, як соат пеш аз кор ва ду-се соат пас аз кор вақт ҷудо намуда, китоб мехондам. Ҳамин тавр, малакаи як повестро дар ду рӯз хондан пайдо гардид. Гузашта аз ин, ба омехта нашудани фикрҳои фаъолияти корӣ, фарзандон ва сюжети асарҳо низ бояд таваҷҷуҳ намуд.

 

- Барои татбиқ намудани донишҳои гирифта дар ҳаёт дар оянда Шумо  чӣ мақсадҳо доред?

 

Новобаста аз чӣ гуна ҷамъбаст гардидани озмун дар оянда маводи хондашуда ба шогирдон таълим дода мешавад. Инчунин, барои иштирок дар озмун донишҷӯёнро омода месозам. Дар раванди корҳои илмӣ бошад, фарҳангу маданияти миллати худро дар муқоиса бо адабиёти ҷаҳон мавриди тадқиқ қарор медиҳам. 

 

- Пас аз мутолиаи асарҳо кадоме аз онҳо ба Шумо бештар писанд омад? 

 

Бештар асарҳои адабиёти неоклассикӣ ва тахайюлӣ шавқовар буданд. Масалан, асари нависандаи колумбӣ Габриэл Гарсиа Маркес “Сад соли танҳоӣ” оид ба эътироф намудани қобилиятҳои фитрии инсон ва эҳтироми меҳнату заҳмати аҷдодон аст, ки ҷиҳатҳои қавии тарбиявӣ дорад. 

 

Ҳамин тавр, озмоишҳое, ки аз ҷониби ходимони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомии Академияи таҳсилоти Тоҷикистон амалӣ гардида истодаанд, нишон медиҳанд, ки баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” омили кушодани дарҳои дониш, васеъ шудани ҷаҳонбинии насли наврас ва ҷавон, муҳаррики фатҳ намудани қуллаҳои нави фарҳангу маданият дар ҷомеа гашта метавонад. 

 

Дар ин самт рушди зеҳнии насли наврас ва ҷавон, мукаммал гардидани донишҳои шахсони синну соли болоӣ, ки дар шохаи илми педагогика – андрагогика тадқиқ намуда мешавад ва ҷанбаҳои гуногуни тадқиқ нагардидаи таълимию тарбиявӣ дар раванди баргузории  озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” маводи мукаммали илмиро мунтазиранд.

 

Шаҳлои Абдуализодаи Тоҳириён – номзади илмҳои филология,

ходими пешбари илмии Пажӯҳишгоҳ.

  • АНДЕШАҲО ДОИР БА ТАҶРИБАИ ИШТИРОК ДАР ОЗМУНИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Мулоқот бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин Дар ҳошияи ҷаласаи навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ дар шаҳри Бишкек Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин мулоқот намуданд.   Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвар баррасӣ шуд.   Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки ҳамкории Тоҷикистону Русия дар заминаи  шарикии стратегӣ ва ҳампаймонӣ мунтазам рушд меёбад.   Таваҷҷуҳи зиёд ба таҳкими ҳамкорӣ дар муборизаи муштарак бар зидди таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм ва ҷиноятҳои фаромарзии вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ зоҳир гардид.   Зарурати густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва робитаҳои миёни минтақаҳои ду кишвар низ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.   Аҳамияти тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маориф, фарҳанг ва дигар бахшҳои башарӣ таъкид гардид.   Ҳамчунин, доир ба мавзӯъҳои алоҳидаи рӯзномаи минтақавию байналмилалӣ гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

    89

    27.11.2025
  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) 27 ноябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбари кишвари мизбон барои муҳайёсозии шароити хуби ҳамоиш арзи сипос намуда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.   Зимнан зикр гардид, ки СААД дар низоми амнияти минтақавӣ нақши муҳим бозида, кафили амну субот ва тақвияти имкониятҳои мудофиавии кишварҳои минтақа мебошад.   “Тоҷикистон, ки дар сафи пеши самти ҷанубии мудофиаи дастҷамъӣ қарор дорад, ба талошҳо барои тақвияти субот ва таъмини амният дар минтақаи масъулияти Созмон дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ дорад”, - таъкид намуданд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.   Сарвари давлати Тоҷикистон авзои байналмилалиро “мураккабу душвор пешгӯишаванда” арзёбӣ намуда, аз тадбирҳои муштараки рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла санадҳои барои қабул пешниҳодшуда, пуштибонӣ намуданд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки Тоҷикистон қабули Нақшаи рушди ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030-ро дастгирӣ менамояд.   Қабули қарор дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддаротии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030 низ аз ҷониби Сарвари давлати мо дастгирӣ ёфт. Зимнан дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ миёни СААД ва Маркази зиддимухаддаротии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе таъсис меёбад, ба мақсад мувофиқ дониста шуд.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул шуда буд, бо арзи сипос ёдовар шуда, ҳамзамон изҳори умед намуданд, ки татбиқи самарабахши он таъмин хоҳад шуд.   Президенти кишвари мо аҳамияти таъсиси Маркази аксуламалҳои башардӯстонаи СААД дар Тоҷикистонро таъкид намуда, изҳори бовар намуданд, ки ин масъала аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ хоҳад ёфт.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.   Дар ин робита Сарвари давлати мо бо ёдоварӣ аз истифодаи фазои маҷозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аз ҷониби сохторҳои террористию ифротӣ,  бар зарурати табодули маълумоти фаврӣ ва идораи ин хатарҳо бо технологияҳои нави рақамӣ таъкид намуданд.   Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки қарорҳои дар ин ҳамоиш қабулшаванда ба таҳким ва рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳои аъзои созмон мусоидати фаъол хоҳад намуд.   Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби сарони давлатҳои аъзои СААД як зумра санадҳои нави муҳим ба имзо расид.

    95

    27.11.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 27 ноябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.   Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовини якум ва муовини вазир, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеъ, ректорон ва муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, сардорони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.   Нахуст, вазири маориф ва илм ҳозиринро ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, таъкид кард, ки соҳаи маориф ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхории доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, барои рушди устувори он шароити мусоид муҳайё гардидааст. Мавсуф иброз дошт, ки маҳз бо роҳнамоӣ ва дастгириҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат дар солҳои охир корҳои зиёде ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, фароҳам овардани инфрасохтори муосири соҳа, такмили заминаҳои моддиву техникӣ, боло бурдани нуфузи омӯзгорон ва густариши дастрасӣ ба таҳсилот анҷом ёфта истодааст.   Сипас, гузоришҳои сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода доир ба «Вазъи иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсис ва пешниҳоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода оид ба «Вазъи қабул дар зинаҳои магистратура ва докторантура аз рӯйи ихтисос (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ», Низомномаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи роҳбарӣ (мушовирӣ) ба корҳои илмӣ-рисолаҳои унвонҷӯён, аспирантон ва докторантони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода оид ба «Ҳолати таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо китобҳои дарсӣ», сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсус Ш. Саъдуллозода оид ба «Натиҷаи ҳозиршавии мутахассисони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ (равияи омӯзгорӣ) дар соли 2025», мушовири вазири маориф ва илм И. Аминов оид ба «Лоиҳаи Нақшаи кори Вазорати маориф ва илм», сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф ва илм Н. Убайдуллозода оид ба «Тасдиқи шаклҳои ҳисоботи омории зинаҳои таҳсилоти томактабӣ» ва директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо М. Ғаффорзода оид ба «Тасдиқи Низомномаи Олимпиадаи зуҳни сунъӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шунида шуд.   Зикр гардид, ки масъалаҳои баррасишуда, аз ҷумлаи самтҳои муҳим дар рушди соҳаи маориф маҳсуб ёфта, татбиқи пайгиронаи онҳо ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, таҳкими робитаи зинаҳои таҳсил, боло бурдани сатҳи омодагии кадрҳои ҷавон ва мусоидат ба ташаккули насли босаводу эҷодкор равона гардидааст.   Раиси ҷаласа таъкид намуд, ки рушди муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи умумӣ, такмили низоми қабули донишҷӯён, таъмин бо китобҳои дарсӣ, дастгирии корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишҷӯён ва тақвияти иқтидори зеҳнии хонандагон аз самтҳои муҳимми фаъолияти Вазорати маориф ва илм ба шумор мераванд. Вазир таъкид дошт, ки амалисозии босамари ин равандҳо имконият медиҳад, то сифати таҳсилот боз ҳам баланд гардида, ҳамкориҳои муассисаҳои таълимӣ тақвият ёфта, замина барои тарбияи кадрҳои соҳибистеъдод фароҳам ояд.   Ҳамчунин, дар идома гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ оид ба таҳия, нашр ва бознашри китобҳои дарсӣ ва адабиёти таълимӣ ва тағйиру иловаҳо ба қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои иловагӣ шунида шуд.   Дар фарҷом, вазири маориф ва илм бо таъкид ба боло бурдани сифати таҳсилот, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва дастгирии ташаббусҳои эҷодии кӯдакону наврасон ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    143

    27.11.2025