24.11.2025

 img

Дар толори Донишкада, бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш таҳти унвони «Таърихи парчамдории мо-тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад» баргузор гардид.

 

Ректори Донишкада Наврӯз Мирзозода, зимни сухани ифтитоҳии хеш ҳамаи кормандону омӯзгорони Донишкада ва филиалҳои онро ба ин санаи муқаддас ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки ҳар яки мо ҳисси эҳтиром, ифтихор, муҳаббат ва садоқатро ба рамзҳои муқаддаси миллӣ бояд дар зеҳну шуури фарзандонамон аз синни кӯдакӣ тарбия намоем, зеро рамзҳои давлатӣ, махсусан парчам таҷассумгари гузаштаи пурифтихори таърихӣ ва ояндаи дурахшони халқамон мебошанд ва реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳия ва қабул гардида, он дар зери ливои худ кулли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Вобаста ба ин Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошии худ ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ (24.11.2025) таъкид намуданд: «Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад. Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад».

 

Дар идомаи ҳамоиш муовини ректори Донишкада Абдусаттор Наҷмиддиниён, сардори раёсати илм ва инноватсия Зарина Саидзода ва котиби шурои олими Донишкада Таманно Паноева оид ба заминаҳои ҳуқуқии қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таърихи парчам, ҷойгоҳ ва мақоми он ҳамчун рамзи давлатӣ суханронӣ намуданд. Дар фарҷоми ҳамоиш аз ҷониби ректори Донишкада, раиси Ташкилоти ибтидоии «Омӯзгор» ба кормандони ҷавони Донишкада шаҳотномаи ҳизбӣ дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.

  • Ҳамоиш: Таърихи парчамдории мо-тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад img
  • Ҳамоиш: Таърихи парчамдории мо-тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад img
  • Ҳамоиш: Таърихи парчамдории мо-тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ПАРЧАМ - РАМЗИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола дар кишвари азизамон бо бошукӯҳи хосса таҷлил мегардад, моро боз ҳам муттаҳидтар сохта, ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми бепоён ба арзишҳои давлати соҳибистиқлоламонро тақвият мебахшад.   Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст». Воқеан, парчам дар тӯли таърих барои миллати тоҷик яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати сиёсиву фарҳангӣ маҳсуб ёфта, аз ибтидо то имрӯз рамзи номус, шараф, иродаи қавӣ ва ормонҳои неки мо ба ҳисоб меравад. Барои миллати тоҷик, ки дорои фарҳанги бузурги давлатдорӣ ва таърихи чандинҳазорсола аст, парчам ҳамеша ҷойгоҳи хосса доштааст. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ парчам ҳамчун рамзи муттаҳидкунанда хидмат кардааст ва имрӯз низ чунин мақому манзалатро дорост.   Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24 ноябри соли 1992 қабул гардид, таҷассуми ормонҳои деринаи миллати соҳибтамаддуни мо мебошад. Рангҳои сурх, сафед ва сабзи парчам дар худ таъриху фарҳанг, ормонҳои мардум, орзуҳои сулҳу субот ва рушди давлатро таҷассум мекунанд.   Имрӯз Парчами давлатӣ барои ҳар як сокини кишвар танҳо як рамз нест. Он барои ҳар як ҷавону наврас маънои ватандӯстӣ, худшиносӣ ва амри волои давлатдориро дорост. Бардоштани парчам дар озмунҳо, чорабиниҳои давлатӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ на танҳо як амали расмӣ, балки изҳори садоқат ба Ватан ва миллати худ аст.   Мо, тоҷикистониён, имрӯз бо ифтихору сарбаландӣ шоҳидем, ки парчами давлатии мо дар паҳлӯи парчамҳои кишварҳои ҷаҳон дар долонҳои Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё, ЮНЕСКО ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ партавафшон аст. Ҳамчунин, парчами мо имрӯз дар майдонҳои варзишии ҷаҳон бо ифтихор бардошта мешавад. Ҳар он лаҳзае, ки варзишгарони мо дар чемпионатҳо, мусобиқаҳои қитъавӣ ва ҷаҳонӣ бо ғолибият Парчами Тоҷикистонро боло мебардоранд, дар дилҳои миллионҳо ҳамватан ҳисси ифтихор ва бедории худшиносии миллӣ бедор мегардад. Ин парчам аст, ки ҳисси ягонагӣ ва ифтихори моро дар тамоми ҷаҳон муаррифӣ мекунад.   Дар ин рӯзҳои таърихӣ мо, аҳли маориф ва пажӯҳиш, масъулияти бузурги тарбияи наслеро, ки ба арзишҳои миллӣ содиқ бошад, ба парчам, забон, фарҳанг ва давлат эҳтироми бузург дошта бошад, бар дӯш дорем.  Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ низ дар ин самт саҳми худро мегузорад, аз таҳияи барномаҳои таълимӣ то тарғиби худшиносии миллӣ дар зеҳни ҷавонон.    Имрӯз моро зарур аст, ки дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз намоем, давлатдории миллиамонро таҳким бахшем ва мисли Парчами партавфишонамон ҳамеша рӯ ба боло ва пешрафт дошта бошем. Зери ин Парчам мо Ватанро обод мекунем, илму фарҳангро рушд медиҳем ва барои наслҳои оянда Тоҷикистонро ба сарзамини пешрафта табдил медиҳем.   Бо ҳамин ниятҳои нек, самимона тамоми мардуми Тоҷикистонро ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик мегӯям. Орзумандам, ки Парчами муқаддаси мо ҳамеша болои сарҳои мо парафшон бошад, сулҳу субот пойдор гардад ва Тоҷикистони азизамон ҳар рӯз ободу зебо шавад.   СИРОҶИДДИН Ниёзӣ, директори Пажӯҳишгоҳи рушди маориф ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ Академияи таҳсилоти Тоҷикистон.

    13

    24.11.2025
  •  img
    Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи парчами давлатӣ Ҳамватанони азиз!   Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рамзи соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрӣ ва шарафу ифтихори миллӣ самимона табрик мегӯям.   Парчами давлатӣ барои ҳар як миллати соҳибтамаддун рамзи истиқлоли давлатӣ, ифтихори ватандорӣ, ҳувияти миллӣ, озодихоҳӣ ва азму иродаи қавии мардум мебошад.   Ҳамчунин, парчами давлатӣ нишонаи ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ ва талошу муборизаҳои миллат ба хотири истиқлолу озодӣ ба ҳисоб меравад.   Барафрохтани парчами давлатӣ дар тамоми давру замонҳо бо эҳсоси худшиносӣ ва арҷ гузоштан ба ҳувияти миллӣ робитаи мустақим дорад.   Таърихи парчамдории мо – тоҷикон реша дар тамаддуни чандинҳазорсолаи миллат дорад.   Дирафши Ковиёнӣ, ки рамзи давлатдории ориёӣ ва нишонаи иттиҳоду сарҷамъии мардуми куҳанбунёди мо ба ҳисоб рафта, дар тӯли асрҳо ҳамчун парчами нангу номуси ориёитаборон парафшонӣ кардааст, дар адабиёти оламшумули мо ҷойгоҳи хосса дорад.   Беҳтарин намунаи онро дар «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ мебинем: Бизад бар сари хеш чун гирдмоҳ, Яке фоли фаррух пай афканд шоҳ. Фурӯ ҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш, Ҳаме хондаш «Ковиёнӣ дирафш».   Фирдавсии бузург умеду орзу ва ормонҳои мардумро тавассути рангҳои парчам таҷассум карда, ба ин васила ҳамватанону ҳамзамонони худро барои ҳифзи сулҳу субот, марзу бум ва таъриху фарҳанги хеш ҳидоят намудааст.   Имрӯз ин суннати деринаи миллӣ дар ҷилои рангҳои Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол идомаи шоистаи худро дарёфтааст.   Яъне он садое аз таърихи гузаштаи миллати сарбаланди мо буда, ба ҳар шаҳрванд ёдовар мешавад, ки парчами давлатӣ рамзи истиқлол аст ва истиқлол натиҷаи муборизаву талошҳои наслҳои гуногуни миллати сарафрози тоҷик мебошад.   Бо қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, пояҳои давлатдории навини миллӣ гузошта шуданд.   Яъне сию се сол инҷониб мардуми тоҷик зери ин парчами ваҳдатофар дар оромиву осоиш, амнияту субот умр ба сар мебаранд ва кишвари худро бо иттиҳоду сарҷамъӣ ободу зебо гардонида, дар арсаи олам машҳур карда истодаанд.   Имрӯз Парчами давлатии Тоҷикистон дар тамоми гӯшаҳои дунё муаррифгари кишвари озоду ҳуқуқбунёди мо мебошад.   Он чун нишони давлати соҳибистиқлол дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сафоратхонаҳо, чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, олимпиадаҳо ва дигар мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ парафшон мегардад.   Ҳар вақте ки варзишгарони тоҷик ба майдон мебароянд, онҳо на танҳо номи шахсии худ, балки номи Тоҷикистони азизро муаррифӣ менамоянд.   Ҳар пирӯзӣ ва ба ифтихори он баланд шудани парчами давлативу садо додани Суруди миллӣ ва шодии ҳазорон варзишдӯсти кишвар ин арзиши миллиро боз ҳам азизу муътабар мегардонад.   Ин, бешубҳа, намунаи равшани ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буда, ҳисси ифтихори миллиро дар дили ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бедор месозад.   Парчами давлатӣ моро ҳамеша ба созандагиву ободкорӣ, заҳматдӯстӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлол раҳнамоӣ мекунад.   Аз ин рӯ, зарур аст, ки ҳар яки мо эҳтироми парчами давлатиро ба фарзандони хеш ҳамчун нишони муқаддаси Ватан, рамзи соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрии миллӣ талқин созем, зеро муҳаббату садоқат ба он таҷассумгари ҳақиқии эътиқоду имон ба миллат, давлат, сарзамин, тамаддуну фарҳанг ва арзишҳои миллии мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад.   Наслҳои наврас бояд ҳамеша дар хотир дошта бошанд, ки парчами давлатӣ таҷассуми таърихи пурифтихор, фарҳанги бостонӣ ва ормони ниёгони мо буда, гиромидошт ва парафшон нигоҳ доштани он вазифаи виҷдонии ҳар як шаҳрванди худшинос ба ҳисоб меравад.   Ҳар як шаҳрванди кишвар вазифадор аст, ки ба ин рамзи муқаддаси миллӣ эҳтиром гузорад, барои боло рафтани нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон саҳми худро гузорад ва ҳаргиз фаромӯш накунад, ки парчам рамзи номус ва шарафи миллат аст.   Мо бояд таҳти ин парчами муқаддас, ки рамзи иттиҳоду сарҷамъии миллӣ аст, барои ободии Тоҷикистони азиз бо масъулияти баланд заҳмат кашем ва 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем.   Бори дигар Рӯзи парчами давлатиро ба кулли ҳамватанони азиз табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар оромиву осоиш ва иқболи нек орзу менамоям.   Рӯзи Парчами давлатӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

    42

    24.11.2025
  •  img
    ИШТИРОК ДАР РОҲПАЙМОИИ ИДОНА БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии осоиштаи сокинон ва ҷавонони касбу кори гуногуни пойтахт баргузор гардид.   Дар роҳпаймоии мазкур аз ҳисоби роҳбарият, масъулин ва кормандони вазорату идора ва корхонаҳои ҷумҳуриявӣ, сохторҳои ноҳиявию шаҳрии соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳизбиёни фаъол, варзишгарон, роҳбарият ва устодону донишҷӯёни донишгоҳу донишкадаҳо иштирок намуданд.   Роҳбарият ва кормандони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳпаймоии мазкур фаъолона ширкат намуданд.

    43

    24.11.2025