30.07.2026

 img

30 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, муовинони вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд. Раиси ҷаласа ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, аҳаммияти масъалаҳои мавриди баррасиро дар самти такмили санадҳои илмию методӣ, барномаҳои таълимӣ ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ таъкид кард.

 

Дар идома гузориши сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ Ҳ. Саидзода дар бораи тасдиқи «Низомномаи Шӯрои илмӣ-методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ» шунида шуд. Зимни гузориш доир ба мақсаду вазифаҳо, самтҳои фаъолият ва тартиби ташкили кори Шӯрои илмӣ-методӣ маълумот пешниҳод гардид. Таъкид карда шуд, ки тасдиқи низомномаи мазкур барои ҳамоҳангсозӣ ва тақвияти фаъолияти илмию методии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

Сипас, директори Маркази ҷумҳуриявии таълимию методӣ Ш. Каримзода оид ба дарси зеҳни сунъӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маълумот манзур намуд. Таъкид карда шуд, ки омӯзиши асосҳои зеҳни сунъӣ ба ташаккули тафаккури рақамӣ, рушди малакаҳои технологӣ ва омода намудани хонандагон ба истифодаи мақсадноки технологияҳои муосир мусоидат менамояд.

 

Ҳамзамон, гузориши директори Маркази таҳия, нашр ва муомилоти китобҳои дарсӣ, илмию методӣ У. Ҳасанзода доир ба китобҳои дарсӣ шунида шуд.

Зимни баррасии масъалаҳо аъзои ҳайати мушовара ва масъулини соҳа андешаву пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмили низомнома, барномаи таълимӣ ва мазмуну муҳтавои китобҳои дарсӣ баён намуда, бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиён аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

 

Дар фарҷоми ҷаласа вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, татбиқи қарорҳои ҳайати мушовара, такмили санадҳои илмию методӣ, мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таҳсилот, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, вусъат бахшидани истифодаи технологияҳои муосир дар раванди таълим, таъмини омодагии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимӣ ба оғози соли таҳсили 2026-2027, густариши фарогирии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, инчунин дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дод.

 

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img
  • ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    СУҒД: ОЛИМПИАДАИ ВИЛОЯТИИ «АХТАРОНИ ДОНИШ» БАРГУЗОР ГАРДИД Дар Муассисаи давлатии «Кӯдакистони Президентӣ»-и вилояти Суғд Олимпиадаи вилоятии «Ахтарони дониш» миёни кӯдакони синни томактабӣ баргузор гардид.   Олимпиада соли дуюм аст, ки бо мақсади дарёфт ва дастгирии кӯдакони боистеъдод, рушди қобилияти зеҳнӣ, донишандӯзӣ ва омодасозии онҳо ба зинаи таҳсилоти умумӣ баргузор мегардад.   Дар олимпиада 46 нафар кӯдак аз муассисаҳои таҳсилоти томактабии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, аз рӯи се номинатсия - «Хештаншиносӣ», «Инкишофи нутқ» ва «Тасаввуроти одитарини математикӣ» байни ҳам рақобат намуданд.   Ҳамаи иштирокчиёни олимпиада бо сипосномаи Раёсати маорифи вилояти Суғд қадрдонӣ гардиданд.   Ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли олимпиада дар Машварати августии кормандони соҳаи маорифи вилояти Суғд бо дипломи раиси вилояти Суғд ва туҳфаҳои пулии яквақта қадрдонӣ хоҳанд шуд.

    6

    30.07.2026
  •  img
    35 БАҲОРИ ИСТИҚЛОЛИ ВАТАН Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо аз Истиқлолияти Тоҷикистон сарчашма мегирад   Имрӯз дар ҷаҳон ҳудуди 3-4 ҳазор халқияту миллатҳо мавҷуд буда, хушбахттаринашон онҳое ҳастанд, ки ватану марзу буму истиқлол (беш аз 190 кишвар) доранд. Садҳо сол боз ҳазорҳо халқияту қавму миллатҳо дар ҳасрати ба даст овардани озодиву истиқлол ҳастанд, ки мутаассифона, ин неъмат барояшон даст намедиҳад.   Истиқлолият дар ҳақиқат ганҷу сарвати бебаҳо аст, аммо мерос намебошад. Агар чунин намебуд, миллати тоҷик баъди Исмоили Сомонӣ дар масири қарнҳои зиёд бо ҳама ғановату сарвати худ пойбарҷо боқӣ мемонд. Яъне истиқлолият масъулият аст ва ғафлатро намепарастад. Албатта, миллати куҳанбунёди мо бо ҳама асолат, қатъи назар аз ноадолатиҳои таърих тавонист мавҷудияти худро нигоҳ дорад. Ба «ҳафт иқлим» салтанат дошт ва ғосибон гумон мекарданд, ки бо тасарруфи марзу бум ҳастии моро маҳв месозанд. Аммо мо боқӣ мондему забону фарҳанги аҷдодии мо то ҳанӯз сарҳаду марзи моро муайян сохта метавонанд.   ТАФСИРИ ИСТИҚЛОЛИЯТ   Истиқлолият имкон дод, ки миллати тоҷик аз бандҳои асорат раҳо ёфта, шаҳди озодиро чашад. Миллати тоҷик аз миён нарафта буд ва танҳо баъди ҳазор сол аз нав ба тамоми маънӣ аз ҳастии худ дарак дод ва инак 35-умин баҳори тавлиди дубораи худро таҷлил менамояд. Тоҷик миллати куҳанбунёди ҷаҳон аст ва 9 сентябр рӯзи истиқлолу озодиву камолоти он аст. Ин сана дар баробари 35 соли муборак таърихи чандҳазорсолаи моро истиқлол бахшид ва ҳама арзишҳои гумшударо баргардонид. Истиқлолият сиёсати дохилии моро шаклу доираи вусъатдор бахшида, татбиқи муваффақонаи он ҳама соҳаҳоро пеш бурд. Сиёсати дохилӣ аз се рукни ба ҳам пайванд иборат аст: сулҳу ваҳдат, иттиҳоду сарҷамъӣ ва дӯстиву рафоқат. Дар сояи ин се рукн садҳо дастоварду пешравию таҳаввулоти дигар қарор мегиранд.   35 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин аллакай роҳнамоии дилпуронаву қатъӣ барои пойдории минбаъда мебошад. Зеро истиқлолият ин ба сӯйи қуллаи мурод роҳ рафтан ва фатҳ кардани он мебошад. Қуллаҳои муроду ормонҳо зиёданд ва 35 соли истиқлоли Тоҷикистон барои мо идеалҳои (улгу) давлатсозиву эҳёи дубораи миллатро ба вуҷуд овард. Дар ин радиф озодӣ дар ботин бузургтарин истиқлол аст, ки онро Истиқлолияти Ватани азизамон ҳадя кардаву боз ҳам он олами ботинро рангин месозад. Тафаккуру андеша ва пиндошту тасаввури миллии мо бо уфуқҳои беҳудуд аз истиқлолият сарчашма мегирад.   ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ИСТИҚЛОЛИЯТ   Аллакай сабти таърихӣ аст, ки остонаи истиқлоли миллати тоҷик ба фоҷиа мубтало буд ва дар маҷмуъ ҳама нобасомониҳои таҳмилшуда бар зидди истиқлолияти мо равона гардида буданд. Яқинан онҳо истиқлолиятро аз миён мебурданд, агар ба майдони давлатдорӣ абармарди ватанпарвар Эмомалӣ Раҳмон намеомад. Танҳо ҷасорату матонат ва донишу заковати як нафар тавонист ин неъматро барои миллати мо нигоҳ дорад. Бо роҳбарии ин абармард 35 соли соҳибистиқлолӣ ба мо чунин дарсро додааст: танҳо Ватан моро дар пушту паноҳи худ нигаҳ медорад, агар истиқлолу ҳастии онро муҳофизу нигаҳбон бошем.   Агар бо қолаби рамзӣ баён намоем, Истиқлолияти давлатӣ барои мо ҳадафҳои стратегии муҳимо (чор стратегия)-ро муайян сохт ва бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати куҳанбунёди тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ сарбаланд гардид. Яъне танҳо давлати соҳибистиқлол ҳадафи стратегиро барои худ интихоб менамояд ва ба ин мазмун файзи истиқлолу озодӣ аст, ки миллати тоҷик бениёз гардида, бо соҳибихтиёрӣ тибқи барномаҳои мукаммалу бузург зиндагӣ карданро омӯхт. Бо роҳбарии оқилонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар 35 соли истиқлолият алорағми ҳама гумонҳои нотавонбинону ҳасудон миллати тоҷик соҳиби дастовардҳои беназир гардид, ки ҳатто шумори онҳо мушкил аст.   Истиқлолият- ин, пеш аз ҳама, дар фазои сулҳу суботу оромӣ ва амнияту осиштагӣ зистан мебошад. Ин ҳолатро авзои ҷаҳони муосир бештар собит менамояд, ки чи гуна бо ҳасрату ормонҳо даҳҳо давлату кишварҳо дар суроғи сулҳу осоиштагӣ мебошанд. Аммо сулҳу осоиштагӣ падидаи худрӯ намебошад ва ҳатман фарде дар минбари роҳбарӣ онро эҷоду бунёд намуда, кафили суботи ҷомеа мегардад. Аллакай дар ҷаҳони феълӣ таҷрибаву раванди авзоҳо нишон медиҳанд, ки ҷангу харобӣ овардан хеле амали осон аст. Як лаҳзаву як тасмими манфӣ метавонад, ки ихтилофу даргириҳоро ба вуҷуд оварад, ки баъдан хомӯш кардани алангаи он душвор аст. Аҳли башар низ эътироф менамояд ва қаҳрамони асосиву ҳақиқӣ онеро медонад, ки сулҳро барқарор месозад, дар амонӣ зистанро таъмин менамояд ва роҳи ободсозиву бунёдкориро пеш мегирад. Дарвоқеъ, дар кишваре, ки оташи ҷангу хунрезӣ аланга дорад, ҳеҷ вақт ободониву созандагӣ ҷо ёфта наметавонад ва истиқоли имрӯзу ояндаи онро зери суол мебарад. Аз таҷрибаи давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки Истиқлолияти давлатии мо аз худфидоии ин абармард ва сулҳпарварияшон таҳким ёфтааст. Аз аввалин рӯзҳои сари қудрат омаданашон ба тақдири нек бовар доштанд ва доранд. Агар ин матонату ҷасорат ва муҳаббат ба миллат дар ботини Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вуҷуд намедошт, истиқлолияти мо ба нобудӣ мерасид. Дар пешбурди сиёсати давлатӣ дар таркибу низоми кории Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғоз то имрӯз ду нуқтаи меҳварӣ вуҷуд дорад, ки Истиқлолияти давлатиро торафт таҳким мебахшанд:   Бунёди ваҳдат ва устуворсозии иттиҳоди миллӣ   Муколамаҳо ва муносибати гарму судманд дар сиёсатҳои дохиливу хориҷӣ   НЕЪМАТҲОИ 35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТ   Истиқлолияти давлатӣ давоми 35 сол барои мо мустақилона зистану андеша карданро ба вуҷуд овард. Чанд даҳсолаи соҳибистиқлолӣ собит кард, ки тоҷик миллати соҳибтамаддун аст ва дар пояи тамаддуни ғании бостонӣ зиста метавонад.   Истиқлолият на танҳо моро ба ҷаҳон муаррифӣ кард, балки гузаштаҳои моро барои худи мо муаррифӣ кард, ки дар ин масир дар таърих монеаҳои зиёд вуҷуд дошт. Истиқлолият адолати таърихиро барқарор кард ва аз қаъри ҳазорсолаҳо миллат фарзандони худро ва фарзандон миллати худро пайдо карданд.   Истиқлолият меҳру муҳаббати ватандӯстиро ба мо ҳадя карда, бароямон якҷоя паҳлуи ҳам зистанро омӯхт. Ангуштҳо ба мушт табдил ёфта, ҳама сангарҳо ба осонӣ пушти сар гаштанд ва мегарданд.   Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил олам эътироф кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлате бо номи Тоҷикистон ҷойи худро пайдо кард ва Тоҷикистон низ дар радифи бузургтарин абарқудратҳои ҷаҳон дар Созмони Милали Муттаҳид “як овоз”-и худро дорад.   Миллати тоҷик садсолаҳо дар ҳайати империяву салтанатҳои гуногун қарор гирифта, чунин муҳиту фазое вуҷуд дошт, ки гӯё муҷиби ҳастиву зиндагии мо дигарон мебошанд. Инак 35 соли истиқлолият нони бе миннат хӯрданро ба мо сабақ додаву медиҳад. Бо файзи истиқлолият имрӯз Тоҷикистон қудрату имкони ба дигарон кумак расониданро соҳиб гардидааст.   Истиқлолият он неъматест, ки инак 35 сол боз аз минбарҳои баланди Созмони Милали Муттаҳид Роҳбари давлати тоҷикон бо забони миллӣ сухан мегӯяд. Неъмати истиқлолият аст, ки аз ҷониби Тоҷикистон барои аҳли башар муҳимтарин ташаббусҳо пешниҳод гардидаву қабул мегарданд.   35 соли соҳибистиқлолӣ собит кард, ки Тоҷикистон давлати бунёдкору созанда аст. Фақат дар даҳсолаи охир дар кишвари мо ҳудуди 60 ҳазор иншооти хурду бузург ба истифода дода шудаанд, ки ин падида беназир мебошад. Тоҷикистон дар ин роҳ корҳоеро анҷом дод ва медиҳад, ки давлати абарқудрати шуравӣ натавониста буд.   Истиқлолият ватандӯстиро ба расму ойину анъана табдил дод, ки он торафт устувориву бақои давлатро таъмин менамояд. Ба таври рӯзафзун ватандӯстии ҳар фарди тоҷик ба сипари бузурге табдил меёбад. Агар чунин ватандӯстӣ дар гузашта вуҷуд медошт, баъзе омилҳо боиси ҳасрату надоматҳо намегаштанд.   ҲИФЗ ВА ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ   Дар равандҳои муосири сиёсиву иҷтимоии ҷаҳони муосир андаке ғафлат ва ноогоҳӣ метавонад, ки мавҷудияти ҳар халқу миллатро зери суол қарор диҳад. Мисолҳо зиёданд, ки ғафлату фирефташавӣ дар заминаи сиёсатҳои бегона давлатҳову кишварҳоро ба фоҷиаи “табартақсим” расонида истодааст. Бояд донист, ки дар асоси сиёсатҳои геополитикаи муосир ҳар кишвари тавонманд дар навбати аввал манфиатҳои худро пеш гузошта, баъдан зери пардаҳои тира мақсадҳояшро амалӣ менамояд. Барои пойдории истиқлолият чанд ҷиҳати умумӣ барои миллати мо хеле муҳим ба шумор мераванд:   Дар партави сиёсати ваҳдатгароёнаи Роҳбари давлат боз ҳам муттаҳид гардидан ва ба қадри неъматҳои истиқлолият расидан, ки он ҳама баъди ҳазор сол ба мо даст додааст.   Ба таври рӯзафзун боз ҳам таҳким бахшидани ваҳдату иттиҳоди миллӣ, ки ҷой надоштани он заъфтарин нуқта барои амалӣ кардани сиёсатҳои ғаразнок ба шумор меравад.   Баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстӣ, садоқату самимияти бештар пайдо кардан ба ватан ва таҳаммулгароиву ҷасорат доштан дар ҳифзи сулҳу амонии сарзамини аҷдодӣ, то ин ки ҳеҷ нотавонбине дар иҷрои мақсади нопок муваффақ нагардад.   Бо ҳама роҳу усул аз асолати гузаштаи миллӣ воқиф будан ва дар муаррифии он саҳм гузоштан. Зеро он ҳама чун саҳеҳтарин санад аз миллати бостонӣ будани тоҷикон дарак медиҳад.   Меҳнати софдилонаву пурсадоқат доштан ва ҳамаҷониба саҳм гузоштан дар рушд додани иқтисоди миллӣ, ки рақобатҳову ихтилофҳои минтақаву ҷаҳон торафт низомҳои иқтисодиро шикаста мегардонанд.   Бо замони муосир ҳамқадам будан, ба илму фанҳои замонавӣ рӯ овардан ва рушд додани фарҳангу маърифати миллӣ, ки дар асоси он аз равзанаҳои нав метавон Тоҷикистонро муаррифӣ кард.   На танҳо барои имрӯзу фардо, балки барои ояндаҳои дур зистану заҳмат кашидан, то ба наслҳои оянда давлати пешрафтаву миллиро ба мерос гузорем.   Бахтиёр ҲОШИМЗОДА, декани факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология

    8

    30.07.2026
  •  img
    МУЛОҚОТИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО САФИРИ ФАВҚУЛОДА ВА МУХТОРИ ҶУМҲУРИИ ИСЛОМИИ ЭРОН Имрӯз, 30 июли соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алиризо Ҳақиқиён баргузор гардид.   Дар оғози мулоқот вазири маориф ва илм сафирро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, изҳори итминон намуд, ки мулоқоти мазкур ба рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстона ва тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои маориф ва илм мусоидат хоҳад кард.   Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар самтҳои маориф, илм, омӯзиши забону адабиёт, табодули устодону донишҷӯён ва татбиқи барномаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ мавриди баррасӣ қарор доданд.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои судманд бо Ҷумҳурии Исломии Эрон, ки бар пояи эҳтироми мутақобил, эътимод ва арзишҳои муштараки таърихию фарҳангӣ ташаккул ёфтаанд, таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.   Қайд гардид, ки Тоҷикистон ва Эрон ба фазои ягонаи тамаддуни форсӣ тааллуқ дошта, решаҳои муштараки таърихӣ, забонӣ ва фарҳангии халқҳои ду кишвар дар тӯли ҳазорсолаҳо ҳамчун омили муҳимми таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ хизмат мекунанд. Осори гаронбаҳои устод Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Ҷалолуддини Балхӣ, Умари Хайём, Саъдӣ ва Ҳофиз мероси муштараки таърихию фарҳангии мардумони Тоҷикистону Эрон ба шумор меравад.   Зикр шуд, ки таҳти роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои ҳифзу рушди мероси таърихию фарҳангӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги ориёӣ ва такмили таълими алифбои ниёгон дар сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим доранд.   Дар ин замина, ба баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» таваҷҷуҳ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки дар даври аввали озмун беш аз 422 ҳазор нафар аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд, ки ин аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеа, бахусус ҷавонон, ба омӯзиши осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ шаҳодат медиҳад.   Дар мулоқот ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки омӯзиши забони форсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ ба роҳ монда шуда, дар панҷ муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон забон ва адабиёти форсӣ таълим дода мешавад.   Ҷонибҳо аз густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои маориф ва илм изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷудо гардидани бурсияҳои таҳсилӣ барои шаҳрвандони ду кишварро омили муҳимми рушди робитаҳои академӣ арзёбӣ карданд.   Зимни мулоқот омодагии ҷонибҳо ҷиҳати густариши табодули устодону донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмию таҳқиқотӣ, таҳияи китобҳои дарсию илмӣ, рушди ҳамкориҳои байнидонишгоҳӣ ва баргузории конференсияҳо, симпозиумҳо ва форумҳои байналмилалӣ таъкид гардид.   Дар анҷом ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки бо талошҳои муштарак муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон дар соҳаҳои маориф ва илм минбаъд низ тавсеа ёфта, барои ташаккули фазои ягонаи илмию фарҳангӣ ва омода намудани мутахассисони баландихтисос заминаи мусоид фароҳам хоҳанд овард.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    25

    30.07.2026