18.03.2025

 img

18-уми марти соли равон дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар соли 2025 таҳти раёсати раиси комиссияи озмуни мазкур, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид.

 

Дар кори ҷаласа муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода, аъзоёни комиссияи озмун, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.

 

Нахуст, Дилрабо Мансурӣ иштирокчиёни ҷаласаро ба муносибати фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз табрику таҳният гуфта, қайд намуд, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” роҳандозӣ гардида, аз ҷониби аҳолӣ дастгирии васеъ пайдо кардааст.

 

Раиси комиссия доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳиятҳои он тибқи Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”баромад карда, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд.

 

Сипас, муовини вазири маориф ва илм доир ба ҷамъбасти озмун дар соли 2024 ва омодагиҳо барои баргузории он дар соли 2025 ва тартиби баргузории он маъруза намуд. Муовини вазири маориф ва илм қайд кард, ки соли ҳафтум аст, ки озмун таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ миёни аҳолии кишвар, аз ҷумла, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмиву эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии кишвар доир мегардад.

Тибқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 ба Низомномаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тағйиру иловаҳо ворид гардида, дар соли 2025 номинаи эҷоди назм ва наср тибқи хулоса ва пешниҳоди коршиносон аз низомнома берун карда шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён бо дастури бевоситаи Роҳбари давлат ба Низомномаи озмун дар соли 2025 навгониҳо ворид карда шуд.

Ҳамин тавр, вобаста ба иштирокдорони озмун маҳдудиятҳо бартараф карда шуда, минбаъд дар озмуни мазкур дар баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, аз он ҷумла, тамоми тоҷикони ҷаҳон ва ҳамватанони бурунмарзӣ низ метавонанд фаъолона иштирок намоянд.

Бар замми ин, мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Дар ҷаласа масъалаҳои зиёде, аз қабили дастрас намудани китобҳои бадеии электронӣ ба иштирокчиён, аз рӯйи принсипи ягона баҳо гузоштан ба иштирокчиён мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор гирифт.

Инчунин, таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки баргузории даврҳои сеюм ва чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.

Пешниҳод гардид, ки даври якуми озмун моҳи март ва даври дуюм моҳи май баргузор карда шавад.

Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун қарорҳои дахлдор ҷиҳати баргузории даври аввали он ва андешидани чораҳои зарурӣ қабул намуд.

Маркази матбуоти

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҶАЛАСАИ КОРИИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” img
  • ҶАЛАСАИ КОРИИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” img
  • ҶАЛАСАИ КОРИИ ҲАЙАТИ КОМИССИЯИ ҶУМҲУРИЯВИИ ОЗМУНИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Иштирок ва суханронӣ дар Мулоқоти ҳаштуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар минтақаи Авазаи Туркманистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.   Дар оғози сухан Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон муҳтарам Сердар Бердимуҳамедов барои меҳмоннавозӣ ва созмондиҳии хуби кори ҳамоиш арзи сипос карда, Туркманистони дӯстро бо раёсати муваффақона дар Мулоқоти машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон табрик гуфтанд.   Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зарфиятҳои назарраси Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар гузариш ба ҳамкории наздиктари иқтисодӣ, нақлиётӣ, энергетикӣ ва саноатӣ тамаркуз карда, таъкид доштанд, ки минтақа барои ин захираҳои фаровон дорад.   Тавре зикр гардид, ин захираҳо барои таъсиси корхонаҳои муштарак, маҷмааҳои саноатӣ ва коркарди маҳсулот имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд.   Аҳамияти татбиқи фаъолтари технологияҳои рақамӣ ва “сабз”, ҳавасмандгардонии навоварӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар саноат муҳим дониста шуд.   Таъкид гардид, ки бояд ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи хизматрасонӣ, фаъолсозии лоиҳаҳои муштараки истеҳсолӣ ва содиротӣ, тақвияти устувории занҷираҳои таъминоти минтақавӣ ва мубодилаи таҷриба дар мутобиқсозии маҳсулот ба талаботи экологӣ, карбонӣ ва техникии бозорҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо назардошти зарурати густариши ҳамкории энергетикӣ ва аҳамияти он дар таъмини устувории истеҳсолоти кишоварзӣ ва таҳкими амнияти озуқаворӣ, пешниҳод намуданд, ки имкони тартиб додани рӯйхати лоиҳаҳои афзалиятноки энергетикӣ ва дарёфти механизмҳои имконпазири маблағгузории муштараки онҳо баррасӣ карда шавад.   Дар ин робита, аҳамияти таҳия ва татбиқи лоиҳаи сохтмони корхонаи бузурги коркарди нафт дар асоси технологияҳои навтарин, бо назардошти ниёзҳои тамоми минтақа таъкид гардид.   Ҳамчунин, Сарвари давлати мо пешниҳод намуданд, ки стратегияи гузариши минтақавии "сабз" бо назардошти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва беҳсозии самаранокии энергия таҳия карда шавад.   Таъкид гардид, ки рушди минбаъдаи масирҳои омехта, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро бо дигар минтақаҳои ҷаҳон мепайванданд, барои тақвияти пайвастагии нақлиётии минтақа аҳамияти калон дорад. Дар ин робита, Сарвари давлати мо зарурати кори самаранокро барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, инфрасохторӣ ва ташкилӣ, содда кардани расмиёти нақлиётӣ ва рақамикунонӣ таъкид намуданд.   Мавзӯи рақамисозиро идома дода, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳамияти таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Душанбе ёдовар шуданд ва изҳори итминон намуданд, ки фаъолияти он имкониятҳои инноватсионии кишварҳои минтақаро муттаҳид месозад ва татбиқи технологияҳои зеҳни сунъиро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт ва ҳаёти иҷтимоӣ суръат мебахшад.   Сарвари давлати мо пешниҳод карданд, ки ҳамкорӣ дар робита ба мубориза бо тағйирёбии иқлим, обшавии пиряхҳо, коҳишёбии захираҳои об ва хокборишот, ки ба муҳити зист ва амнияти озуқавории кишварҳои мо таъсири бевосита мерасонанд, ривоҷ дода шавад.   Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, маориф, фарҳанг, сайёҳӣ, варзиш ва сиёсати ҷавонон таваҷҷуҳи хос зоҳир карданд.   Дар ниҳояти сухан таъкид гардид, ки Тоҷикистон омода аст, ки ташаббусҳои созандаи кишварҳои минтақаро дастгирӣ карда,  ба татбиқи амалии тавофуқоти ҳосилшуда мусоидат намояд.   Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори итминон карданд, ки эътимод ба ҳамдигар ва рӯҳияи шарикӣ ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки ба сӯи ҳадафҳои муштарак пайваста пеш раванд.

    35

    08.10.2026
  •  img
    Сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон ба Туркманистон сафар карданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.   Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, директори Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

    57

    08.10.2026
  •  img
    Оғози сафари корӣ ба Туркманистон 8 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Туркменбошии Туркманистон шуданд.   Дар фурудгоҳи байналмилалии Туркменбошӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Раиси Девони вазирони Туркманистон, вазири корҳои хориҷӣ Рашид Мередов ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.   Ба ифтихори меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатӣ оро ёфта, қаровули фахрӣ саф ороста буд.   Зимни ин сафар Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Вохӯрии 8-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон иштирок хоҳанд кард.

    34

    08.10.2026