21.05.2026

 img

Таҳти ҳамин унвон дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дар доираи нақша-чорабиниҳои муассиса дар бораи сазовор истиқбол гирифтани 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Некрӯз, намояндаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадризо Тоҳирӣ, доктори илмҳои фалсафа Башир Азизӣ, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода, мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи милли илмҳои Тоҷикистон Нозим Нуров, нависанда Маҷид Салим, профессорону устодон ва донишҷӯёни донишкада ба муносибати 1050-солагии аввалин бонуи суханвари адабиёти форсу тоҷик, шоир Робиаи Балхӣ конференсияи илмӣ-амалӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

 

Конференсияро ректори донишкада, профессор Назарзода Маҳмуд Мирзо ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба муносибати 1050-солагии Робиаи Балхӣ самимона табрику муборакбод гуфта, қайд намуд, ки Робиаи Балхӣ яке аз чеҳраҳои шинохтаи адабиёти тоҷик аст, ки бо зебоӣ, ишқ, хирад, озодандешӣ ва покизагию устувории худ ҳамеша ҳамчун аввалин бонуи шоири тоҷику шуҳраи офоқ монда, улгуи ҳаводоронаш мондааст. Ин бонуи хирад ва дар марому орзу беназир дар адабиёти мо нахустин шоирае ба шумор меравад, ки дар тазкираҳо ва маъхазҳои гуногуни адабӣ аз ӯ бо эҳтиром ёд кардаанд. Робиаи Балхӣ зодаи Балх буда, аз ҳамасрони маъруфи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакист. Ин фариштаи дунёи адабиёту шеър дар ҳусну ҷамол, фазлу камол, саршории илҳом ва қудрати шоирӣ на танҳо миёни форсизабонон балки миёни бастагони адабиёти араб низ машҳур буд.

 

Таъкид гардид, ки имрӯз номи Робиаи Балхӣ ҳамчун ифтихори фарҳангиву маънавии миллати тоҷик ва ҷаҳони форсизабон арҷгузорӣ мешавад. Бо пешниҳод ва дастгирии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки яке аз муҳимтарин нишастҳои фарҳангии ҷаҳонӣ мебошад, дар қатори 65 солгарду ҷашнвораҳо, 1050-солагии Робиаи Балхӣ барои таҷлил дар солҳои 2026-2027 ба Феҳристи солгардҳои ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ин иқдоми арзанда на танҳо нишонаи эҳтиром ба як чеҳраи шинохтаи адабиёти тоҷику форсист, балки далели равшани арҷгузорӣ ба фарҳанги куҳанбунёд ва нақши зан дар рушди маънавиёти инсонӣ мебошад.

 

Намояндаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзода Некрӯз зимни суханронии худ аз иқдомҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таҷлил намудани 1050-солагии Робиаи Балхиро давоми он иқдомҳо арзёбӣ намуд. Мавсуф дар бораи осор, рӯзгор ва саҳми Робиаи Балхӣ дар устувор намудани ҷойгоҳи занон дар адабиёти мо андешаҳояшро баён намуда, аз ҷумла тазаккур дод, ки ар ашъори Робиа мавзуи ишқ бо самимият ва беҷило тасвир ёфтааст. 

 

Доктори илмҳои фалсафа Башир Азизӣ дар навбати худ дар бораи корномаҳои бемисли Робиаи Балхӣ дар ҷодаи шеъру шоирӣ андешарони карда, ишқи Робиаи Балхиро заминию самимӣ ва ҷасорати ӯро беназир номид. Ӯ мисли бисёре аз шоирон ишқро бо рамзҳои мазҳабӣ ва зоҳирпарастӣ намеомезад, балки онро ҳамчун эҳсоси поки инсонӣ нишон медиҳад. Башир Азизӣ баргузории чунин маҳфилҳои илмиро аз баракати сиёсати маърифатпарваронаи Пешвои тоҷикон дониста, таъкид намуд, ки ба қадри заҳматҳои ин марди наҷиб бояд бирасем.

 

Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зиннатулло Исмоилзода зимни суханронии худ махсус таъкид кард, ки бо шарофати Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу суботи кишвари азизамон аз ҷониби Асосгузори сулњу вањдати миллї-Пешвои миллат, Президенти Љумњурии Тољикистон муњтарам Эмомалї Рањмон ҳамчун далели боз ҳам устувор гардидани пояҳои давлатдории навини миллӣ ҳамасола чорабиниҳои илмию фарҳангии зиёде баргузор мегардад, ки таҷлили солгарди ҳамаи намояндагони фарҳангу адабиёти мо далели равшан аст.

 

Омӯзгори кафедраи филологияи тоҷик ва забонҳои хориҷии донишкада, номзади илмҳои филологӣ Наимова Фарзона дар мавзуи “Робиаи Балхӣ – рамзи ишқ, озодагӣ ва ҷасорати зан” суханронӣ карда, осор, рӯзгор ва ҷасорати беназири Робиаи Балхиро ба риштаи таҳқиқ кашид. Наимова Фарзона дар фароварди маърузааш зикр намуд, ки ҳаёти Робияи Балхӣ гарчанде кӯтоҳ буд, аммо мисли чароғе дар торикӣ нур пошид. Ӯ дар дили хонандагон ва дӯстдорони адабиёт ҷойгоҳи хос дорад. Вай исбот кард, ки калом метавонад аз ҳама деворҳо гузашта, номи инсонро ба абадият бибарад.

 

Дар фарҷоми конференсия миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, вобаста ба мавзӯъҳои баррасишуда фикру мулоҳизаҳо пешниҳод гардиданд.

  • АҲАММИЯТИ ИЛМИЮ МАЪРИФАТӢ ВА ЗЕБОИШИНОСИИ ОСОРИ РОБИАИ БАЛХӢ img
  • АҲАММИЯТИ ИЛМИЮ МАЪРИФАТӢ ВА ЗЕБОИШИНОСИИ ОСОРИ РОБИАИ БАЛХӢ img
  • АҲАММИЯТИ ИЛМИЮ МАЪРИФАТӢ ВА ЗЕБОИШИНОСИИ ОСОРИ РОБИАИ БАЛХӢ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “НОЗИРОНИ НАВРАСИ ҲАРАКАТ ДАР РОҲ” БАРГУЗОР ГАРДИД Бо иқдоми шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ва Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дар Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии “Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ” бо иштироки муовини сардори шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе, сардори раёсати муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, 5 даста аз муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе баргузор гардид.   Сипас, озмун аз рӯи 4 шарт: 1.Донишмандони Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ (кор бо тест, 8 савол); 2. Танзимгари наврас (1 нафар иштирокчӣ ба 10 савол ҷавоб пешниҳод менамояд); 3. Чархи амонӣ (аз даста 4 нафар (2 писар ва 2 духтар) иштирок менамояд); 4 Азназаргузаронии сафороӣ (даста, ки аз 10 нафар иштирокчӣ иборат аст, иштирок менамояд) гузаронида шуд.   Дар ҷамъбаст бо баст овардани холи аз ҳама зиёд дастаи Муассисаи тащсилоти миёнаи умумии №42-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи якум, дастаи Муассисаи итащсилоти миёнаи умумии №19 сазовори ҷойи дуюм ва дастаи Муассисаи давлатии таълимии «Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибон бо диплому туҳфаҳои хотиравии кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ гардиданд.   Ҳамзамон, аз ҷониби Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба Шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе барои ҳамкории судманд дар тарғибу ташвиқи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ дар байни кӯдакону наврасон, пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки онҳо ва дар ин замина дар баргузории даври шаҳрии Озмуни "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" ва Муассисаи давлатии "Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе" барои саҳмгузорӣ дар ташкил ва баргузории даври шаҳрии Озмуни "Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ" Сипоснома супорида шуд.

    34

    21.05.2026
  •  img
    АРҶГУЗОРӢ БА ХОТИРАИ ФАРЗАНДОНИ ФИДОИИ МИЛЛАТ 21 майи соли 2026 роҳбарият, ҳайати омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода бо мақсади эҳтиром ва гиромидошти хизматҳои фарзандони содиқи миллат ба Оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе ҳозир шуданд.   Дар ҷараёни ин боздиди маънавӣ иштирокдорон аз оромгоҳҳои Қаҳрамонони Тоҷикистон - Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемур, инчунин шахсияти маъруфи таъриху фарҳанги миллӣ Нисор Муҳаммад дидан намуда, ба рӯҳи поки онҳо арҷ ва гулчанбар гузошта, дуои хайр карданд.   Ин тадбири фарҳангиву тарбиявӣ дар руҳияи сиёсати хирадмандона ва ташаббусҳои ватансозонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, барои таҳкими ҳисси худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таърихи давлатдории тоҷикон аҳаммияти муҳим дорад.   Зикр шуд, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хоки ин фарзандони номдори миллат ба Тоҷикистон оварда шуда, номи онҳо ҳамчун муборизони роҳи истиқлол, озодӣ ва давлатдории миллӣ гиромӣ дошта мешавад.   Ҳамзамон, дар рафти маросим хотираи неки дигар намояндагони шинохтаи илму фарҳанг ва адабиёти тоҷик низ пос дошта шуд.

    38

    21.05.2026
  •  img
    БАРРАСИИ МАСЪАЛАҲОИ РУШДИ ҲАМКОРӢ БО НАШРИЁТИ ДОНИШГОҲИ КЕМБРИҶ ВА МАРКАЗИ АРЗЁБӢ Дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии маориф (Education World Forum 2026), ки дар шаҳри Лондон баргузор гардида истодааст, мулоқоти муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода бо намояндагони бо намояндагони Нашриёти Донишгоҳи Кембриҷ ва Маркази арзёбӣ (Cambridge University Press & Assessment) доир гардид.   Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди омӯзиши забони англисӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва ҷорӣ намудани стандартҳои байналмилалии арзёбӣ дар муассисаҳои таълимии кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.   Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои судманд дар самти таҳияи барномаҳои муштараки таълимӣ, омодасозии омӯзгорон ва татбиқи усулҳои муосири баҳодиҳӣ муҳокима гардида, ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши ҳамкориҳо иброз намуданд.   Дар ҷараёни мулоқот таъкид гардид, ки рушди ҳамкорӣ бо ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ метавонад барои ташаккули низоми таҳсилоти рақобатпазир, баланд бардоштани сатҳи донишандӯзии хонандагону донишҷӯён ва мутобиқ намудани раванди таълим ба талаботи ҷаҳони муосир заминаи мусоид фароҳам оварад.   Инчунин, ҷонибҳо аҳаммияти истифодаи таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ дар самти омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва арзёбии сатҳи донишро муҳим арзёбӣ намуда, изҳори умед карданд, ки ҳамкориҳои минбаъда ба рушди соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон такони ҷиддӣ мебахшанд.

    51

    21.05.2026