11.10.2024
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дар ин сафар Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Хабарҳои дигар
-
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 23,2 фоиз зиёд мебошад. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Даромади буҷети давлатӣ, мутобиқи дурнамо, дар соли 2028 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029 104, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои босамари нишондодҳои буҷети давлатӣ дар назди вазорату идораҳои марбута як қатор супоришҳо гузоштанд, аз ҷумла рақамикунонӣ ва мубодилаи электронии маълумот, васеъ кардани заминаи андозбандӣ ва бартараф намудани қарзҳои андозӣ, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулот ва ғайра. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Сипас, дар кори маҷлис Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда, ба масъулони сохторҳои марбута супоришҳо доданд. Дар фароварди маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба ҷамъоварии бетелафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молҳои ниёзи аввал, захираи кофии маводи сухт барои давраи зимистон ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 40 солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд. Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 октябр таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” ва дурнамои нишондиҳандаҳои буҷети давлатӣ барои солҳои 2028-2029 баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки дар заминаи дурнамои рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ даромади буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои воридот дар ҳаҷми 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад, ки ҳаҷми умумии он нисбат ба буҷети тасдиқшудаи соли 2026 ба маблағи 15,1 миллиард сомонӣ ё ба андозаи 23,2 фоиз зиёд мебошад. Барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар соли 2027 36,7 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 44,8 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Даромади буҷети давлатӣ, мутобиқи дурнамо, дар соли 2028 90,2 миллиард сомонӣ ва дар соли 2029 104, 6 миллиард сомонӣ пешбинӣ мегардад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иҷрои босамари нишондодҳои буҷети давлатӣ дар назди вазорату идораҳои марбута як қатор супоришҳо гузоштанд, аз ҷумла рақамикунонӣ ва мубодилаи электронии маълумот, васеъ кардани заминаи андозбандӣ ва бартараф намудани қарзҳои андозӣ, вусъат додани истеҳсолоти ватанӣ ва коҳиш додани воридоти маҳсулот ва ғайра. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур доданд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027” маъқул дониста шуда, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Сипас, дар кори маҷлис Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ва дурнамои нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2028-2029, Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026-2030, Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030, Барномаи давлатии омӯзиши криосфера ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 ва Нақшаи амал оид ба амалигардонии Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028 дар солҳои 2027-2028 муҳокима ва қарорҳои дахлдор қабул карда шуд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалисозии дастурҳои қаблии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва масъалаҳои дар маҷлиси навбатӣ баррасишуда, ба масъулони сохторҳои марбута супоришҳо доданд. Дар фароварди маҷлис Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба ҷамъоварии бетелафи ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои истеъмолӣ бо молҳои ниёзи аввал, захираи кофии маводи сухт барои давраи зимистон ва вусъати корҳои созандагию ободонӣ ба истиқболи сазовори ҷашни 40 солагии Истиқлоли давлатӣ ҷалб намуданд.
23
29.10.2026 -
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна» Бо мақсади дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, таҳкими иқтидори саноатӣ ва содиротии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкориву сармоягузорӣ бо ташаббус ва иқдоми бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давоми солҳои 2008-2026 (солҳои 2008, 2011, 2018, 2022, 2025 ва 2026) дар ҷумҳурӣ 5 маротиба ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мораторий эълон шудааст. Мораторийҳои эълоншуда ба рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва бахши истеҳсолӣ таъсири мусбат расонида, барои фароҳам овардани фазои мусоид ҷиҳати ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои корӣ ва дар маҷмуъ барои беҳбудии некӯаҳволии мардум мусоидат намуд. Қобили зикр аст, ки дар тамоми марҳалаҳои татбиқи мораторий ба санҷишҳо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои дахлдор қабул гардида, муносибатҳои марбут ба мораторийҳои эълоншуда мушаххас ба танзим дароварда мешаванд. Бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, фароҳам овардани фазои мусоид барои ҷалби сармоя ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1-уми январи соли 2029 мораторий эълон карда мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод менамояд. Муносибатҳои вобаста ба мораторийи эълоншуда дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ» ба танзим дароварда мешаванд. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкориро муайян намуда, тартиби татбиқи онро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Тибқи муқаррароти Қонун, амали муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар давраи татбиқи мораторий ба санҷишҳо боздошта мешавад.
58
28.10.2026 -
ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна Мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фармон медиҳам: 1. Ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2029 мораторий эълон карда шавад. 2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои фармони мазкур дар муҳлати як моҳ санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро пешниҳод намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ш. Душанбе 28 октябри соли 2026 №1237
67
28.10.2026