11.01.2025

 img

28 декабри соли 2024 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид шуд, ки “соли 2024 барои Тоҷикистон бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин шиддат гирифтани мухолифатҳои сиёсӣ ва таҳримҳо байни кишварҳои абарқудрат, мусаллаҳшавии бошитоб, «ҷанги сард», тағйирёбии иқлим, инчунин канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот бо шарофати заҳмати аҳлонаю содиқонаи мардуми сарбаланди мамлакат боз як соли бобарор гардид”.

 

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аҳамияти муҳимми илмӣ, назариявӣ, сиёсӣ, фалсафӣ ва маънавию тарбиявӣ дошта, чун санади пурарзиши роҳнамо барои муайянсозӣ ва пешрафти давлатдории миллӣ хизмат менамояд. Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар баробари таҳлилу баррасии тамоми самтҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ самти илм ва маориф ба таври хеле васеъ мавриди таҳлил, таҳқиқ ва баррасӣ қарор дода шуд. Президенти Тоҷикистон доир ба муҳимтарин дастовардҳои солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, махсусан бунёди 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ андешаҳои воқеъбинона баён намуда, онҳоро ба комёбиҳои халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ мансуб донистанд.

 

Аз муҳтавои Паём ба Маҷлиси Олӣ бармеояд, ки дар низоми кунунии сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон илм ва маориф мавқеъ ва манзалати хосса доранд. Дар ин хусус Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд, ки “ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳама пешравию пирӯзии ҳар давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”.

 

Тавре таъкид карда шуд, имрӯз 42 ҳазору 400 нафар ҷавонони мо дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафар ё беш аз 30 фоизи онҳо духтарон мебошанд.

 

Аҳли илму маорифи мамлакат аз он ифтихор мекунанд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба самти маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, супориш дода шуд, ки “бо вуҷуди корҳои то имрӯз дар соҳаи маориф амалигардида Ҳукумати мамлакат, Вазорати маориф ва илм ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бо назардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд гардидани шумораи кӯдакону наврасон тадбирҳои мушаххас андешанд.

 

Яъне дар панҷ соли оянда бо истифода аз ҳама сарчашмаҳои маблағгузорӣ ва бо назардошти ҳадафи гузошташуда барои фарогирии 50 фоизи кӯдакони синну соли томактабӣ бунёди 800 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва беш аз 1000 муассисаи таҳсилоти умумиро таъмин намоянд.

 

Роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар панҷ соли оянда бо назардошти афзоиши аҳолӣ, барои дар ҳар маҳалли аҳолинишин, ки 100 оила зиндагӣ мекунад, ҳатман ҷиҳати бунёд кардани як муассисаи томактабӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд”.

 

Бо вуҷуди дастоварҳои беназири соҳаи маориф дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар ҳақиқат моро зарур аст, ки боз ҳам системаи идораи маорифро мустаҳкам намуда, дар радифи кишварҳои аз лиҳози илм ва фановарӣ пешрафта қадам бигзорем. Роҳи расидан ба низоми пешрафтаи давлатро Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маориф арзёбӣ карда, таъкид намуданд, ки “сабаби асосии бадбахтии ҳар миллат ва давлат эътибор надодан ба сифати мактабу маориф, саҳлангорӣ кардан ба тарбияи кӯдак аз хурдсолӣ ва фароҳам наовардани муҳити мусоид барои таълиму тарбия мебошад.

 

Яъне то вақте, ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд.

 

Аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад.

 

Бинобар ин, ташаббус дар ин самт бояд пурра дар дасти давлат бошад.

 

Маҳз барои ҳамин ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”.

 

Возеҳ аст, ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро самти афзалиятноки фаъолияти роҳбарии худ қарор дода, тамоми нерую тавони хешро ба рушди ин соҳаи ҳаётан муҳими мамлакат равона намудаанд ва барои таълиму тарбияи босамари хонандагону донишҷӯён дар ҳама шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бунёди муассисаҳои таълимӣ ва шароити хуби таҳсилро фароҳам меоваранд.

 

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи илму маориф, рушди бомароми ҷомеа, беҳбудӣ дар соҳаи маориф ва рушди сармояи инсонӣ дар Паёми Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ Вазорати маориф ва илм вазифадор карда шуд, ки барои таҷдиди назар кардани стандартҳо ва нақшаю барномаҳои таълимӣ, ворид намудани воҳидҳои нави кории омӯзгорони забонҳои хориҷӣ, таҳияи маводи муосири таълимӣ, истифодаи босамари технологияҳои рақамӣ, усулҳои навини омӯзиши забон ва такмили маҳорати касбии омӯзгорон тадбирҳои қатъӣ андешад.

 

Муҳимтарин нуктаи дигари хушҳолкунанда вобаста ба соҳаи илму маориф ин аст, ки аз якуми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 30 фоиз зиёд карда мешавад.

 

Хулоса, ҳар нуктаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар вазъияти зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза фарогири масоили хеле муҳим барои рушду инкишофи илму маорифи мамлакат ва низоми таълиму тарбияи насли ҷавону наврас ба ҳисоб меравад.

 

Имрӯз аҳли маорифро зарур аст, ки иҷрои тамоми дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фаъолияти рӯзмарраи корӣ сари вақт ва босифат таъмин намуда, барои рушди маорифи мамлакат, махсусан баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия масъулияти бузурги шаҳрвандӣ эҳсос намоянд.

 

Юсуф МУҲИДДИНОВ,

директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 38

ноҳияи Синои шаҳри Душанбе

  • Илму маориф ва рушди сармояи инсонӣ — дар меҳвари Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд Масъалаҳои густариши ҳамкории гуманитарӣ ва таълимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 5 май дар вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) Андрей Патрушев баррасӣ гардиданд.   Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ иброз шуд, ки намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба яке аз ниҳодҳои муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию илмии ду давлат табдил ёфтааст. Марказ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин дар шабакаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунад.   Изҳор шуд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон пайваста рушд меёбад. Аз ҷумла, барномаи квотаҳои таҳсилӣ имкон медиҳад, ки ҳамасола садҳо довталабони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия ба таври ройгон таҳсил намоянд.   Ҳамзамон ба ташкили даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.   Ҷонибҳо инчунин масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид шуд, ки тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду давлат барои таъмини идомаи бемонеаи таҳсил ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён муҳим мебошад.   Пешниҳод гардид, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилӣ ҳамкорӣ бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ тақвият дода шуда, байни сохторҳои дахлдор механизми ҳамоҳангсозии муштарак амалӣ гардад.

    23

    06.05.2026
  •  img
    Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии мактаб бо 16 синфхона барои 800 хонанда оғоз шуд Дар доираи татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади беҳтар намудани шароити таълиму тарбия дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 72-и ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагӣ иборат аз 16 синфхонаи таълимӣ барои 800 хонанда дар ду баст оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.   Дар маросими оғози сохтмон раиси ноҳияи Ёвон Икромиддин Вализода, роҳбарону кормандони соҳаи маориф ва фаъолон иштирок намуданд.   Таъкид гардид, ки иқдоми мазкур бо саҳми соҳибкори ватандӯст Акбар Асадулло амалӣ гардида, намунаи равшани шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар рушду пешрафти соҳаи маориф ба ҳисоб меравад. Иншооти мазкур тибқи нақшаи лоиҳаи сохтмонӣ то ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.   Раиси ноҳия иброз намуд, ки бо дастгирии сиёсати давлатӣ ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ тадриҷан мушкилоти норасоии синфхонаҳо бартараф гардида, барои хонандагон шароити муосири таҳсил фароҳам оварда мешавад.   Ҳамзамон таъкид карда шуд, ки бинои нави иловагӣ дорои синфхонаҳои замонавӣ буда, ба беҳтар гардидани сифати таълим ва фарогирии бештари хонандагон мусоидат менамояд.   Соҳибкори маҳаллӣ Акбар Асадулло дар баробари бунёди иншооти мазкур барои сохтмони бинои нави иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 69 ва дигар муассисаҳои таълимии ноҳия низ саҳмгузорӣ менамояд.

    63

    15.04.2026
  •  img
    Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон расман ҳамоҳангсози миллии шабакаи «UI GreenMetric» ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон гардид Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамоҳангсози миллии шабакаи UI GreenMetric ва ташаббусҳои «сабз» дар Тоҷикистон таъйин гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин донишгоҳ.   Дарёфти ин шаҳодатномаи байналмилалӣ нишонаи эътирофи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар самти тарғиби устувории экологӣ ва ташаббусҳои «сабз» мебошад.   Минбаъд Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсоз барои тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар доираи рейтинги ҷаҳонии «UI GreenMetric Sustainable University Rankings» фаъолият хоҳад кард.   Шаҳодатномаи мазкур 15 апрел зимни ифтитоҳи Саммити ректорони донишгоҳҳои сабз, ки дар доираи Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устовор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» дар Душанбе баргузор гардид, аз ҷониби роҳбари «UI GreenMetric»-и Донишгоҳи Индонезия, доктор Вишну Ҷувоно ба ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Убайдулло Асрорзода тақдим гардид.

    57

    15.04.2026