25.09.2024

 img

Муҷаҳҳазгардонии синфхонаҳои таълимӣ, татбиқи лоиҳаҳои босамар дар соҳаи маориф, нашри китобҳои дарсӣ ва маводи таълимӣ, гузариш ба низоми даҳхолаи баҳогузорӣ ва дигар масъалаҳои соҳаи маориф 24 сентябр зимни баргузории ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа иштирокдорон доир ба сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

Ҷаласаи Гурӯҳи маорифи маҳаллӣ (LEG) платформае аст, ки масъалаҳои соҳаи маорифро ҳамроҳ бо шарикони рушд мавриди баррасӣ қарор медиҳад. То кунун дар самтҳои гуногуни соҳаи маориф, аз қабили фарогирии кӯдакон ба таҳсили томактабӣ, боло бурдани сатҳи таълиму тарбия, муҷаҳҳазгардонии кабинетҳою озмоишгоҳҳои фаннӣ ва дигар соҳаҳо дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд корҳои зиёд ба анҷом расидаанд.

  • Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои соҳаи маориф баррасӣ гардиданд img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Вазири маориф ва илм дар конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои мубрами таҳсилоти фарогир иштирок намуд Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таҳсилоти фарогир дар ҷаҳон: замина, сиёсат ва амалия» дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.   Конференсия таҳти сарпарастии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия, Комиссияи Русия оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия ба номи Патрис Лумумба баргузор шуд. Дар он беш аз 500 иштирокчӣ аз 50 давлати ҷаҳон ва намояндагони вазоратҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва ташкилоти байналмилалӣ ҳузур доштанд.   Вазири маориф ва илм аҳаммияти таҳсилоти фарогирро чун ҷузъи муҳимтарини сиёсати маориф таъкид намуда, гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳама кӯдакон, аз ҷумла, кӯдакони дорои ниёзҳои махсус тамоми тадбирҳоро андешидааст. Вазир инчунин аз дастгириҳои ҳамешагии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Сарвари давлат дар самти таҳсилоти фарогир тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ шудаанд.   Дар ҳамоиш иштирокчиён таҷрибаи давлатҳои худро дар самти таҳсилоти фарогир муаррифӣ намуданд. Конференсия имконият дод, ки Тоҷикистон мавқеяшро чун ҷонибдори ташаккули ҷомеаи баробар ва фарогир дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунад. Ҳамзамон таҷрибаи амалии худро дар бахши таҳсилоти фарогир бо дигар давлатҳо мубодила намояд.   Таҳсилоти фарогир дар Тоҷикистон дорои заминаи мустаҳками қонунгузорӣ мебошад. Қонунҳо ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла, Қонун «Дар бораи маориф» ва Қонун «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ҳуқуқи ҳама кӯдакон, аз ҷумла, онҳоеро, ки ба гурӯҳҳои осебпазир дохиланд, ба таҳсил ва дастрасӣ ба имконияти баробар таъмин мекунанд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2024 «Консепсияи таҳсилоти фарогир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2045» тасдиқ шуда, таваҷҷуҳ ба бартарафсозии ҳама гуна табъиз ва беҳтарсозии муҳити таълимӣ равона шудааст. Ҳоло дар давлат 4 муассисаи томактабӣ ва 15 мактаб-интернат барои кӯдакони дорои имконияти маҳдуд фаъолият доранд, ки зиёда аз 3000 кӯдакро фаро гирифтаанд.   Ҳадафи асосии конференсия тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти таҳсилоти фарогир, мубодилаи таҷриба, ҳамоҳангсозии талошҳои илмӣ-педагогӣ ва таҳияи тавсияҳо барои беҳтар намудани дастгирӣ ба хонандагони гурӯҳҳои осебпазир арзёбӣ гардид. Дар ҳамоиш диққати махсус ба ташкили муҳити фарогири таълим барои кӯдакони маъюб дода шуд. Ин чорабинӣ имконият фароҳам овард, ки кишварҳо таҷрибаи пешрафтаашонро мубодила намуда, роҳҳои нави ҳамкориро барои рушди таҳсилоти фарогир пайдо кунанд.

    20

    12.12.2025
  •  img
    Дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия зиёда аз 27 ҳазор донишҷӯёни тоҷик таҳсил доранд Дар соли таҳсили 2024-2025 ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия 8 ҳазору 177 шаҳрванди Тоҷикистон қабул гардиданд. Чунин иттилоъ дода шуд зимни вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо донишҷӯёни тоҷике, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия таҳсил доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар доданд.   Вохӯрии Вазири маориф ва илм бо донишҷӯёни тоҷик 10 декабр дар Донишгоҳи дӯстии халқҳои Русия баргузор шуд. Иброз гардид, ки дар маҷмуъ дар Федератсияи Русия 27 ҳазору 490 донишҷӯи тоҷик таҳсил дорад.   Зимни вохӯрӣ Вазири маориф ва илми Тоҷикистон иброз дошт, ки донишҷӯён ояндаи мамлакат, неруи илмию касбии он мебошанд. Баландии сатҳи дониш ва малакаи касбии донишҷӯён дар рушди иқтисод, илм ва соҳаи иҷтимоӣ нақши калидӣ дорад.   Вазир таъкид намуд, ки имконияти таҳсили байналмилалие, ки имрӯз донишҷӯён аз он истифода мебаранд, натиҷаи сиёсати ҳамоҳангшуда ва дастгирии пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Федератсияи Русия намунаи равшани ҳамкории стратегӣ ва натиҷаи сиёсати хирадмандонаи ду давлат – Тоҷикистону Русия мебошад. Сарони ду давлат- Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия муҳтарам Владимир Путин барои рушди захираи инсонӣ ва густариши ҳамкории фарҳангию илмӣ заминаи устувор муҳайё намудаанд. Ин вазъият ба донишҷӯён имкон медиҳад, ки дар муҳити пешрафтаи академӣ таҷриба ва малакаи сатҳи байналмилалӣ ҳосил намоянд.   Дар суҳбат бо донишҷӯён вазир таъкид намуд, ки солҳои таҳсил дар Федератсияи Русия бояд барои донишҷӯён давраи рушди касбӣ, афзоиши таҷриба ва мустаҳкам намудани дӯстӣ бошад. Донишҷӯёни мо бояд Тоҷикистонро дар берун аз мамлакат муваффақона муаррифӣ карда, ҳамчун мутахассисони тавоно ва боэътимод дар рушди мамлакат саҳм гузоранд.   Зимни мулоқот донишҷӯён доир ба дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шароиту имконияти мусоиди таҳсил ибрози назар намуданд.

    22

    11.12.2025
  •  img
    Вазири маориф ва илм дар ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф иштирок намуд Аз 3 то 5 декабри соли равон дар шаҳри Брюссели Шоҳигарии Белгия ҷаласаи навбатии Шурои директорони Шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф (GPE) баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода ҳамчун аъзои Шурои директорон аз ҳавзаи кишварҳои Аврупои Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Шарқи Наздик иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад.   Дар кори ин ҳамоиши сатҳи баланд намояндагони давлатҳои аъзо, донорон ва созмонҳои байналмилалӣ масъалаҳои калидии марбут ба рушди устувори маориф, таҳкими ҳамкории бисёрҷониба ва афзалияти стратегӣ барои давраи то соли 2030-ро баррасӣ карданд.   Дар ҷараёни муҳокимаҳо ҷонибҳо таъкид намуданд, ки афзоиши сармоягузории устувор ба соҳаи маориф, беҳсозии сифати таҳсил, рушди инфрасохтори таълимӣ, истифодаи инноватсия ва таъмини дастрасии баробар ба таҳсил барои ҳамаи ҷомеа, аз ҷумла кӯдакони маъюб муҳимтарин вазифаҳои давраи наздик мебошанд.   Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор дошт, ки тағйирёбии иқлим яке аз омилҳои асосии таъсиргузор ба раванди таълим, инфрасохтори мактабӣ ва имконияти дастрасӣ ба таҳсил дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Иброз намуд, ки барои таҳияи барномаҳои мутобиқсозӣ, таҳкими устувории муассисаҳои маориф ва ҷалби маблағгузории устувор аз ҷониби шарикони байналмилалӣ ҳамкорӣ бо GPE аҳаммияти хосса дорад.   Вазири маориф ва илм хотирнишон кард, ки Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо GPE якчанд лоиҳаҳои муҳим, аз ҷумла ислоҳоти барномаҳои таълимӣ, таҳкими касбияти омӯзгорон, беҳсозии инфрасохтори таълимӣ ва густариши барномаҳои фарогирӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдудро амалӣ кардааст. Ба таъкиди вазир, тақвияти муносибатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ бо GPE метавонад дар рушди инноватсия, рақамигардонӣ, боло бурдани сифати таълим ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф нақши муассир гузорад.

    37

    07.12.2025