
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ 15 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илм таҳти роҳбарии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Муовини вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа доир ба нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар рушди шахсияти хонандагон, ташаккули малакаҳои ҳаётӣ, баланд бардоштани сатҳи эҷодкорӣ ва тарбияи зеҳнии насли наврас андеша ронда, зикр намуд, ки ин самт яке аз унсурҳои муҳимми низоми таҳсилоти умумӣ буда, барои фароҳам овардани имкониятҳои баробар дар рушди қобилиятҳои табиии кӯдакон ва ҷавонон нақши муассир дорад. Дар ҷараёни ҷаласа директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳрҳои Бохтар, Ҳисор ва ноҳияи Сино доир ба натиҷаи фаъолияти нуҳмоҳаи худ ҳисобот дода, дар бораи дастовардҳо, таҷрибаи корӣ ва мушкилоти мавҷуда маълумот пешниҳод намуданд. Ҳамзамон, масъалаҳои вобаста ба тақвияти пойгоҳи моддиву техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва ҷалби васеи хонандагон ба фаъолияти эҷодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Муовини вазир дар рафти муҳокима як қатор пешниҳодҳои муфид ва амалӣ барои рушди минбаъдаи таҳсилоти иловагӣ ироа намуда, таъкид дошт, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд дар асоси барномаҳои давлатӣ ва талаботи замони муосир роҳандозӣ гардида, натиҷаҳои мушаххаси таълимӣ ва тарбиявиро таъмин намоянд. Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин даъват гардид, ки камбудиву норасоиҳои зикршударо бартараф намоянд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
38
15.10.2025
-
ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ ГУРӮҲИ КОРИИ БОНКИ ҶАҲОНӢ 14 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовинони вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ва Бадриддин Музаффарзода бо ҳайати гурӯҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ баргузор гардид, ки зимни он масъалаҳои вобаста ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба дар самти рушди соҳаи маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар оғози вохӯрӣ, муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода бо ибрози пазироии самимӣ, ташрифи ҳайати Бонки Ҷаҳониро ба вазорат хайрамақдам гуфта, изҳор намуд, ки ин мулоқот барои тавсеаи бештари ҳамкориҳои дуҷониба такони ҷиддӣ хоҳад бахшид. Таъкид шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ аз соли 1993 то инҷониб ҳамчун яке аз шарикони стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои муҳим, хусусан дар бахшҳои маориф ва илм, саҳми назаррас дорад. Дар давоми ҳамкорӣ, Бонки Ҷаҳонӣ ба зиёда аз 120 лоиҳа маблағгузорӣ намудааст. Дар навбати худ, намояндаи ҳайати гурӯҳи кории Бонки Ҷаҳонӣ миннатдории худро барои пазироии гарму самимӣ изҳор намуда, таъкид дошт, ки ҳамкории мунтазам миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Ҷаҳонӣ заминаи устувори рушду тавсеаи соҳаи маориф ва илм хоҳад гашт. Гуфта шуд, ки Бонки Ҷаҳонӣ омода аст, минбаъд низ барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муҳим ва дастгирии ташаббусҳои нави вазорат саҳми фаъол гузошта, дар самти баланд бардоштани сифати таҳсилот ва дастрасии васеи хонандагон ва донишҷӯён ҳамкории мутақобилан судмандро ба роҳ монад. Бо ишора ба саҳми арзандаи Бонки Ҷаҳонӣ дар рушди соҳаи маориф, қайд гардид, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду лоиҳаи бузург аз ҷониби ин созмон амалӣ гардида истодааст, ки ҳадафи асосии онҳо беҳтарсозии сифати таълим, рушди инфрасохтори таълимӣ ва баланд бардоштани дастрасии хонандагон ба таҳсилоти босифат мебошад. Дар идома, муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музафарзода зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии Рушд, тадбирҳои судмандро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, бахусус, дар самтҳои илмҳои дақиқ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM), татбиқ намуда, тавассути сохтмони муассисаҳои таълимии муҷаҳҳаз ва таҳкими иқтидори омӯзгорӣ, барои ташаккули сармояи инсонӣ заминаи устувор фароҳам оварда истодааст. Вохӯрӣ дар фазои созанда ва мутақобилан судманд сурат гирифта, ҷонибҳо омодагии худро барои таҳкими равобити дуҷониба таъкид намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
27
14.10.2025
-
СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ТАҲКИМИ МЕХАНИЗМҲОИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ 14 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Нақшаи баргузории семинарҳои омӯзишӣ семинар дар мавзуи «Роҳҳои пешгирии коррупсия дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои онҳо» баргузор гардид. Дар кори семинар муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода, намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва дигар кормандони соҳаи маориф иштирок намуданд. Муовини якуми вазири маориф ва илм зимни суханронӣ таъкид намуд, ки роҳбарияти Вазорати маориф ва илм пайваста барои таҳкими низоми қонунмеҳварӣ, шаффофият ва масъулиятшиносӣ дар фаъолияти худ тадбирҳои муҳим меандешад ва мубориза бо коррупсия ва таҳкими механизмҳои зиддикоррупсионӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти вазорат ба шумор меравад. Зеро соҳаи маориф бевосита ба ташаккули маърифати шаҳрвандӣ ва ахлоқи ҳуқуқии насли наврас пайванд аст. Гуфта шуд, ки дар доираи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аз 3 июни соли 2014, №355 «Дар бораи Тартиби гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумиҳатмидоштаи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, дигар мақомоти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва лоиҳаҳои онҳо, арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» бо супориши вазири маориф ва илм аз 7 марти соли 2024 дар вазорат гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст, ки вазифаи он гузаронидани арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионии ҳамаи лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва таҳкими назорати иҷрои онҳо мебошад. Гурӯҳи мазкур аз ҳисоби роҳбарони сохторҳои дастгоҳи марказии вазорат таъсис ёфта, фаъолияти он мунтазам ба таҳлил ва бартарафсозии омилҳои эҳтимолии коррупсионӣ равона гардидааст. Зимни семинар таъкид гардид, ки дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва нақшаи тасдиқгардида, то моҳи октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илм 18 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз арзёбии дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ гузашта, ҳамаи лоиҳаҳои нави пешниҳодшуда тибқи тартиби муқарраргардида мавриди таҳлил ва баррасии ҳаматарафа қарор мегиранд. Муовини якуми вазири маориф ва илм афзуд, ки Вазорати маориф ва илм на танҳо дар сатҳи идоракунии дохилӣ, балки дар тамоми низоми маориф бар зидди падидаҳои коррупсионӣ сиёсати фаъоли пешгирикунандаро пеш мебарад. Дар ин замина, бо ҷалби мутахассисон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ, мулоқотҳо ва семинарҳои омӯзишӣ мунтазам доир гардида, маърифати зиддикоррупсионии кормандон пайваста таҳким меёбад. Дар ҷараёни семинар намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Д. Азамзода, дар бораи таҷрибаҳои муосири таҳлилу арзёбии зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, роҳҳои ошкорсозии омилҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносии хизматчиёни давлатӣ ва зарурати таъмини шаффофият дар фаъолияти мақомоти давлатӣ суханронӣ намуд. Дар ҷамъбасти семинар зикр шуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон минбаъд низ бо такя ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти зиддикоррупсионии худро густариш дода, дар ҳамбастагӣ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои таъмини муҳити софу шаффоф дар низоми маориф тадбирҳои судманд меандешад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
29
14.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар- 30.09.2025 Бештар
-
22.09.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар -
15.09.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор