ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ПАЗИРОИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRAINIACS» Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон маросими истиқболи ғолибон ва иштирокдорони Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» баргузор гардид. Қобили зикр аст, ки аз 24 то 30 марти соли 2026 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» аз фанҳои забони англисӣ, математика, физика, биология, география, таърих ва барномасозӣ барои хонандагони синфҳои 3–11 баргузор шуд. Дар ин сабқати бонуфуз, ки бо иштироки намояндагони 18 давлати ҷаҳон доир гардид, хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дастаи кишвар дар маҷмӯъ соҳиби 173 ҷойи ифтихорӣ гардид, аз ҷумла 31 медали тилло, 56 медали нуқра ва 86 медали биринҷӣ ба даст овард. Ин дастоварди назаррас гувоҳи сатҳи баланди дониш, истеъдод ва омодагии хонандагони тоҷик буда, нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.23
30.03.2026
-
БА ИСТИФОДА ДОДАНИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ №46 ДАР НОҲИЯИ МАСТЧОҲ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Дӯстии ноҳияи Мастчоҳ бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46-ро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Бинои муассиса бо иқдоми сокинони 4 деҳаи деҳоти Палдораки ноҳияи Мастчоҳ – деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд ва Истошон, саҳми соҳибкорону ашхоси саховатпеша тавассути ҳашари умумӣ бо лоиҳаи мутобиқ ба талаботи муосир бунёд гардидааст. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сӯҳбати гарму самимӣ бо омӯзгорону хонандагон, масъулон ва падару модарон иқдоми сокинони ин деҳоти ноҳияи Мастчоҳро иқдоми шоистаю ватандӯстона, ғамхорӣ ба фарзандон ва намунаи ибрат номиданд. Сокинону соҳибкорони ин деҳаҳо бо ифтихору сарбаландӣ аз неъмати таърихӣ – Истиқлоли давлатӣ сиёсати созандагии Пешвои миллатро намунаи олии ободонӣ баҳри истиқболи сазовору арзандаи ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуданд. Дар бунёди бино ва иншооти муассисаи нав ҳамаи 750 оилаи деҳаҳои Табушн, Сабағ, Валиғонд, Истошон ва соҳибкорону ашхоси саховатпеша аз ҳисоби пасандозу даромадҳо саҳм гузоштаанд. Аксари корҳои сохтмонӣ бо қувваи сокинони ин деҳаҳо анҷом дода шудаанд. Бинои муассиса дорои 15 синфхона, кабинетҳои фаннӣ, китобхона ва толору майдони варзишӣ барои таҳсили 800 нафар хонанда дар ду баст мебошад. Дар бинои нави муассиса 400 хонанда, фарзандони сокинони деҳаҳои номбурда ба таҳсил фаро гирифта мешаванд. Ин хонандагон қаблан дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40, воқеъ дар деҳаи “40-солагии Дилварзин” таҳсил мекарданд. Бо афзоиши аҳолӣ, зиёд шудани шумораи хонандагон дар муассиса нарасидани ҷои нишаст ба вуҷуд омада буд. Бо бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №46 минбаъд дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40 дарсҳо дар ду баст сурат гирифта, барои гузаронидани маҳфилу машғулиятҳои иловагӣ шароит муҳайё гардид. Ба муассисаи нав мебелу мизу курсӣ, тахтаҳои синфӣ, маҷмӯи компютер бо принтерҳо, таҷҳизоту лавозимот ва аёнияти кабинетҳои фаннӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд датрасу таъмин гардид. Дар саҳни муассисаи нав марказ ва майдони дарсҳои омодагии ҳарбӣ тасис дода шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо омӯзгорон ва сокинони деҳаҳои мазкур баҳри чунин иқдому амали ватандӯстона изҳори сипосу миннатдорӣ намуда, таъкид доштанд, ки ин анъанаю иқдомҳои созандагӣ рукни муҳими тамаддуни тоҷикон мебошад. Бахусус, таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба таълиму тарбияи фарзанд, маърифати фарзандон ғамхорӣ ба ояндаи неки миллат аст.33
30.03.2026
-
ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ СУҒДИЁН ДАР ДЕҲАИ ГАНҶОБОДИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд. Иншооти соҳаи маориф дар доираи истиқболи шоиста аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир сохта шуда, дар он шароити мусоид барои тарбияи зиёда аз 300 кӯдак фароҳам оварда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистони нав 30 парастор бо кори доимӣ таъмин шуда, дар тарбияи дӯстрӯякон бо усулҳои муосири амаливу назариявӣ, барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо саҳм мегузоранд. Ин муассисаи тозабунёд аз 15 ҳуҷра ва 10 гурӯҳ иборат буда, дар он ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, мусаввирӣ, машғулиятҳои амаливу зеҳнӣ ва барои гузаронидани дигар бозиҳои гуногуну шавқовар, ки барои ташаккули барвақтии кӯдакон муҳим мебошанд, сохта шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонии бино, ки дар муддати кутоҳ бо сатҳу сифати баланд бунёд карда шуд, 20 мутахассиси маҳаллӣ бо кор таъмин гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони хушбахту ояндасози Ватан суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Дар боғчаи мазкур ҳуҷраҳои алоҳидаи таълимиву корӣ ҷой дода шуда, толори варзишӣ, дар таҳхонаи он ду ҳавзи шиноварӣ, дар саҳни бино 8 айвонча ва майдончаи бозиҳои шавқовар бунёд гардидааст. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин боғча Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парасторонро барои дар роҳи дуруст, аз ҷумла боидроку хушзеҳн, худшиносу ватандӯст ва ҳушёру зирак тарбия намудани кӯдакон ҳидоят карданд.30
30.03.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар- 31.03.2026 Бештар
- 31.03.2026 Бештар
-
31.03.2026
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS)
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор