ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Ба истифода додани 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 3 бинои дуошёнаи истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавонро ба истифода доданд. Иншооти нави иҷтимоӣ аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони ҳимматбаланди деҳа бе ҷалби маблағҳои буҷетӣ барои 40 омӯзгори ҷавон сохта шуда, дар он мутобиқ ба талаботи замон барои зист шароит фароҳам оварда шудааст. Нахуст, 11 омӯзгори ҷавон, ки аз ноҳияҳои Мурғоб, Ишкошим, Рӯшон, Роштқалъа ва Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тибқи квотаи Президентӣ Донишгоҳи давлатии Хоруғ, Донишгоҳи давлатии Данғара ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистонро хатм мекунанд, соҳиби манзилҳои истиқоматӣ шуданд. Ин нафарон дар муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара минбаъд аз фанҳои дақиқ ва забонҳои русию англисӣ ба наврасон дарс мегӯянд. Оянда 10 нафари омӯзгор аз вилоятҳои Хатлону Суғд ва дигар шаҳру ноҳияҳо барои фаъолият дар муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара бо тариқи озмун ҷалб шуда, дар ҳамин ҷой бо манзили зисти дорои шароити муосир таъмин мешаванд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ёдоварӣ аз пешаи пуршарафи омӯзгорӣ ҷавононро ба истифодаи босамар аз имконияти мавҷуда ва дар рўҳияи донишмандию хештаншиносӣ ба камол расонидани насли наврас ҳидоят карданд. Ёдовар бояд шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа ва беҳтар кардани сифати таълим дастур дода буданд. Баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” ин аввалин иқдоми намунавӣ аз ҷониби соҳибкорон дар кишвар аст, ки якбора барои 40 омӯзгори ҷавон дар деҳаи Пушинг манзилҳои истиқоматӣ сохта шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба намояндагони бахши хусусӣ ҷиҳати бунёди чунин манзилҳои истиқоматии барҳаво барои омӯзгорон ва бо кори пурифтихору манзили зист таъмин кардани гурўҳе аз хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Хоруғ изҳори сипос карда, ташаббуси соҳибкоронро намунаи ибрат дар кишвар маънидод карданд. Иқдоми соҳибкорон омӯзгоронро водор намудааст, ки барои иҷрои рисолати касбӣ ва таълиму тарбияи насли наврас хизмати садоқатмандона анҷом диҳанд. Саҳни манзилҳои истиқоматӣ барои омӯзгорони ҷавон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара дар асоси лоиҳаи муосир сабзкорӣ шуда, ба хотири фароғати хуш суҳбаткадаҳо гузошта шудааст.30
24.10.2025
-
Ифтитоҳи маҷозии кӯдакистони №11 ва 8,5 км роҳ дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 11 ва 8,5 километр роҳҳои дохили деҳаро тариқи фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд. Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки Муассисаи таҳсилоти томактабии рақами 11 дар деҳаи Пушинг бо мақсади амалӣ намудани дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ироагардида аз ҷониби соҳибкорон сохта шуда, барои 150 кӯдак пешбинӣ шудааст. Бинои нави Муассисаи таҳсилоти томактабӣ аз як ошёна иборат буда, дар он барои бо таълиму тарбия фаро гирифтани насли наврас тамоми шароит фароҳам оварда шудааст. Иншоот дар доираи тадбирҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35 - солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати 5 моҳ бунёд ёфтааст. Дар кӯдакистон 4 гурӯҳи таълимӣ амал намуда, раванди таҳсил бо се забон, тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ сурат мегирад. Толори мусиқӣ, ошхона, ҳуҷраҳои хоб, синфхонаҳои барҳавои таълимӣ дар маҷмуъ ҳамаи ин, имконият фароҳам месозад, ки кӯдакон дар шароити хуб таҳсил намоянд. Баъди ба истифода додани кӯдакистони нав 20 сокини деҳаҳои Пушинг, Алиҷон ва Ғиҷовак бо кор таъмин шуданд. Бунёди иншооти замонавӣ барои кӯдакони хуштолеъи замони Истиқлол шароит фароҳам сохт, то онҳо дар рӯҳияи хештаншиносӣ ва ватандустӣ ба камол расанд ва оянда ба ватани худ содиқона хизмат намоянд. Соҳибкорони ноҳияи Данғара дар амалӣ сохтани сиёсати созандаи Пешвои миллат, мактаби садоқату боварӣ барои фардои дурахшон, таъмини зиндагии шоиста барои насли имрӯзу фардо ва дар баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносиву худогоҳӣ ва ватандустиву раиятпарварӣ намунаи ибрат гардидаанд. Навсозии 8,5 километр роҳи деҳаи Пушинг мушкилоти мардумро бартараф ва сатҳи хизматрасониро ба аҳолӣ осон гардонид. Соли 2019 ба истиқболи 30 – солагии Исиқлоли давлатӣ бо саҳми соҳибкорони деҳаи Пушинг зиёда аз 20 километр роҳи мошингард навсозӣ шуд. Ба хотири сазовор истиқбол намудани ҷашни 35- солагии Истиқлоли давлатӣ 8,5 километр роҳи боқимондаи байнидеҳавӣ мумфарш гардид ва бо ин қариб 100 фоизи роҳҳои деҳаи Пушинг навсозӣ шуданд. Ғайр аз ин, дар доираи корҳои ободонӣ соҳибкорону шахсони ватандӯсти деҳа барои эмин нигоҳ доштани хонаҳои истиқоматӣ аз хатари офатҳои табиии фасли баҳор дар чанд мавзеи селгузар ба масофаи қариб 2 километр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ анҷом дода шуд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми ҷавонмардони бонангу номуси деҳаи Пушингро барои бунёди иншооти таиноти гуногуни иҷтимоиву хизматрасонӣ ва табдил додани деҳа ба як шаҳраки зебову пешрафта шоистаи таҳсин хонданд. Сохтмони роҳи мошингард ва корҳои соҳилбандӣ дар кӯтоҳтарин муҳлат бо ҷалби коргарони маҳаллӣ ва техникаи соҳавӣ бо сифати баланд анҷом дода шуда, дар ду шафати роҳ баробари насби сутунпояҳои равшанидиҳанда, ҳамзамон дар масофаи 3 километр қубурҳои обгузар хобонда шудааст. Ин роҳ барои рафтуомади мардум, роҳи душворгузар ва дар фасли баҳор хатарнок буд. Аз ҳама муҳим бо анҷоми корҳои соҳилбандӣ дар ин мавзеъ ва бунёди роҳи нав мушкилоти рафтуомади хонандагон ба мактаби навсохт осон гардид. Ҳоло соҳибкорони деҳа бо пайравӣ ба сиёсати созандаи Роҳбари давлат, тадбирҳои ободонӣ, аз ҷумла бунёди роҳу пул, ивази қубурҳои калони обгузар, кашидани хатти оби нӯшокӣ, бунёди зеристгоҳи барқӣ ва иншооти дигари иҷтимоиву хизматраониро дар деҳаи Пушинг идома дода, дар таъмини некуаҳволии мардум ва рушди ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ саҳми худро афзун менамоянд.22
24.10.2025
-
Ифтитоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №88 дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара 24 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара, ҳамчунин Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, бо шароити он аз наздик шинос шуданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншоот бо ҳадафи наздик сохтани масофаи мактаб ба аҳолӣ, бартарафсозии мушкилоти ҷойи нишаст ва ба кор таъмин намудани омӯзгорони ҷавон, аз ҷониби гурӯҳи соҳибкорони деҳаи Пушинг сохта шудааст, ки дар он 2160 хонанда дар ду баст метавонанд таҳсил намоянд. Маврид ба таъкиди хос аст, ки то замони бунёди муассисаи нави таълимӣ қисми зиёди хонандагон 3-4 километр роҳро тай намуда, дар дигар мактаб таҳсил мекарданд. Соҳибкорону шахсони ватандӯсти деҳаи Пушинг барои иҷрои саривақтии супоришҳои Сарвари давлат дар самти бунёди мактабҳои замонавӣ ва таъмини шароити беҳтари таҳсил дар онҳо аз моҳи январи соли 2025 барои бунёди мактаби замонавӣ иқдом гирифтанд. Ҳамин тавр мактаб дар муҳлати 9 моҳ бо ҷалби 200 коргари маҳаллӣ сохта шуда, барои омӯзгорони ҷавон, ки аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон ба муассисаҳои таълимии деҳаи Пушинг ҷалб шудаанд, шароити хуби кору зиндагӣ фароҳам оварда шуд. Муассисаи тозабунёд ба истиқболи 35 - солагии Истиқлоли давлатӣ бо тарҳи муосиру сифати баланд сохта шуда, аз 27 синфхонаи таълимӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 200 курсӣ, толори варзишӣ барои гузаронидани бозиҳои валейболу баскетбол, ошхона бо 50 ҷойи нишаст ва майдони футболи хурд мебошад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ бо шароити муассисаи навбунёд ба сифати корҳои иҷрошуда баҳои баланд дода, иқдоми навбатии соҳибкорони ноҳияи Данғараро намунаи олии саҳмгузорӣ дар рушди илму маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа номиданд. То соли 2018 дар ин ҷо, мактаби куҳнаи якошёна мавҷуд буд ва дар 12 синфхонаи он 700 хонанда дар ду баст таҳсил мекарданд. Норасоии ҷойи нишаст ва қисман то 3 километр дур будани аҳолӣ аз мактаби дигар барои хонандагон мушкилоти зиёд меовард, бахусус дар давраи тирамоҳу зимистон. Бо дар назар гирифтани ҳамин мушкилот, дар ҷойи он, мактаби дуошёнаи замонавӣ сохта шуд, ки синфхонаҳои барҳавои он дорои имконоти мусоиди илмомӯзӣ мебошад. Омӯзгорони ҷавони фанни физика, химия, биология ва забонҳои хориҷӣ, ки барои идомаи фаъолият аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Бадахшон ба мактабҳои деҳаи Пушинг ҷалб шудаанд аз роҳандозии ин иқдом руҳбаланд шуда, ба Сарвари давлат ваъда доданд, ки барои донишманд гардонидани насли ҷавон саҳми босазои хуро мегузоранд. Дар маҷуъ пас аз ифтитоҳи муассисаи нави таълимӣ 20 омӯзгор бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд. Синфхонаҳои физика, химия, биология, технологияҳои иттилоотӣ ва синфхонаҳои таълими меҳнати писаронаву духтарона имкони хуби омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун барои хонандагон аст, ки барои ин омӯзгорони ботаҷриба низ ҷалб шудаанд. Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 88-и ба номи Қосим Сироҷ дар масоҳати 2500 метри мураббаъ бо истифода аз масолеҳи босифати сохтмонӣ сохта шудааст. Дар шафати мактаб ҳамзамон барои дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин намудани синфхонаҳои таълимӣ иншооти алоҳида сохта шудааст, ки бо ангишт фаъолият менамояд. Дар давоми як рӯз дар деҳоти Пушинг ду муассисаи нави таълимии дорои шароити мусоиди таълиму тадрис ба истифода дода шуд. Сарвари давлат дар идомаи боздид нақши омӯзгорро дар тарбияи ҷавонони худшиносу ватанпарвар ва пешрафти ҷомеа муҳим номида, иброз доштанд, ки баҳри таъмини шароити зисти онҳо пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида мешавад. Мавриди зикр аст, ки дар давоми ду рӯзи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара дар марказ ва деҳоти он 5 муассисаи нави таълимӣ бо 8500 хонанда дар ду баст ва 4 муассисаи таҳсилоти томактабӣ бо фарогирии 1050 кӯдак ба истифода дода шуд, ки ин намунаи олии саҳмгузорӣ ва дастгирии соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Данғара дар рушди соҳаи маориф мебошад.44
24.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
17.10.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
16.10.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар - 30.09.2025 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор