ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПЛАТФОРМАИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ “ТАЪМИНИ ОБ, САНИТАРИЯ ВА ГИГИЕНА ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ” 4-уми декабри соли ҷорӣ дар толори Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи платформаи ҳамоҳангсозии “Таъмини об, санитария ва гигиена дар муассисаҳои таълимӣ” бо иштироки Дилшод Сафарзода - муовини вазири маориф ва илм, сардорони раёсату шуъбаҳои дахлдори дастгоҳи марказии вазорат, намояндагони Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ), шарикони рушд ва дигар кормандони соҳаи маориф ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ баргузор гардид. Ҷаласаро муовини вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, таъмини хонандагонро бо оби нӯшокӣ ва гигиена боиси рушди зеҳниву ҷисмонии кӯдакон унвон кард. Дар ҷаласа масъалаҳои актуалии таъминоти оби нӯшокӣ ва беҳдошт дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ, амалишавии «Стратегияи миллии рушди маориф барои давраи то соли 2030» ва «Нақшаи миёнамуҳлат барои солҳои 2024 - 2026» мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Зикр гардид, ки Вазорати маориф ва илм ҳамчун мақоми марказӣ тибқи ваколатҳои худ дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, шарикони рушд, хусусан Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) кӯшиш ба харҷ медиҳад, то ба ҳадафҳои гузошташуда ноил шавад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
4
04.12.2024
-
МҶТИК: ИМКОНИЯТҲОИ НАВИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ДАР СОҲАИ ТАҲСИЛОТ Рақамикунонии соҳаи маориф имрӯз яке аз қадамҳои муҳимтарин дар самти таҳкими низоми таълим ва таъмини дастрасии ҳамаҷониба ба захираҳои босифати таълимӣ ба ҳисоб меравад. Дар заминаи ин ҳадаф, 4 декабри соли 2024, рӯзи сеюми семинар-машварати омӯзишӣ, ки ба истифодаи Системаи иттилооти идоракунии соҳаи маориф (EMIS) бахшида шуда буд, баргузор гардид. Ин семинар, ки дар доираи татбиқи лоиҳаҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази ҷумҳуриявии технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия ташкил шуд, дар рӯзи сеюм ба ҷамъбасти натиҷаҳо ва таҳияи нақшаҳои оянда равона гардид. Рӯзи сеюм фазои фаъолона ва созанда дошт. Иштирокчиён, ки намояндагони муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Ваҳдат ва Ҳисор буданд, ҳосили омӯзиши ду рӯзи қаблиро ҷамъбаст карданд. Онҳо тавонистанд дар гурӯҳҳо кор кунанд, то нақшаҳои амалӣ барои ҷорӣ намудани системаи EMIS дар муассисаҳои худ таҳия намоянд. Ин нақшаҳо на танҳо марҳилаҳои амалӣ, балки мушкилоти эҳтимолӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро низ дарбар мегирифтанд. Баррасии мушкилот яке аз самтҳои муҳими рӯзи сеюм буд. Иштирокчиён ба масъалаҳои техникиву инфрасохторӣ, аз ҷумла набудани интернети устувор дар баъзе мактабҳо ва зарурати омӯзиши иловагии омӯзгорон диққат доданд. Бо дастгирии мутахассисон, барои ҳар яке аз ин мушкилот ҳалли амалӣ пешниҳод гардид. Дар қисмати дигар, намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирокчиён мулоқот анҷом дода, самтҳои ояндаи рақамикунонии соҳаи маорифро баррасӣ карданд. Пешниҳодҳои иштирокчиён дар бораи густариши EMIS ба минтақаҳои дигари кишвар ва такмили системаи мавҷуда муҳокима гардиданд. Семинар бо маросими супоридани сертификатҳо ба иштирокчиён ҷамъбаст гардид. Намояндагони Вазорати маориф изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки чунин чорабиниҳо на танҳо ба баланд бардоштани малакаҳои касбии омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мусоидат мекунанд, балки ба рушди умумии соҳаи маориф низ таъсири мусбат мегузоранд. Рӯзи сеюми семинар нишон дод, ки рақамикунонии маориф танҳо як раванд нест, балки як василаи асосии рушди сифати таълим ва беҳтар намудани самаранокии идоракунӣ мебошад. Дар оянда чунин талошҳо метавонанд ба ташкили як низоми устувори таълим, ки ба ниёзҳои замони муосир ҷавобгӯ аст, мусоидат кунанд. Хулоса, семинар-машварати омӯзишӣ як майдони омӯзиш ва ҳамкорӣ барои иштирокчиён буд. Натиҷаҳои ин чорабинӣ метавонанд заминаи устувор барои рушди ояндаи таҳсилот дар Тоҷикистон гарданд. Рақамикунонии маориф на танҳо як ҳадаф, балки роҳе барои эҷоди фазои таълими муосир ва инноватсионӣ мебошад, ки ба рушди кишвар мусоидат хоҳад кард.
2
04.12.2024
-
ПЕШГИРИИ КИРДОРҲОИ КОРРУПСИОНӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ИНСОН ВА ТАЪМИНИ САМАРАНОКИИ ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ: ВАЗЪ ВА ДУРНАМО Таҳти чунин унвон 4-уми декабри соли 2024 дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия конференсияи байналмилалии илмию амалӣ баргузор гардид. Ноиби ректор оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои таърих, дотсент Карамалишоев Карамалишо зимни ироаи сухани ифтитоҳии хеш ҳозиринро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва Рӯзи байналмилалии муқовимат ба коррупсия табрику шодбош намуда, иброз намуд, ки пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ яке аз василаҳои асосии таъмин ҳуқуқи инсон ва идоракунии самаранок ба ҳисоб меравад. Мавсуф қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои нахустини касби Истиқлоли давлатӣ баҳри эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқи инсон тадбирҳои муҳимро анҷом дода, дар сатҳи конститутсионӣ инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши олӣ эътироф намуд. Ҳазмамон, таъқид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри муқовимат ба коррупсия даҳҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул кардааст, ки онҳо имконият фароҳам меоранд то низоми самараноки идоракунӣ дар кишвар таъмин гашта, ҳуқуқ ва манфиатҳои халқи тоҷик дар амал риоя гарданд. Сипас, дар асоси барномаи конференсияи байналмилалӣ намояндагони мақомоти давлатӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимон аз кишварҳои Латвия, Россия, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирѓизистон ва Туркманистон, олимони маъруфи ватанӣ ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ баромад намуда, масъалаҳои мухталифи ҳуқуқи инсон ва роҳҳои муқовимат ба коррупсияро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ҷаласаи пленарии конференсия зиёда аз 15 маърӯза дар мавзуъҳои гуногуни ҳуқуқӣ, ба мисли ҷаҳонишавӣ ва таъсири он ба ҳуқуқи инсон; плюрализм ҳамчун ҷавҳари рушди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд; нақши мақомоти судӣ дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд; қонунгузории миллӣ ва нақши он дар муқовимат ба коррупсия; ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои гурезагон дар замони муосир; сиёсати зиддикоррупсионӣ ва роҳҳои муқовимат ба коррупсия; алоқамандии санадҳои миллӣ ва байналмилалӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи инсон ва ѓайра пешниҳод ва мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Конференсия кори худро дар панҷ бахш, давоми ду рӯз ба роҳ монда, дар он зиёда аз 100 маърӯза бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ дар шакли бевосита ва ѓоибона пешниҳод гардиданд. Маърӯзаҳои мавриди баррасӣ қароргирифта фарогири масъалаҳои мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи конститутсионӣ, гражданӣ, ҷиноятӣ, маъмурӣ, механизмҳои миллӣ ва байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи инсон буданд. Зимни баррасии мавзуъҳои зикргардида аз ҷониби олимон пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳуқуқ ва мукаммал намудани қонунгузории миллӣ дар самти ҳуқуқи инсон ва муқовимат ба коррупсия ироа гардиданд. Иштирокчиён баргузории чунин конференсияи сатҳи баландро нишон аз Ваҳдати миллӣ, тинҷиву амонӣ ва самараи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки арзиши олӣ эълон шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ маҳз самараи даврони соҳибихтиёрӣ аст. Дар фарҷоми конференсияи байналмилалӣ иштирокчиён қатънома қабул намуданд. Таъкид гардид, ки таклифу пешниҳодҳо ва натиҷаҳои конференсия барои такмили қонунгузорӣ ва рушди низоми ҳуқуқии кишвар ба мақомоти дахлдори давлатӣ дастрас карда мешаванд. Изҳори умед карда шуд, ки конференсияи мазкур дар баланд бардоштани сатҳи донишҳои ҳуқуқии мутахассисони соҳа, инкишофи соҳаҳои гуногуни ҳуқуқ ва таҳкими қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, пешгирии амалҳои коррупсионӣ нақши арзандаи худро хоҳад гузошт.
3
04.12.2024
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
26.11.2024
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST (INDIVIDUAL CONSULTANTS)
(SELECTION OF INDIVIDUAL CONSULTANTS) Бештар -
22.11.2024
Эълон вобаста ба баргузории гуфтушунид оид ба бастани шартномаи чопи банерҳо...
Эълон вобаста ба баргузории гуфтушунид оид ба бастани шартномаи чопи банерҳо... Бештар -
21.11.2024
Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд
Маркази барномаҳои байналмилалӣ барои таҳсили шаҳрвандони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмӣ дар давлатҳои хориҷӣ қабули ҳуҷҷатҳоро эълон намуд Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таълимӣ томактабӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Муассисаи таҳсилоти олӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон