ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҶАЛАСАИ ҲИСОБОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ 28 октябри соли 2025 дар Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода ҷаласаи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа роҳбарон ва директорони муассисаҳои таҳсилоти иловагии ҷумҳурӣ тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд. Муовини вазири маориф ва илм дар оғози ҷаласа доир ба мақом ва аҳаммияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар низоми маорифи кишвар сухан ронда, таъкид намуд, ки ин самт яке аз унсурҳои муҳимми раванди таълиму тарбия маҳсуб ёфта, нақши муассир дар рушди ҳамаҷонибаи шахсияти хонандагон, ташаккули малака, боло бурдани сатҳи эҷодкорӣ ва тавонмандии зеҳнии насли наврас дорад. Гуфта шуд, ки тавассути рушди таҳсилоти иловагӣ метавон муҳити мусоид барои дарёфт ва парвариши истеъдодҳои ҷавон, инчунин таъмини баробарии имкониятҳо дар соҳаи маориф фароҳам овард. Дар ҷараёни ҷаласа роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Файзобод ҳисоботи муфассал пешниҳод намуда, оид ба натиҷаҳои фаъолияти худ, аз ҷумла, дастовардҳои эҷодӣ, ташкили озмунҳои фаннӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, семинарҳои омӯзишӣ ва дигар ташаббусҳои маърифатӣ маълумот доданд. Зимни муҳокима масъалаҳои вобаста ба тақвияти пойгоҳи моддию техникӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон, таҳияи барномаҳои муосири таълимӣ ва ҷалби ҳарчи бештари хонандагон ба маҳфилҳо ва фаъолияти эҷодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Муовини вазир дар идома таъкид дошт, ки фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ бояд дар доираи барномаҳои давлатӣ ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ба роҳ монда шавад ва масъулин ба натиҷагирии воқеии таълимӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушди ҳамаҷонибаи қобилиятҳои зеҳнии кӯдакон ва наврасон шароити мусоид фароҳам оваранд. Дар анҷоми ҷаласа аз масъулин даъват шуд, то камбудиву норасоиҳои мавҷуда дар муҳлати кӯтоҳ бартараф карда шуда, фаъолияти минбаъдаи муассисаҳо дар сатҳи баланди ташкиливу методӣ ба роҳ монда шавад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон38
28.10.2025
-
МУҲОКИМА ВА БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗҲОИ ДАРЁФТ ВА РУШДИ ИСТЕЪДОДҲО Дар Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо вобаста ба фаъолияти марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва Фирдавсӣ ҷаласаи назоратӣ назди директори Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо Муҳамадҷон Ғафорзода бо иштироки директорони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид. Дар оғози ҷаласа директори маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо — Муҳамадҷон Ғафорзода ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос кард. Ҳисоботи роҳбарони марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе шунида шуда, ҷараёни иҷрои Барномаи давлатии дарёфт ва рушди истеъдодҳо барои солҳои 2021–2025, масъалаҳои ташкилӣ, татбиқи барномаву нақшаҳои таълимӣ, сатҳи омодагии хонандагон ба олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва инчунин фаъолияти маҳфилҳои фаннӣ мавриди таҳлил ва муҳокима қарор гирифтанд. Директори маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо таъкид намуд, ки роҳбарони марказҳо бояд ҷиҳати такмили заминаи моддию техникӣ, баланд бардоштани савияи касбии омӯзгорон, омода намудани хонандагон ба олимпиадаҳои байналмилалӣ, ҷалби бештари хонандагони лаёқатманд ва густариши ҳамкориҳои илмӣ-амалӣ бо муассисаҳои таълимии дохилу хориҷи кишвар чораҳои зарурӣ андешанд. Дар анҷом вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта ва масъалаҳои баррасишуда ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххаст дода шуд. Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо54
27.10.2025
-
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ БАРНОМАИ ОЗУҚАВОРИИ ҶАҲОНИИ СММ Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Бадриддин Музаффарзода бо намояндагони Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид. Дар вохӯрӣ директори Барномаи озуқавории ҷаҳонии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ва муовини директори минтақавии БОҶ СММ оид ба кишварҳои Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором Анита Ҳироҷ ширкат варзиданд. Муовини вазир зимни ифтитоҳи мулоқот меҳмононро хайрамақдам намуда, таъкид кард, ки ҳамкориҳои судманди байни Вазорати маориф ва илм ва Намояндагии БОҶ СММ дар тӯли солҳои охир дар рушди низоми ғизои мактабӣ ва беҳсозии шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимии кишвар саҳми назаррас гузоштааст. Муовини вазир зикр намуд, ки аз оғози татбиқи барнома (соли 1999) то имрӯз шумораи муассисаҳои фарогирифташуда ба 1 840 мактаб расида, зиёда аз 420 000 хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо ғизои ҳаррӯза таъмин мегарданд. Муовини вазир афзуд, ки барномаи ғизои мактабӣ танҳо як барномаи таъминотӣ нест, балки ташаббуси муҳимест, ки ба беҳтарсозии шароити таҳсил, таҳкими саломатии кӯдакон ва рушди ҳамкории устувори байни давлат, ҷомеа ва шарикони байналмилалӣ равона гардидааст. Вохӯрӣ бо мақсади баррасии масъалаҳои марбут ба таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ баргузор гардид. Дар идома, намояндаи БОҶ СММ дар Тоҷикистон Адҳам Мусаллам ҷиҳати пазироии самимӣ изҳори сипос намуда, аз дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини хонандагон бо ғизои гарм, таъсиси воҳидҳои корӣ ва таҳияи санадҳои меъёрӣ ҷиҳати амалисозии барномаи ғизои мактабӣ ёдовар шуд. Ҳамзамон, Анита Ҳироҷ низ аз ҳамкории самарабахш бо Вазорати маориф ва илм изҳори хушнудӣ карда, зикр намуд, ки Форуми ғизои мактабӣ миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки моҳи ноябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нишони ҳамкориҳои судманди дуҷониба мебошад. Гуфта шуд, ки масъалаи ғизои солим барои кӯдакон ва ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ барои таъмини маҳсулоти тару тоза яке аз самтҳои муҳимми рушди барномаи ғизои мактабӣ мебошад. Зеро ҳадафи асосии Барномаи ғизои мактабӣ баланд бардоштани сифати таҳсил ва имконияти омӯзиши муассири хонандагон буда, ғизои солим ба қобилияти фаҳм ва иштироки фаъолонаи онҳо дар дарс таъсири мусбат мерасонад. Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои минбаъда ва татбиқи босамари барномаҳои муштарак баён намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон41
27.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
28.10.2025
Приглашение на участие в тендере
Приглашение на участие в тендере Бештар -
17.10.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
16.10.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар
Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор