ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
Ифтитоҳи Мактаби президентии ноҳияи Рашт Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат муассисаи насли нави соҳаи маориф дар ноҳияи Рашт аст, ки 11 сентябр бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Иншоот дар асоси дастуру роҳнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти беҳсозии фазои таълиму тарбия мутобиқ ба меъёру талаботи муосир сохта шудааст. Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои наву замонавии таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст. Синфхонаҳои компютерии пайваст бо шабакаи интернет ба дарёфти адабиёти гуногун ва омӯзиши илмҳои муосир мусоидат мекунад. Барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология, физика ва озмоишгоҳҳо бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ин дар омӯзиши донишҳои назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузорад. Синфхонаҳои таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхонаи барҳаво, толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад. Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Рашт зиёда аз 60 омӯзгор соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд. Ҳамчунин, барои бо ҷойи зист таъмин намудани хонандагони аз ноҳияҳои дигари минтақа дар назди муассиса 2 бинои алоҳидаи хобгоҳ барои духтарон ва писарон низ сохта шудааст. Хобгоҳҳо дорои шароити муосир буда, барои 350 хонанда пешбинӣ шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин ва омӯзгорони муассиса дастур доданд, ки бо истифода аз шароит ва имкониятҳои фароҳамшуда дар тақвияти донишу малакаи хонандагон, омода намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Ифтитоҳи иншооти нави соҳаи маориф дар рӯзҳои таҷлили ҷашни бузурги миллӣ – 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ барои хонандагону омӯзгорони ноҳияи Рашт туҳфаи арзанда ва нишони ғамхории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тақвияти донишу тафаккури насли ояндаи миллат арзёбӣ гардид.23
11.09.2026
-
Иштирок дар роҳпаймоии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 9 сентябр дар майдони Истиқлоли пойтахт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳпаймойии сокинони шаҳри Душанбе ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Нахуст Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфтанд. Таъкид шуд, ки 35 сол муқаддам мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардиданд ва таъсиси давлати миллии худро эълон карданд. Яъне миллати тоҷик бо гузашти асрҳои зиёд давлатдории мустақили худро барқарор намуд ва ба давраи комилан нави таърихи худ ворид гардид. Гуфта шуд, ки дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба хатари нобудӣ рӯ ба рӯ гардид ва пароканда шудани миллати тоҷик ба воқеияти даҳшатноки он рӯзҳо табдил ёфт. Ба таъкиди Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чунин марҳалаи тақдирсоз мардуми сарбаланду истиқлолхоҳи тоҷик ва фарзандони бонангу номуси он ба хотири ҳифзи давлатдории миллии худ сарҷамъу муттаҳид шуданд ва Ватани маҳбуби хешро аз ин фоҷиа наҷот доданд. “Соҳиби истиқлоли давлатӣ гардидан ва баъдан бо талошу мубориза ҳифз кардани истиқлолу озодии бадастомада, барқарор намудани сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар таърихи навини худ мебошад”, - иброз доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат маҳз ба ҳамин хотир, ин рӯйдоди бузург, яъне истиқлолро барои мардуми тоҷик сарнавиштсоз арзёбӣ намуданд. Зикр гардид, ки пешрафту ободиҳое, ки бо дастони мардуми шарифи Тоҷикистон ва бо заҳмати софдилонаи ҳар як фарди Ватан дар 35 соли гузашта анҷом дода шуданд, аз нигоҳи арзиши таърихӣ ба 100 сол баробар аст. Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳимтарин ва бузургтарин дастоварди мо дар ин муддат барқарорсозии ҳокимияти конститутсионӣ, истиқрори сулҳи пойдору бебозгашт ва расидан ба ваҳдати миллӣ мебошад, ки бо муборизаву фидокориҳои ватандӯстона ва заҳмату талошҳои содиқонаи мардуми шарафманди кишвар ба даст омад. Таъкид шуд, ки муҳимтар аз ҳама, дар ин муддат насле ба дунё омад ва ба камол расид, ки ҳисси баланди миллӣ дорад, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту ватанпараст аст, дар пайи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар аст ва омода аст, ки истиқлолу озодии Ватани худро ҳимоя намояд ва кишвари худро боз ҳам ободу пешрафта гардонад. “Мо бо халқи шарафманди тоҷик, аз ҷумла ҷавонони бонангу номуси худ ифтихор мекунем ва аз ҳар яки онҳо умеди зиёд дорем!”, -таъкид доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз эътирофи Тоҷикистон ва қабули ташаббусҳои ҷаҳонии кишвар андешаронӣ карда, ташаббуси нави Тоҷикистон доир ба “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027 - 2036”-ро исботи ин гуфтаҳо номиданд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар сиву панҷумин солгарди истиқлоли давлатии Тоҷикистонро ба кулли мардуми кишвар, сокинони пойтахти зебоямон, ҳамватанону ҳамзабонони бурунмарзӣ ва ҳамаи иштирокдорони роҳпаймоии имрӯза самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан ва ҳар як хонадони тоҷик бахту саодат, иқболи нек, файзу баракат ва рӯзгори обод орзу намуданд. Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинии идона бо иштироки сокинони пойтахт, намояндагони касбу кори гуногун, ҷавонон ва наврасони накуиқболу хуштолеъи даврони соҳибистиқлолӣ ба ифтихори ҷашни муқаддасу фархундаи миллӣ - 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳпаймоии идона баргузор гардид. Аз руйи ҳаҷм ва шукуҳ ин калонтарин роҳпаймоии идона дар давоми 35 соли соҳибистиқлолии кишвар дар пойтахти Тоҷикистони азиз буд, зеро дар он беш аз 120 ҳазор нафар аз назди минбари асосӣ гузаштанд. Дар роҳпаймоӣ роҳбарону кормандони вазорату кумитаҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, муассисаҳои олии таълимӣ, намояндагони соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, алоқа, энергетика, тандурустӣ, маорифу фарҳанг, варзишгарон, бунёдгарони неругоҳи обии Роғун, намояндагони ташкилоту муассисаҳо, ширкатҳои мухталиф, сокинони пойтахт ва ҷавонону наврасон фаъолона иштирок намуданд. Ин чорабинии бошукуҳи идона барои арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, Истиқлоли давлатӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор карда шуд. Иштирокдорони роҳпаймоӣ бо парчамҳои давлатӣ ва шиору овезаҳои идона дар фазои тантанавӣ бо муҳаббату садоқат ба Тоҷикистони соҳибистиқлол роҳпаймоӣ намуданд. Бояд гуфт, ки чунин чорабиниҳои идона барои таҳкими ҳисси худогоҳию худшиносӣ, ватанпарастӣ, ва гиромидошти неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ замина фароҳам меоранд.60
10.09.2026
-
Иштирок дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ 9 сентябр дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар барномаи фарҳангӣ ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Варзишгоҳи миллӣ иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар оғоз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузургу таърихӣ - 35-солагии истиқлолу озодии Ватани азизамон самимона табрик гуфтанд. Таъкид гардид, ки 35 сол пеш Тоҷикистони маҳбуби мо соҳиби истиқлол гардид ва мардуми тоҷик имкони соҳибихтиёрӣ, муайян намудани роҳи мустақили пешрафту тараққиёт ва эҳёи арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва анъанаҳои давлатдории бостониро ба даст овард. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки маҳз сулҳу субот ва оромии ҷомеа барои созандагиву ободонии Ватан ва пешрафти устувори давлат заминаи мустаҳкам фароҳам овард. Ба таъкиди Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ноорому буҳронии ҷаҳони муосир ҷиҳати вусъат додани заҳмати созанда ва зиндагии арзанда барои мо сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва оромии ҷомеа неъмати аз ҳама арзишманд мебошад ва ҳифзи он вазифаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб меёбад. “Маҳз ҷиҳати ҳифзи сулҳу оромӣ, ки хусусан солҳои охир ба масъалаи мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст, чанде пештар қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони “Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027 - 2036”, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шуда буд, қабул гардид”, - изҳор доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Зикр гардид, ки иқдоми мазкур саҳми кишвари соҳибистиқлоли мо дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва албатта, мояи ифтихори мардуми он мебошад, ки ҳамагӣ чанд даҳсола қабл аз ин ҷанги даҳшатноки таҳмилии шаҳрвандиро аз сар гузаронидаанд. Дар робита ба бунёди иншооти муҳташами Варзишгоҳи миллӣ Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки дар доираи тадбирҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи ҷашни муқаддаси 35-солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон имрӯз мо шоҳиди боз як рӯйдоди хотирмон - ифтитоҳи Варзишгоҳи миллӣ бо 30 ҳазор ҷойи нишаст гардидем. Гуфта шуд, ки ҳамаи ободиҳое, ки то имрӯз дар кишвари азизамон, аз ҷумла дар пойтахти он - шаҳри Душанбе амалӣ гардидаанд, аз баракати истиқлолу озодӣ мебошанд. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми кишвар даъват намуданд, ки ба қадри неъмати бебаҳои истиқлолу озодӣ, сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ расанд ва барои ҳифз кардану таҳким бахшидани пояҳои истиқлоли Ватани маҳбубамон бо иттиҳоду сарҷамъӣ саъйу талош намоянд. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе, роҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва кулли мардуми ободгари кишвар барои заҳмати содиқонаву ватандӯстона, ободу зебо гардонидани шаҳр ва иштироки фаъолонаашон дар чорабиниҳои ҷашнӣ миннатдорӣ баён намуданд. Пас аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Варзишгоҳи миллӣ намоиши театрикунонидашуда бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “35 соли сарнавиштсоз” баргузор гардид. Намоиши идонаву тантанавии бошукуҳ ба бобҳо ҷудо гардида буд, аз қабили дар масири тамаддуни миллат, дар боби амнияти озуқаворӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, саноат - асоси пешрафт, “Об барои рушди устувор” - қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид ва рушди пешравии рақамӣ. Дар барномаи идонаи консертӣ шеърҳо аз эҷодиёти шоирони шинохтаи тоҷик Давлат Сафар, Озарахш, Гулназар Келдӣ, Рустами Ваҳҳоб, Беҳрӯзи Забеҳулло, Озари Ориф, Раънои Мубориз, Камол Насрулло, Шамсиддини Нуриддин, Нуруллои Ориф, Назрӣ Яздон, Ниҳонӣ, Ато Мирхоҷа, Хайрандеш, Сайдои Шайдо, Толиби Луқмон, Муҳаммад Ғоиб ва Низом Қосим бо номҳои “Партави ифтихор”, “Гулбиҳишт”, “Дар зинароҳи Истиқлол”, “Суруди миллии Тоҷикистон”, “Ориёиям”, “Сомониям”, “Созу навои Ватан”, “Номаи иқбол”, “Бақои миллат”, “Халқ ва Пешво”, “Ватани пурганҷ”, “Тоҷикистон”, “Душанбе-шаҳри гулҳо”, “Душанбе-шаҳри ҷавонӣ” ва “Рамзи Истиқлол” истифода гардид. Ҳунармандон, устодони санъат ва сарояндаҳои шинохта Рустам Дуллоев, Меҳрнигори Рустам, Фотима Машрабова, Таҳмина Ниёзова, Амирҷон Рӯзиев, Нигина Амонқулова, Давлат ва Соҳиб Назрӣ, Комилҷон Зарипов, Тоҷиддин Раҳимзода, Гуласал Пӯлодова, Ҳақназар Аловатов, Раҳматулло ва Фирдавс Ҳошимовҳо, Муҳаммадрафӣ ва Нозияи Кароматулло, Лоиқ Холов, Шоҳин ва Ҷаннатулло Абдуллоевҳо, Ситораи Кароматулло, Абдулхайр Муминов, ҳунарпешагони Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ Ҳайётҷон Ҳамрохонов ва Манижа Назарова, Ҳикматулло Анваров, ҳунарпешагони Ансамбли давлатии “Шашмақом” ба номи Фазлиддин Шаҳобов, Миҷгона Иброҳимова, Ясмина Алидодова, Мадина Ақназарова, Дилноза Каримова, барандаи ҷоизаи озмунҳои байналмилалӣ Фаррух Ҳасанзода ва хори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бо оҳанги композиторони шинохта ба меҳмонони чорабинии фарҳангӣ сурудҳои дилнишин пешкаш намуданд. Дар фазои идонаи Варзишгоҳи миллӣ оҳангҳои композиторони шинохта Далер Тиллоев, Файзалӣ Умар, Назира Ҳамдамова, Фарҳод Зикир, Сулаймон Юдаков, Носир Сафарзода, Тобиш Ҳилолӣ, Исмоил Назрӣ, Фурқат Саидзода, Шавкат Умаров, Ҳақназар Аловатов, Раҳматулло Ҳошимов, Олимҷон Солизода, Искандар Тоҳиров, Зафар Раҳимӣ, Абдулхайр Муминов, Муборакшо Ҷумаев, Убайдулло Иброҳимзода, Насим Раҷабов, Ёқуб Абдуллоев, Муҳаммад Ҷӯраев, Бахтиёр Ҳаитов ва Зайниддин Каримов садо дод.59
10.09.2026
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
02.09.2026
Приглашение к участию в запросе на котировки.
«Закупка 1с бухгалтерия», для Группа Реализация Проекта при Министерство образовании и наук Республики Таджикистан Бештар -
30.08.2026
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА
РЕЗУЛЬТАТЫ ТЕНДЕРА Бештар - 28.08.2026 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор