ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ДАНҒАРА: ИФТИТОҲИ БИНОИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНАИ УМУМИИ РАҚАМИ 87 ДАР ДЕҲАИ САФОБАХШ Имрӯз, 19 сентябр, дар доираи сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар деҳаи Сафобахш (Охунбобо)-и ҷамоати деҳоти Сафобахш бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 87 мавриди истифода қарор дода шуд. Иншоот дар доираи тадбирҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ҳамкориҳо бо бахши хусусӣ сохта шудааст. Бинои муассисаи нави таълимӣ якошёна буда, барои 540 хонанда дар ду баст пешбинӣ гардидааст. Муассисаи замонавии таълимӣ аз 9 синфхонаи барҳаво, аз ҷумла кабинетҳои фаннии химия, физика, математика, синфхонаҳои технологияи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаву толори барҳавои хониш, ҳуҷраҳои корӣ барои омӯзгорон ва дигар иншооти ёрирасон мебошад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти соҳаи маориф моҳи январи соли 2021 оғоз гардида, бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 2 000 м2 бунёд карда шудааст. Дар рафти сохтмон беш аз 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни шиносоӣ бо синфхонаҳои муассисаи нави таълимӣ ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, омӯзгорону хонандагони ин муассисаи зебои замонавӣ ва падару модарони арҷмандро ба муносибати ифтитоҳи он табрик намуданд. Раиси вилоят таъкид намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои беҳтарине, ки аз ҷониби давлат ва Ҳукумати мамлакат барои онҳо муҳайё карда шудааст, бо сатҳи баланди масъулият, саводу маърифат, хониши намунавӣ ва одобу ахлоқ бояд намунаи ибрати дигарон бошанд. Хадамоти матбуоти раиси вилояти Хатлон
27
19.09.2024
-
Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоева 19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи ба номи Оимхол Абдуллоеваи маркази ноҳияи Данғара баъд аз шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, барои оғози корҳои сохтмонии он санги асос гузоштанд. Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки мактаб барои 3100 хонанда дар ду баст пешбинӣ шуда, пурра аз ҳисоби сокинони ноҳия, аз ҷумла, соҳибкорони ватандӯст бунёд мегардад ва то соли таҳсили 2026-2027 ба анҷом расонида хоҳад шуд. Масоҳати умумии қитъаи замини мактаби бунёдшаванда 1,57 гектарро ташкил дода, масоҳати умумии иншооти сохташаванда 8 ҳазору 40 метри мураббаъро дар бар мегирад. Таълимгоҳ аз 4 ошёна ва синфхонаҳои фаннию озмоишгоҳҳо иборат хоҳад буд. Ҳамчунин дар муассиса бунёди толори варзишӣ ва маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст дар назар дошта шудааст, ки мувофиқ ба стандартҳои муосир сохта мешаванд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи мактаб, ба бинокорон ва ташаббускорони ин иқдоми наҷиб, барои бо сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмон ва назорати сифати маҳсулоти истифодашаванда дастурҳои мушаххас доданд. Соҳибкорони ноҳия барои дастгирии ҳамешагии Роҳбари давлат дар самти соҳибкорию бахши хусусӣ изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки минбаъд низ талош менамояд барои рушд ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми муносиби худро гузоранд.
23
19.09.2024
-
Гузоштани санги асоси бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корез 19 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар деҳаи Рахшонзамини деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ санги асос гузоштанд. Иқдоми бунёди бинои нави соҳаи маориф, ки барои 2160 хонанда дар ду баст пешбинӣ шудааст, дар асоси ҳидоятҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкорони ноҳия ва аҳолии деҳоти мазкур рӯйи даст гирифта шудааст. Зимни муаррифии лоиҳа, иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 2 ошёна ва 5 бино иборат шуда, аз 36 синфхонаи таълимӣ, китобхона, маҷлисгоҳ, толори варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат хоҳад буд. Аснои шиносоӣ бо лоиҳа, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин дастур доданд, ки корҳои сохтмониро бо сифати баланд иҷро намуда, то моҳи сентябри соли 2026 иншоотро ба истифода диҳанд. Соҳибкорон ба Пешвои миллат ваъда доданд, ки корҳои сохтмониро бо ҷалби беҳтарин меъморону шаҳрсозон вусъат бахшида, кӯшиш менамоянд, ки бинои нави таълимиро дар муҳлати муайянгардида ва бо сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
26
19.09.2024
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоМаълумоти муфид барои донишҷӯён
Маълумоти муфид барои волидайн
Маълумоти муфид барои омӯзгорон
Маълумоти муфид барои МТМУ
Маълумоти муфид барои МТО
Захираҳо
Эълон
Бештар-
06.09.2024
ЭЪЛОН! АКСИЯИ ТОЗАГӢ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
АКСИЯИ ТОЗАГӢ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ Бештар -
03.09.2024
TECHNICAL MONITORING AND EVALUATION SPECIALIST FOR PROJECT LEARN
REQUEST FOR EXPRESSION OF INTEREST Бештар -
30.08.2024
ДИҚҚАТ, ЭЪЛОН!!!
Аксияи “Тозагӣ дар муассиса” Бештар
Ҳамаи элонҳо
Омор
Ҷумҳурӣ
Таълимӣ томактабӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон
Муассисаи таҳсилоти олӣ
Муҳассилин
Омӯзгорон