
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН
АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-ПЕШВОИ МИЛЛАТ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Хабарҳо
Ҳамаи хабарҳо-
ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ ДАР МИНТАҚАИ БОХТАР 18 октябри соли 2025 дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон ҷаласаи сайёри ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони вазир, сардори раёсати мактабҳои миёнаи умумии вазорат, сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, мудирони шубаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо, директорони марказҳои зертобеи соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти томактабии минтақаи Бохтар ва омӯзгорон иштирок доштанд. Вазири маориф ва илм ҷаласаро ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ иброз дошт, ки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳадафи асосӣ — таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва таҳкими заминаи моддиву техникӣ равона гардидааст. Зикр шуд, ки таҳкими пояҳои илм ва маориф омили рушди устувори давлат ва ҷомеа буда, масъулон бояд ба раванди таълим бо масъулияти баланд ва муносибати навоварона назар кунанд. Инчунин, аҳли нишаст аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақоми омӯзгор" изҳори хушнудӣ карданд. Изҳор гардид, ки қабули қонуни мазкур бо дастгириву ғамхории Пешвои муаззами миллат дар ҷалб гардидани мутахассисони тахассусманд ба соҳаи маориф ва беҳтар гардидани сифати таҳсилот нақши худро мерасонад. Таъкид шуд, ки бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар чанд соли охир садҳо муассисаи таълимӣ таъмиру таҷҳизонида шуда, омӯзгорон бо шароити беҳтари кор таъмин мегарданд. Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон З. Абдулзода ва сардори раёсати мактабҳои миёнаи умумии вазорат Ш. Асомиддинзода вобаста ба татбиқи сиёсати маориф дар минтақаи Бохтар, дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои беҳтар намудани сифати таълим гузориш доданд. Муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Ш. Шукурзода оид ба вазъи соҳаи маориф дар ноҳия ва ҳамкориҳои мақомоти маҳаллӣ бо сохторҳои соҳаи маориф маълумот пешниҳод намуд. Дар ҷаласа таъкид гардид, ки дар баробари дастовардҳои назаррас, ҳанӯз ҳам масъалаҳои такмили сифати таълим, истифодаи муассир аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ва ҷалби мутахассисони ҷавон ба соҳа ниёз ба таваҷҷуҳи бештар доранд. Вазири маориф ва илм дар ҷамъбасти ҷаласа ба масъулон ва роҳбарони сохторҳои маориф супориш дод, ки барои баланд бардоштани сатҳи донишомӯзӣ, беҳтар намудани шароити кории омӯзгорон, татбиқи барномаҳои давлатӣ дар самти рақамикунонии соҳа ва таъмини муассисаҳои таълимӣ бо мутахассисони соҳибтаҷриба тадбирҳои иловагӣ андешанд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
50
18.10.2025
-
ҚАБУЛИ САЙЁРИ ШАҲРВАНДОН ДАР НОҲИЯИ ҶАЛОЛИДДИНИ БАЛХӢ Имрӯз, 18 октябри соли 2025 дар Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби байналмилалӣ»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода баргузор гардид. Дар қабули сайёр хонандагону донишҷӯён, омӯзгорон ва шаҳрвандони касбу кори гуногун иштирок намуда, доир ба сохтмони биноҳои иловагии таълимӣ дар назди муассисаҳо, таъмини мактабҳо бо мизу курсӣ, интиқоли донишҷӯён байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, идомаи таҳсил ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи маориф муроҷиату пешниҳодҳои худро иброз доштанд. Зимни баррасии муроҷиатҳо вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати ҳаллу фасли саривақтии масъалаҳои мавҷуда дар муҳлати муайян дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
43
18.10.2025
-
ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ЛОИҲАИ “ИНКИШОФИ БАРВАҚТИИ КӮДАКОН БАРОИ ГУСТАРИШИ САРМОЯИ ИНСОНӢ ДАР ТОҶИКИСТОН” 17 октябри соли 2025 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини вазири маориф ва илм Равшан Каримзода бо намояндагони лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон” баргузор гардид. Ҳадафи асосии мулоқот баррасии роҳҳои густариши таҳсилоти томактабӣ ва муҳокимаи дурнамои татбиқи самараноки лоиҳаи мазкур дар минтақаҳои гуногуни кишвар буда, муовини вазир зимни суханронӣ қайд намуд, ки тибқи “Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”, яке аз самтҳои афзалиятноки соҳа фароҳам овардани имконияти фарогирии бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ мебошад. Дар ҷараёни вохӯрӣ намояндагони лоиҳа оид ба раванди татбиқи марҳилаҳои гуногуни барнома маълумоти муфассал пешниҳод намуда, зикр карданд, ки дар доираи лоиҳаи “Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон”, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мегардад, сохтмони марказҳои инкишофи барвақти кӯдакон, таъсиси гурӯҳҳои бозӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ба нақша гирифта шудааст. Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо, таъмини омӯзиш барои мураббиён ва таҳияи маводи методиро низ мавриди баррасӣ қарор дода зикр шуд, ки ҳамкориҳо дар самти рушди таҳсилоти томактабӣ боз ҳам тақвият дода шуда, таҷрибаҳои муваффақ дар дигар кишварҳо омӯзиш ва мутобиқсозӣ шаванд. Дар вохӯрӣ ҳамчунин сардори раёсати таҳсилоти томактабии Вазорати маориф ва илм Ҷ.Маҷидзода роҷеъ ба мушкилоти мавҷуда дар самти таҳсилоти томактабӣ ва роҳҳои эҳтимолии ҳалли онҳо андешаҳои худро баён намуд. Дар анҷом ҷонибҳо омодагии хешро барои идомаи ҳамкории судманд баён намуданд. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
31
17.10.2025
Лоиҳаҳо
Ҳамаи лоиҳаҳоЗахираҳо
Эълон
Бештар-
17.10.2025
Специальное уведомление о закупках
Специальное уведомление о закупках Бештар -
16.10.2025
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД:
ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ИШҒОЛИ МАНСАБҲОИ ХОЛИИ МАЪМУРИИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ ОЗМУН ЭЪЛОН МЕНАМОЯД: Бештар - 30.09.2025 Бештар Ҳамаи элонҳо
Ҷумҳурӣ
Таҳсилоти томактабӣ
Тарбиятгиранда
Омӯзгор
Таҳсилоти миёнаи умумӣ
Хонанда
Омӯзгор
Таҳсилоти олии касбӣ
Донишҷӯ
Омӯзгор