19.01.2026

 img

15-уми январи соли 2026 дар шакли онлайн (MS Teams) ҷаласаи хотимавии PISA CBIS QTJ доир гардида, ба анҷоми расмии иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳқиқоти байналмилалии муқоисавии сифати таҳсилот PISA 2025 бахшида шуда буд.

Дар ҷаласа намояндагони Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд, Шӯрои австралиягӣ оид ба таҳқиқоти таълимӣ (ACER), намояндагони Шӯрои идоракунии PISA (PGB), Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастаи миллии PISA, Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо, ширкати Eductrade, инчунин дигар шарикони миллӣ ва байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар рафти вохӯрӣ расман тасдиқ карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми талаботи таҳқиқоти PISA 2025-ро бомуваффақият иҷро намуда, татбиқи ҳамаи чорабиниҳои ба нақша гирифташударо дар муҳлатҳои муқарраршуда ба итмом расонид. Шарикони байналмилалӣ сатҳи ҳамоҳангсозӣ, омодагии техникӣ ва ҷалби касбии дастаи миллии PISA ва Маркази миллии тестиро баланд арзёбӣ карданд.

OECD ва ACER ба лоиҳаи “Дастгирии Иттиҳоди Аврупо ба соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” барои дастгирии ҳамаҷонибаи молиявӣ ва техникӣ дар давоми тамоми давраи PISA 2025 миннатдорӣ баён намуданд. ACER инчунин ҳамкории самарабахш бо шарикони миллӣ ва рушди назарраси иқтидори институтсионалӣ ва касбии дастаи Тоҷикистон, аз ҷумла рушди салоҳиятҳои роҳбарӣ ва таҳлилиро қайд кард.

Дар доираи муҳокимаҳо иштирокчиён оид ба масъалаҳои татбиқи таҳқиқот, таҳкими иқтидори миллӣ ва рушди таҷрибаи арзёбӣ мубодилаи афкор намуданд. Таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти таҷрибаи андӯхташуда, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва имкониятҳои иштироки минбаъдаи Тоҷикистон дар ташаббусҳои байналмилалии арзёбӣ зоҳир карда шуд.

Намояндагони OECD аҳамияти стратегии маълумоти PISA-ро барои банақшагирии ислоҳоти оянда дар соҳаи маориф ва қабули қарорҳои асосноки идоракунӣ таъкид карданд. Инчунин дурнамои иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳлил ва паҳнкунии натиҷаҳои PISA 2025 дар соли 2026, инчунин иштироки эҳтимолии кишвар дар давраи PISA 2029 мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 

Хабарҳои дигар

  •  img
    ТАЪМИНИ МУҲИТИ БЕХАТАР ВА БЕТАВАҚҚУФИ ТАЪЛИМ ДАР ШАРОИТИ ТАЪМИРУ АЗНАВСОЗӢ: ТАҶРИБАИ МУВАФФАҚИ МТМУ №22 НОҲИЯИ ВОСЕЪ Дар доираи амалигардонии лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат» таъмиру азнавсозии бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №22 дар деҳаи Нонҷемаси Ҷамоати деҳоти Худоёр Назаров ноҳияи Восеъ барои 640 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, корҳои сохтмонӣ соли 2025 оғоз гардида, моҳи сентябри соли 2026 ба анҷом мерасанд.  Дар муассисаи мазкур 1695 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шуда, бо дарназардошти зарурати таъмини идомаи бетаваққуфи раванди таълим ва мавҷуд набудани ҷойи мувофиқ барои кӯчонидани хонандагон, бо дастгирии Бонки Умумиҷаҳонӣ шаш синфхонаи муваққатии модулӣ насб карда шуданд, ки барои 358 хонанда шароити бехатару мувофиқи таҳсил фароҳам оварданд.  Корҳои таъмиру таҷдид дар муассиса бо усули марҳилавӣ ба роҳ монда шуда, имкон медиҳад, ки 1 337 хонанда таҳсили худро дар ду баст идома диҳанд.  Ҳамзамон, зимни арзёбии муштараки намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ ва гурӯҳи кории лоиҳа ба масъалаҳои бехатарӣ, дастрасӣ ва коҳиши хавфҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, зӯроварии гендерӣ ва ҷинсӣ диққати махсус зоҳир гардид. Татбиқи чунин тадбирҳо намунаи муваффақи таъмини муҳити устувор, бехатар ва фарогири таълимӣ дар шароити корҳои сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Синфхонаҳои модулӣ қисми муҳимми нақшаи таъмиру таҷдиди марҳилавии мактаб ба ҳисоб рафта, ба коҳиши халалдоршавии раванди таълим, пешгирии истифодаи ҷойҳои хавфнок барои ҳар як хонанда мусоидат менамоянд. Ин намунаи амалӣ нишон медиҳад, ки чӣ гуна метавон муҳити таълимии устувор, ба иқлим мутобиқ ва бехатарро дар шароити иҷрои корҳои сохтмонӣ таъмин намуд. Таҷрибаи мазкур ҳамчун намунаи беҳтарини ҷаҳонӣ аз ҷониби созмони маблағгузор арзёбӣ гардида, метавонад дар дигар кишварҳо низ ҳамчун модели муассири ташкили раванди таълим дар шароити корҳои сохтмонӣ истифода бурда шавад.  

    43

    20.03.2026
  •  img
    ИШТИРОКИ ДАР ҶАЛАСАИ 6-УМИ ҲАМОҲАНГСОЗОНИ МИЛЛИИ PIRLS ДАР МАЛТА Аз 8 то 13 марти соли 2026 дар шаҳри Валеттаи Ҷумҳурии Малта Ҷаласаи 6 Ҳамоҳангсозони миллии арзёбии байналмилалии PIRLS баргузор гардида истодааст. Дар кори рӯзи аввали ин ҳамоиши байналмилалӣ ҳайати намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намояндагони Маркази миллии арзёбии PIRLS дар назди Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Лоиҳаи «Муҳити таълим - асоси таҳсилоти босифат»-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад. Иштироки ҳайати кишвар дар чунин чорабинии байналмилалӣ барои ҳамоҳангсозии фаъолияти омодагӣ ба арзёбии PIRLS - 2026, мубодилаи таҷриба ва тақвияти ҳамкориҳои касбӣ бо кишварҳои иштироккунанда аҳаммияти муҳим дорад. Дар оғози ҷаласа намояндагони Вазорати маориф, ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Малта меҳмононро ба кишвари худ самимона хушомадед гуфта, ба кори ҷаласа барору комёбӣ таманно карданд. Сипас, директори Маркази байналмилалии таҳқиқотҳои назди Коллеҷи Бостон оид ба ҳадаф ва мақсади вохӯрии навбатӣ, инчунин барномаи кории он барои тамоми ҳафта суханронӣ намуд. Дар суханронии худ ӯ аҳамияти ҳамоҳангсозии фаъолияти кишварҳои иштироккунандаро барои таъмини сифати баланди арзёбӣ ва шаффофияти натиҷаҳо таъкид кард. Дар рафти кори рӯзи аввали ҷаласа масъалаҳое, ки қаблан дар ҷаласаи моҳи августи ҳамоҳангсозони миллӣ дар шаҳри Варшава баррасӣ гардида буданд, дубора мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Аз ҷумла, ҷавобҳои намунавӣ ва қобили қабул ба саволҳои марбут ба се матни асосии арзёбӣ бо иштироки ҳамаи кишварҳои иштироккунанда як ба як таҳлил ва баррасӣ карда шуданд. Ҳадафи асосии ҷаласаи мазкур баррасӣ ва ҳамоҳангсозии нақшаи амал барои татбиқи арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мебошад. Дар ин замина масъалаҳои ниҳоӣ гардонидани интихоби муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, синфҳои чорум ва хонандагоне, ки дар арзёбӣ иштирок менамоянд, мавриди муҳокима қарор гирифт. Ҳамзамон, иштирокчиён тарзи баҳогузорӣ ба ҷавобҳои саволҳое, ки дар асоси матнҳои пешниҳодшуда таҳия шудаанд, таҳлил ва муҳокима намуданд. Қисмати муҳимми ҷаласа инчунин ба масъалаҳои ҷамъоварӣ, таҳлил ва баррасии махзани маълумот оид ба натиҷаҳои арзёбӣ ва пурсишномаҳои хонандагон, падару модарон, директорони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорони синфҳои чорум бахшида шуд. Дар баробари ин, паҳлуҳои техникии амалигардонии арзёбии PIRLS, аз ҷумла, тартиби идоракунии маълумот, ҳамоҳангсозии фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ва таъмини сифату шаффофияти раванди арзёбӣ низ мавриди баррасии муфассал қарор гирифтанд. Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин ҳамоиши байналмилалӣ қадами муҳим дар роҳи таҳкими низоми миллии арзёбии сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани он ба меъёрҳои байналмилалӣ арзёбӣ мегардад.

    26

    08.03.2026
  •  img
    Баргузор гардидани семинар оид ба дастрасӣ дар Душанбе Дар Литсейи касбӣ-техникии Душанбе барои шахсони дорои маъюбият семинари махсус оид ба масъалаҳои дастрасӣ баргузор шуд. Дар ин чорабинӣ донишҷӯён, омӯзгорон ва тренерон иштирок намуда, сатҳи огоҳӣ ва фаҳмиши амалии худро оид ба таҳсилоти фарогир ва меъёрҳои дастрасӣ тақвият бахшиданд. Семинарро Кармен Ротару роҳбарӣ намуда, таҷрибаҳои байналмилалӣ ва усулҳои амалиро барои беҳтар намудани муҳити омӯзишӣ барои шахсони дорои маъюбият муаррифӣ кард. Иштирокчиён дар муҳокимаҳо ва машқҳои амалӣ фаъолона иштирок намуда, роҳҳои таъмини дастрасии баробар ба таҳсилоти касбиро баррасӣ карданд.

    95

    02.03.2026