12.02.2026

 img

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо намояндагони асосии шарикони рушдро ба ҳам оварда, масъалаҳои афзалиятноки ҳамоҳангсозӣ ва қадамҳои минбаъдаро ҷиҳати дастгирии ислоҳоти бахши маориф дар Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Ин ҷаласа бо дастгирии муштараки Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва ЮНИСЕФ баргузор гардид. Бо суханони ифтитоҳӣ хонум Изабел Уриз, роҳбари ҳамкорӣ дар Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, ва хонум Эри Двиведи, муовини намояндаи ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон, баромад намуданд.

Иштирокчиён иҷрои тадбирҳои мувофиқашуда дар ҷаласаи қаблии Шӯрои ҳамоҳангсозӣ, ки моҳи ноябри соли 2025 баргузор шуда буд, баррасӣ намуда, инчунин нақш ва ваколатҳои Шӯроро дар заминаи ислоҳоти бахши маориф муҳокима карданд. Таваҷҷӯҳи махсус дода шуданд ба: муайян намудани арзиши иловагии DCC, робитаи он бо Гурӯҳи маҳаллии маориф ва таҳияи паёмҳои асосии адвокатсионӣ, ки ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд.

Қисмати алоҳидаи ҷаласа ба таҳкими вазифаи ҳамоҳангсозии соҳавии Вазорати маориф ва илм бахшида шуд. Ба иштирокчиён натиҷаҳои Пурсиши самаранокӣ оид ба Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илм, инчунин дидгоҳи Шӯро вобаста ба нақши Гурӯҳи маҳаллии маориф таҳти роҳбарии вазорат муаррифӣ гардид.

 

  • Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон img
  • Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии донорҳо оид ба бахши маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ИФТИТОҲИ МТМУ №13-И НОҲИЯИ СПИТАМЕН АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ИФТИТОҲИ МТМУ №13-И НОҲИЯИ СПИТАМЕН АЗ ҶОНИБИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН        20 сентябри соли 2026, дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд дар ноҳияи Спитамен Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №13 ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.        Иншооти мазкур дар деҳаи Янгиободи Ҷамоати деҳоти Турсун Улҷабоев дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) таъмиру азнавсозӣ гардида, барои 640 ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст.         Муассиса аз ду бино иборат буда, дорои 31 синфхона, аз ҷумла, лабораторияҳои физика, химия ва биология, синфхонаи компютерӣ, толори варзишӣ, толори маҷлис, ошхона ва маркази инкишофи кӯдак мебошад. Ҳамзамон, бино бо системаи гармидиҳӣ ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардидааст.         Бо мавриди истифода қарор гирифтани муассиса 83 ҷойи кори доимӣ фароҳам оварда мешавад.        Ифтитоҳи иншоот дар фазои тантанавӣ дар доираи чорабиниҳои бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами муҳим дар самти фароҳам овардани шароити муносиб барои таълиму тарбияи хонандагон ва беҳтар намудани муҳити таълим ба ҳисоб меравад.  

    26

    21.09.2026
  •  img
    Ба истифода додани мактаби №27-и ноҳияи Ёвон 26 августи соли 2026 бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27, воқеъ дар деҳаи Калфи Сабади ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон, дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.   Муассиса дар арафаи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба истифода дода шуда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.   Бинои дуошёна дорои синфхонаҳои муосир, лабораторияҳо, синфхонаи компютерӣ, китобхона, ошхона ва дигар шароити зарурӣ мебошад.   Бо мавриди истифода қарор гирифтани мактаб 37 ҷойи кори доимӣ фароҳам гардид.   Сохтмони мактаби нав дар доираи лоиҳаи «Муҳити таълим – асоси таҳсилоти босифат» (LEARN) дар роҳи беҳтар намудани муҳити таълим ва шароити таҳсилу таълим барои хонандагону омӯзгорони деҳа саҳми муҳим мегузорад.  

    171

    28.08.2026
  •  img
    ҶАЛАСАИ ЛОИҲАИ ТАКМИЛИ ТАҲСИЛОТИ МИЁНА ДАР СОҲАҲОИ STEM БАРГУЗОР ГАРДИД 16 июли соли 2026 дар дафтари кории Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика (STEM)» ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ баргузор гардид.   Дар ҷаласа муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои кумита, намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, инчунин роҳбарияти лоиҳа иштирок намуданд.   Зимни ифтитоҳи ҷаласа муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода таъкид намуд, ки рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон гардидааст. Қайд карда шуд, ки татбиқи лоиҳаи мазкур барои баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди тафаккури илмии хонандагон, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ аҳамияти муҳим дорад.   Дар идомаи ҷаласа ҳисоботи ҳамоҳангсози лоиҳа - муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Б. Музаффарзода ва менеҷери лоиҳа Б. Абдулмаҷид шунида шуд.   Тибқи ҳисоботи пешниҳодшуда, дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳа як қатор корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, дар самтҳои рушди инфрасохтори таълимӣ, ҷорӣ намудани таҳсилоти STEM, таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти муосир, такмили ихтисоси омӯзгорон ва рақамикунонии идоракунии соҳаи маориф пешрафти назаррас ба даст омадааст.   Дар ҷараёни муҳокима иштирокчиён ба масъалаҳои иҷрои саривақтии чорабиниҳои пешбинишуда, сифати корҳои сохтмонӣ, омодасозии омӯзгорон барои татбиқи барномаҳои нави таълимӣ, ҷорӣ намудани низоми иттилоотии идоракунии муассисаҳои таълимӣ ва таъмини баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуданд.   Дар натиҷаи баррасии масъалаҳои рӯзнома кумитаи роҳбарикунанда қарорҳои дахлдор қабул намуд. Аз ҷумла, ҳисоботи лоиҳа барои маълумот қабул гардида, ба Гурӯҳи идоракунии лоиҳа ҷиҳати таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо, пурзӯр намудани назорати иҷрои шартномаҳо, мониторинги мунтазами нишондиҳандаҳо ва татбиқи сиёсати шарикони рушд, аз ҷумла, Бонки Осиёии Рушд, супоришҳои мушаххас дода шуданд.   Ҳамзамон, ба воҳидҳои сохтории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои тобеъ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолият, мусоидат дар татбиқи чорабиниҳои лоиҳа ва истифодаи самараноки инфрасохтори нави таълимӣ дастуру супоришҳои зарурӣ дода шуданд.   Дар фарҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки татбиқи босамари лоиҳаи «Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика» дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, рушди иқтидори кадрӣ, тавсеаи имкониятҳои омӯзиши фанҳои дақиқ ва ҷорӣ намудани технологияҳои муосири таълимӣ нақши муҳим дошта, ба рушди устувори низоми маорифи кишвар мусоидат менамояд.   Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    251

    16.07.2026