12.06.2025

 img

Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди соҳаи маориф самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пазируфта шуда, дар ин замина, садҳо мактаби нав бунёд ва таъмиру бозсозӣ гардидаанд, ки шароити мусоидро барои таълиму тарбияи муҳассилин фароҳам оварда, ба баланд гардидани сатҳу сифати таълим мусоидат кардаанд. Бо дарназардошти афзоиши босуръати аҳолӣ ва садамавӣ шудани қисме аз муассисаҳои таълимӣ зарурати банақшагирии онҳоро ҷиҳати таъмиру навсозӣ ба миён овардааст.

Дар робита ба масоили мазкур, суҳбате доштем бо муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бадриддин Музаффарзода, ки фишурдаи онро пешкаши хонандагон мегардонем.

- Муҳтарам Бадриддин Музаффарзода, дар чанд соли охир масъалаи бунёди биноҳои нави таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва ё аз таъмири капиталӣ баровардани биноҳои таъмирталаби мактабҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Айни замон чӣ қадар муассисаҳои таълимӣ дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва баҳри бартараф намудани мушкилоти мазкур кадом тадбирҳо андешида шуда истодааст?

- Воқеан ҳам, дуруст таъкид кардед, ки соҳаи маориф ҳамеша зери таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат, махсусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, сол аз сол маблағгузорӣ ба ин соҳаи ҳаётан муҳим зиёд мегардад. Агар ба маълумоти оморӣ нигарем, барои соли 2025 аз ҳисоби буҷети ҷумҳурӣ ба соҳаи маориф 10 миллиарду 909 миллиону 538 ҳазор сомонӣ ҷудо карда шуд, ки 6,6% маҷмуи маҳсулоти дохилӣ (соли 2024 – 5,7%) ва 21,1% қисми хароҷоти буҷети давлатиро (соли 2024 – 18,9%) ташкил дода, нисбат ба соли 2024 2 миллиарду 677 миллиону 600 ҳазор сомонӣ, ё ин ки 32,5% зиёд мебошад. ҳамзамон, дар доираи буҷети давлатии соли 2025 барои татбиқи барномаҳои давлатӣ, дар маҷмуъ, 40,9 млн сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2024 5,4 млн сомонӣ ё ин ки 8,6% зиёд аст.

Дар баробари ин, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маърӯзаю суханрониҳои худ пайваста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот, бартараф намудани норасоӣ ва эҳтиёҷоти кадрӣ, омода намудани мутахассисони варзида, таъмини хонандагон бо ҷойи нишаст таваҷҷуҳ намуда, ба Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар тобеияташон муассисаҳои таълимӣ доранд ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Бояд қайд намуд, ки тибқи маълумоти дастрасгардида, дар ҷумҳурӣ бинои 254 муассисаи таҳсилоти умумӣ дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, бинои 351 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба таъмири асосӣ ниёз доранд.

Дар ин замина, дар доираи имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати аз ҳолати садамавӣ ва таъмирталаб баровардани муассисаҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби маблағҳои буҷети давлатӣ, шарикони рушд, сармояи хориҷӣ, соҳибкорону шахсони саховатпеша ва бо тариқи ҳашар тадбирҳои судманд андешида мешаванд.

Дар 38 муассисаи таълимии дар ҳолати садамавӣ қарордошта корҳои сохтмонию азнавсозӣ идома доранд. Бо дарназардошти ҷой доштани муассисаҳои садамавӣ дар кишвар, мавҷуд будани деҳаҳои навбунёде, ки муассисаи таълимӣ надоранд ва ё деҳаҳое, ки бо зиёд шудани аҳолӣ зарурати сохтмони бинои иловагӣ ба миён омадааст, Вазорати маориф ва илм ҳамасола гурӯҳи кории босалоҳият таъсис дода, рӯйхати чунин муассисаҳоро тартиб медиҳад ва талош меварзад, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва шарикони рушд мушкилоти мавҷударо бартараф намояд.

- Бо дарназардошти афзоиши аҳолӣ ва зиёд шудани шумораи хонандагон Вазорати маориф ва илм то кадом андоза метавонад тавассути ба роҳ мондани сохтмони мактабҳои нав эҳтиёҷоти ҷойҳои нишастро таъмин намояд? Дар ин самт оё лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ ва ё ташкилотҳои байналмилалӣ амал мекунанд?

- Соли 2024 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ бинои 4 шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва 269 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 57610 ҷойи нишаст дар як баст аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохта мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамзамон, тибқи маълумоти дастрасгардида, соли 2025 дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 309 муассисаи таълимӣ ва бинову синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 94122 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шуда, дар назар дошта шудааст, ки тибқи нақшаи пешакӣ соли равон зиёда аз 200 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавриди истифода қарор дода мешавад.

Роҳбарияти Вазорати маориф ва илм дар чандин нишасти матбуотӣ ва муроҷиатҳои алоҳида таъкид карда буд ва боз бо истифода аз фурсат бори дигар ёдовар мешавем, ки Вазорати маориф ва илм дар алоҳидагӣ наметавонад мушкилоти норасоии ҷойи нишаст ва сохтмони мактабҳои навро бартараф намояд. Зеро дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» (дар боби 4. Идоракунии соҳаи маориф) мушаххас ва дақиқ муайян шудааст, ки таъмини шароити мусоиди таълимӣ, муҳайё сохтани заминаи моддию техникӣ, бахусус, таъмиру сохтмони муассисаҳои таълимӣ вазифаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо аст.

Ҳамасола аз ҷониби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва соҳибкорони маҳаллӣ, инчунин, тариқи ҳашар синфхонаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумию кӯдакистонҳо сохта ба истифода дода шуда истодаанд, ки барои ҳалли масъалаи норасоии ҷойи нишаст дар минтақаҳои гуногуни кишвар мусоидат менамоянд.

Албатта, бо маблағҳое, ки аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба Вазорати маориф ва илм барои сохтмони муассисаҳои таълимӣ ҷудо мегарданд, эҳтиёҷоти сохтмони муассисаҳои таълимӣ қонеъ намегардад.

Ҳамин аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкории зич бо шарикони рушд ҷиҳати сохтмону азнавсозии муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, айни замон дар назди вазорат 5 лоиҳа амал мекунанд, ки аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ маблағгузорӣ мешаванд ва дар доираи амалигардонии онҳо сохтмону азнавсозии иншооти соҳа ба нақша гирифта шудааст. Дар сохтмону азнавсозии иншооти соҳа саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша низ назаррас буда, дар партави сиёсати пешгирифтаи Давлату Ҳукумат аз ҷониби соҳибкорон дар ҷумҳурӣ муассисаҳои нави таълимӣ бунёд мегарданд.

Вазорати маориф ва илм низ дар навбати худ бо истифода аз ҷалби сармоягузории ташкилоту лоиҳаҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҷиҳати бартараф намудани норасоии ҷойи нишаст пайваста тадбирҳои судмандро роҳандозӣ намуда, ҳамасола сохтмону азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти умумиро ба роҳ мондааст. Инчунин, вазорат ҳамасола аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ ва маблағҳои махсуси дар ихтиёри худдошта ба ҳисоби миёна дар доираи 2 миллион сомонӣ таҷҳизоти синфхона харидорӣ намуда, ба муассисаҳое, ки аз ҷониби соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ сохта мешаванд, тариқи ройгон таъмин менамояд.

- Оё вазорат феҳрасти дақиқи мактабҳо ва муассисаҳоеро дорад, ки ба сохтмон ва ё навсозии фаврӣ ниёз доранд? Ин муассисаҳо аз рӯйи кадом меъёрҳо интихоб мешаванд ва дар Стратегияи миллии рушди маориф доир ба ин масъала таъкид шудааст?

- Дар навбати аввал сохтмони муассисаҳои таълимие, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд, ба эътибор гирифта мешванд, ки шумораи дақиқи онҳо тибқи маълумоти раёсату шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳамасола дастрас мегардад.

Бояд қайд намуд, ки бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоиди таълимӣ бо қарори Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон (аз 30 октябри соли 2022, №533) «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» қабул гардидааст.

Барномаи мазкур дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) аз 2 замима иборат буда, ҳадафи асосӣ фароҳам овардани шароити зарурӣ барои рушди соҳаи маорифи вилоят, аз ҷумла, гирифтани таҳсилоти босифат дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва ба сатҳи маорифи давлатҳои тараққикардаи ҷаҳон наздик намудани низоми маорифи вилоят мебошад.

Тибқи нақшаи амали ин барнома, дар марҳилаи якум (солҳои 2022-2024) сохтмон ва таъмиру азнавсозии 173 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 52850 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст. Ҳоло тибқи нақшаи зикршуда 105 бинои муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 24 670 ҷойи нишаст сохтмону азнавсозӣ гардида, сохтмони 33 бинои муассисаи таълимӣ барои 10236 ҷойи нишаст идома дошта, дар асоси нақша бо ҷалби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ сохтмони 11 бинои муассисаи таълимӣ барои 2640 ҷойи нишаст сохта мешавад.

Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Нақшаи амали Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027 дар марҳилаи дуюм (солҳои 2025-2027) ба 3 қисм ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, қисми 1 сохтмони муассисаҳои таълимӣ, ки дар ҳолати садамавӣ қарор дошта, ба синфхонаҳои иловагӣ ниёз доранд, қисми 2 сохтмони муассисаҳои таълимӣ дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки шумораи аҳолӣ зиёд шудааст ва қисми 3 муассисаҳои таълимие, ки бинои он ба таъмиру азнавсозӣ ниёз доранд.

Тибқи он, дар вилояти Хатлон бояд 165 бинои муассисаи таълимӣ барои 53 303 ҷойи нишаст сохтмону азнавсозӣ карда шавад. Айни замон, лоиҳаи ҳуҷҷати мазкур омода гардида, барои дастури минбаъда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

- Ба андешаи Шумо, кадом мушкилот дар самти банақшагирии иқтисодии муассисаҳои таълимӣ бештар монеа эҷод мекунанд, хусусан, дар минтақаҳо – шаҳру ноҳияҳои кишвар?

- Дар самти банақшагирии иқтисодии соҳаи маориф ва илм дар давоми солҳои охир як қатор ислоҳот ва тағйироти ҷиддӣ рӯйи кор омаданд. Аз ҷумлаи онҳо гузариш ба механизми маблағгузории меъёрӣ (сарикасӣ) дар зинаи таҳсилоти умумӣ дар соли 2010 ва гузариш ба механизми маблағгузории меъёрӣ дар зинаи таҳсилоти томактабӣ дар соли 2016 мебошад. Ислоҳоти мазкур тақсимоти маблағҳои буҷетиро миёни муассисаҳои ҳардуи зинаи таҳсилот ба танзим дароварда, шаффофияти банақшагирӣ ва азхудкунии маблағҳои буҷетиро ба таври назаррас таъмин намудааст.

Ҳамзамон, механизми сарикасӣ ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мустақилияти молиявӣ додааст, ки директорону мудирони муассисаҳо дар банақшагирӣ ва азхудкунии маблағҳои дар ихтиёрдоштаи худ мустақил мебошанд.

Дар ин ҷо, танҳо дар муассиса роҳбаре лозим аст, ки аз донишҳои иқтисодӣ бархурдор бошад ва тавонад маблағҳои ба муассиса ҷудошударо мақсаднок истифода намояд. Зеро ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷумҳурӣ аз 29 ноябри соли 2024 «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2025» қарори вижа ба тасвиб расидааст, ки дар он меъёри маблағ барои муассисаҳо муайян шудааст. Яъне, ин санад дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ меъёр барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 156 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 400 ҳазору 321 сомонӣ, барои муассисаи таҳсилоти асосӣ барои як хонанда дар як сол 2 ҳазору 688 сомонӣ, барои нигоҳдории муассиса 161 ҳазору 183 сомонӣ ва барои муассисаи таҳсилоти ибтидоӣ меъёр барои як хонанда дар як сол 3 ҳазору 363 сомонӣ ва барои нигоҳдории муассиса 58 ҳазору 26 сомониро муайян намудааст. Аммо баъзан ба мушоҳида мерасад, ки на барои ҳамаи муассисаҳои таълимӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо маблағҳои пешбинишуда ҷудо мегарданд ва агар ҷудо ҳам шаванд, на ҳар як роҳбари муассисаи таълимӣ метавонад маблағҳои дар ихтиёраш бударо мақсаднок истифода намояд. Яъне, мутаассифона, дар аксар маврид меъёрҳои муқаррарнамудаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо риоя карда намешавад.

Дар баробари ин, тибқи тартиб ҳар муассиса бояд сармуҳосиби худро дошта бошад, мутаассифона, дар шаҳру ноҳияҳо як сармуҳосиб дар ду ва зиёда аз ин муассиса фаъолият менамояд, ки ин ба раванди босифати банақшагирии маблағҳо ва истифодаи мақсадноки он бетаъсир буда наметавонад.

- Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бархеҳо баҳс меороянд, ки ҳамасола аз буҷаи кишвар ба соҳаи маориф беш аз 10 миллиард сомонӣ ҷудо мешаваду дар ихтиёри Вазорати маориф ва илм қарор мегирад ва вазорат ин маблағҳоро ба куҷо сарф мекунад. Мехостем тақсимоти дурусти маблағҳои ба соҳа ҷудошударо ба хонандагон шарҳу тавзеҳ медодед.

- Дар ҳақиқат, тавре дар аввал ишора кардем, соҳаи маориф ва илм дар сиёсати иҷтимоии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвар қарор дорад. Далели ин дар соли 2025 ба соҳаи маориф ва илм ҷудо шудани 10 миллиарду 909 миллиону 538 сомонӣ мебошад. Аз ин ба бахши 04101-Таълиму тарбияи томактабӣ 606 млн 862 сомонӣ, 04203-Таҳсилоти умумӣ 6 млрд 195 млн 658 сомонӣ пешбинӣ шудааст. Дар маҷмуъ, 6 802 520 сомоние, ки ба муассисаҳои таълимии томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ ҷудо шудааст, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатӣ» тақсимкунандаи асосии ин маблағҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки 62,4% ҳаҷми умумии буҷети соҳаро ташкил медиҳад.

Аз ин маблағ 1511772 сомонӣ ба муассисаҳои зинаи таҳсилоти олии касбӣ пешбинӣ шудааст, ки 13,9 фоизи ҳаҷми буҷети соҳаро ташкил медиҳад ва набояд фаромӯш кард, ки аксари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ зертобеи дигар вазорату идораҳо мебошанд. Инчунин, аз ин маблағ 577 млн 911 сомонӣ ба муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ тааллуқ дошта, дар тобеияти Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ мебошанд. Маблағҳои боқимонда (2 млрд 17 млн 336 сомонӣ) ба дигар муассисаҳои соҳаи маориф тааллуқ дошта, дар тобеияти дигар вазорату идораҳо ҳастанд. Дар маҷмуъ, тавассути дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо 60,7 миллион сомонӣ (ки аз ин 40,9 миллион барои татбиқи 6 барномаи давлатӣ ва 19,8 миллион сомонӣ барои музди маош ва нигаҳдории дастгоҳи марказии Вазорати маориф ва илм) хароҷот карда мешавад.

Ба таври дигар гӯем, маблағҳои 744 муассисаи таҳсилоти томактабии амалкунанда дар ҷумҳурӣ пурра тавассути мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо амалӣ шуда, аз 4037 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ танҳо 33 муассиса, ки мақоми ҷумҳуриявӣ (мактабҳои президентӣ, литсейҳо барои хонандагони болаёқат, мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявӣ ва мактабҳои муштараки тоҷикӣ-русӣ) доранд, аз 48 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ танҳо маблағҳои 13 муассиса тавассути Вазорати маориф ва илм татбиқ гардида, маблағи дигар муассисаҳо тавассути ма­қомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояту шаҳру ноҳияҳо ва вазорату идораҳо амалӣ мегардад.

- Ташаккур барои суҳбат.

- Саломат бошед.

Мусоҳиб

Эҳсон САФАРЗОДА,

«Омӯзгор»

Хабарҳои дигар

  •  img
    ЭЪЛОН Бахши ғизои мактабии назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2023 бо дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ (БОҶ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Ин бахш фаъолияти худро дар асоси Ҳадаф ва вазифаҳои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ барои солҳои 2022–2027 ва Стратегияи рушди устувори ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2027 ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои марбут ба ғизои мактабиро таъмин менамояд. Аз ҷумла, он ҳамкориҳоро миёни Вазорати маориф ва илм ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар раванди гузариш аз амалисозии барномаи ғизои мактабӣ аз ҷониби БОҶ ба Вазорат ба роҳ мемонад.   Пас аз анҷоми давраи гузариш, Бахш ҳамчун маркази асосии ҳамоҳангсозӣ оид ба масъалаҳои ғизои мактабӣ фаъолиятро идома хоҳад дод.   Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ният дорад, ки ҳайати марказро тавассути таъсиси намояндагиҳо дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо бо мақсади ҳамоҳангсозӣ ва назорат, мусоидат дар нақшакашӣ, мониторинг ва ҳисоботдиҳӣ, корҳои таблиғотӣ, баланд бардоштани иқтидор ва таъмини гузариши устувори барномаи ғизои мактабӣ васеъ намояд.    Дар ин замина, мутахассисони бахшҳои ғизои мактабӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, дар вилоятҳои Суғд,  Хатлон (минтақаҳои Бохтар ва Кулоб) ва Рашт ба кор ҷалб карда мешаванд.   ВАЗИФАҲО Таҳти назорати бевоситаи Ҳамоҳангсози маркази ғизои мактабӣ ва бо ҳамкории Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон, мутахассис вазифаҳои зеринро иҷро мекунад: - Намояндагии Маркази ғизои мактабӣ  дар минтақаҳои вобасташуда, пешниҳод намудани дастурҳо ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои шахсони масъули шӯъбаҳои маориф. - Дастгирӣ дар татбиқ ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар сатҳи вилоят. - Дастгирии шӯъбаҳои маориф дар банақшагирӣ ва тарҳрезии ғизодиҳии мактабӣ барои маблағгузорӣ аз буҷети давлат ва ё шарикони рушд, инчунин дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ. - Барқарорсозии ҳамоҳангӣ ва ҳамкорӣ бо шахсони масъули ғизои мактабӣ дар шаҳру ноҳияҳл, мақомоти маҳаллӣ, шарикони рушд ва дигар ҷонибҳои манфиатдор (сохторҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ ва ғ.). - Тақвияти фаъолияти Шӯрои вилоятӣ ва ноҳиявии ғизои мактабӣ бо иштироки мақомотҳои салоҳиятдор ва пайгирии қарорҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии байниидоравӣ дар вилоят (минтақа) ва ноҳияҳо. - Дастгирӣ дар таъсис ва тақвияти ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомотҳо ва ҷонибҳои манфиатдор барои татбиқи барномаҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва назорати фаъолияти онҳо бо ҷалби шахсони масъули шӯъбаҳои маориф. - Таъсис додани низоми ғизои мактабӣ, аз ҷумла такмили шароити ошхонаҳо, таҷҳизот, мебели мактабӣ, нигоҳдории маҳсулот, ошхонаи хонандагон, шароити шустани дастҳо, фаъолиятҳои кишоварзӣ ва фаъолияти даромадноки мактабҳо. - Дастгирии мактабҳо дар банақшагирӣ, ташкил ва идоракунии барномаи ғизоӣ, ки аз буҷети давлатӣ, грантҳои шарикони рушд, саҳми волидон ва дигар манбаъҳо маблағгузорӣ мешавад. - Мониторинги мунтазами сифату гуногунии ғизои мактабӣ, аз ҷумла тақвияти фаъолиятҳои рушди кишоварзӣ бо истифодаи заминҳои мактабӣ ва ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои деҳқонӣ ва нонпазхонаҳо.  - Таҳия кардани ҳисоботҳо ва фавран гузориш додани ҳолатҳои фавқулода ё фасоду фиреб ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолати зарурӣ ба шарикони рушд. - Дар ҳолати ошкор намудани мушкилот ё амалҳои ғайриқонунӣ ҳангоми татбиқи барнома, фавран ба сардори шӯъбаи маорифи минтақавӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли хаттӣ гузориш додан ва пешниҳод намудани роҳи ҳалли он. - Ҷамъоварии маълумот оид ба пешрафти ғизои мактабӣ аз шахсони масъули ноҳияҳо, таҳияи ҳисоботҳои моҳона ва солона бо таҳлили зарурӣ ба Маркази ғизои мактабӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Ҷамъоварӣ ва супоридани санадҳои молиявии шахсони масъул барои пардохти хароҷоти нақлиёт ва ё дигар хароҷоти марбут ба Маркази ғизои мактабӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Тақвияти иқтидори роҳбарияти мактабҳо ва шахсони масъули шӯъбаҳои маорифи шаҳрҳо ва ноҳияҳои минтақа тавассути ташкили омӯзишҳо ва пешниҳоди машваратҳо оид ба ташкил ва идоракунии ғизои мактабӣ. - Тарғиби ғизои солим дар мактабҳо, маҳаллаҳо ва ҷомеаҳо, аз ҷумла ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои оммавӣ оид ба ғизои солим. - Иштирок дар таҳқиқотҳо, баррасиҳо ва арзёбиҳои марбут ба татбиқи ғизои мактабӣ ва  Барномаи давлатии рушди ғизодиҳии мактабӣ. - Иҷрои ҳама гуна вазифаҳои дигар вобаста ба амалисозӣ ва рушди ғизои мактабӣ дар вилоят. ТАЛАБОТҲО Тахассусӣ Маълумоти дараҷаи бакалаврият ё дипломи пурраи маълумоти олӣ оид ба фанҳои гуманитарӣ, иқтисодиёт, молия, идоракунии давлатӣ, фанҳои марбут ба рушд ё дигар соҳаи марбут. Дониши ташрифоти давлати оид ба котиботи расмӣ, маҷлисҳо, ташрифҳо миссияҳо, чорабиниҳо ва гайра ҳатмӣ мебошад. Малакаи қавии муоширати бо шарикони давлатӣ ва шарикони рушд.   Таҷрибаи корӣ Ду соли собиқаи корӣ дар корҳои  тарҳрезӣ ва татбиқи лоиҳа, мониторинг ва арзёбӣ (аз ҷумла идоракунии маълумот) бо сохторҳои давлатӣ ё лоиҳаҳо,ташкилотҳои байналмилалӣ ва маҳаллӣ. Таҷрибаи корӣ дар барнома ва лоиҳаҳои ғизои мактабӣ бартарӣ дорад.   Забондонӣ Дониши хуби забони тоҷикӣ ҳатмист. Донистани забонҳои англисӣ ва русӣ афзалият дорад.   Малакаи кор бо компютер Маҳорати баланди кор бо барномаҳои MS Office (Word, Excel, PowerPoint, Outlook) талаб карда мешавад ва таҷрибаи қавӣ дар идоракунӣ ва таҳлили маълумот зарур аст. Таҷрибаи кор бо барномаҳои таҳлил ва визуализатсияи маълумот (SPSS, STATA, Tableau ва ғайра) бартарӣ дорад.   Номзадҳои соҳибихтисос резюме ва номаи тавсиявии худро бояд ба почтаи электронии zsayora@mail.ru ва dilovarsaydaliev@gmail.com ирсол намоянд. Дар мавзӯи нома ҳатман номи вазифа, ноҳия ва вилоят нишон дода шавад.    Рақами телефон барои гирифтани маълумоти иловагӣ: +992 90014009 (аз соати 8:00 то 17:00).   Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ҳуҷҷатҳо — 24 октябри  соли 2025 то соати 17:00 (ба вақти Душанбе). 

    432

    08.10.2025
  •  img
    Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо малакаҳои мутахассисони соҳаи маорифро тақвият мебахшад Дар доираи татбиқи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо “Дастгирии соҳаҳои маориф ва меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон” тренинги омӯзишӣ барои баланд бардоштани малакаи касбии кормандони Маркази таҳлил ва ҳамоҳангсозии назди Вазорати маориф ва илм баргузор гардид. Мақсади асосии тренинг тақвият додани қобилиятҳои мутахассисон дар самти идоракунии самараноки барномаҳои таълимӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти шӯъбаҳои минтақавӣ ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф мебошад.

    240

    07.10.2025
  •  img
    ҶАЛАСАИ ҲАМОҲАНГСОЗӢ БО ШАРИКОНИ РУШД Дар Гурӯҳи идоракунии лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ҷаласаи ҳамоҳангсозӣ миёни намояндагони Бонки Осиёии Рушд, ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО доир гардид.    Ҷаласаро сармутахассиси раёсати бахши рушди инсонӣ ва иҷтимоии Бонки Осиёии Рушд, роҳбари лоиҳа хонум Шин Лонг оғоз намуда, дар оғоз оид ба мақсад ва муҳтавои лоиҳаи “Такмили таҳсилоти миёна дар соҳаҳои илмҳои табиӣ, технологӣ, муҳандисӣ ва математика” ба ҳозирин маълумот дод. Ҳамзамон, вобаста ба фаъолияти банақшагирифташуда ва анҷомёфта дар доираи лоиҳаҳои ЮНИСЕФ ва ЮНЕСКО низ маълумот дода шуд.   Сипас, баррасии нуқтаҳои ҳамкорӣ миёни созмонҳо, хусусан дар самти ҳамгироии таълими тағйирёбии иқлим дар барномаҳои таълимӣ, инкишофи низоми ягонаи таҳсилоти рақамӣ барои омӯзгорон, рақамикунонии соҳаи маориф, татбиқи методологияи таълими салоҳиятнок, таҳияи барнома ва маводҳои таълимӣ, татбиқи барномаҳо дар самти таълими фарогир, ташкили курсҳои омӯзишӣ барои омӯзгорон ва дигар масъалаҳо сурат гирифт.   Барои пешрафти самараноки ин самтҳо, қарор қабул гардид, ки гурӯҳҳои махсуси корӣ оид ба таълими тағйирёбии иқлим ва технологияҳои рақамӣ таҳти роҳбарии Вазорат маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шаванд. Ҳамчунин, нақшаҳои амалӣ барои баррасии имконияти ҳамгироии лоиҳаи энергетикӣ дар соҳаи маориф ва пайвастшавии намояндагони вазорат ба кор дар платформаҳои таҳсилоти рақамӣ муқаррар гардиданд.   Дар интиҳои ҷаласа қарор қабул гардид, ки байни созмонҳо ҷиҳати татбиқи самарабахши лоиҳаҳо ҳамкории зич ба роҳ монда шуда, ба таври пайваста барои пайгирии ҳамгироии фаъолиятҳо ҷаласаҳои ҳамоҳангсозӣ ташкил карда мешаванд.

    342

    07.10.2025