30.05.2026
Дар Гимназияи №1-и шаҳри Хуҷанд машварат бо омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар чорабинӣ омӯзгорони фаъоли муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд иштирок намуда, оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сифати таълим, истифодаи технологияҳои муосири омӯзиш, тарбияи насли наврас ва таҳкими ҳамкории байни омӯзгорони ҷавон мубодилаи афкор намуданд.
Дар оғози чорабинӣ бо мақсади эҳтиром гузоштан ба корнамоиҳои фарзандони фарзонаи миллат, таҳкими ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ ва арҷгузорӣ ба шахсиятҳои таърихии кишвар, филми мустанад оид ба маросими ба Ватан баргардонидани мушти хоки оромгоҳи Қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин чеҳраи барҷастаи фарҳангии таърихи миллат Нисор Муҳаммад намоиш дода шуд.
Сипас, сардори Раёсати маорифи вилоят зимни суханронии худ аз дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи илму маориф ва сиёсати давлатии ҷавонон ёдовар шуда, таъкид намуданд, ки маориф меҳвари асосии рушди давлат ва ҷомеа маҳсуб меёбад. Зикр гардид, ки Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд:
«Ояндаи давлату миллат аз сатҳи дониш, ҷаҳонбинӣ ва тарбияи насли наврас вобаста аст».
Таъкид карда шуд, ки ҳадафи асосии баргузории чунин машварат, пеш аз ҳама, муттаҳидсозии омӯзгорони ҷавон, тақвияти ҳамкории касбии онҳо, шиносоӣ бо таҷрибаи якдигар, мубодилаи афкору таҷрибаи пешқадам, инчунин дарёфти роҳҳои нави баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва рушди маҳорати касбии омӯзгорон мебошад.
Ҳамзамон, бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо миёни омӯзгорони ҷавон, дастгирии ташаббусҳои эҷодиву касбӣ, мубодилаи таҷриба ва рушди малакаҳои омӯзгорӣ, дар ҷараёни машварат таъсиси гурӯҳи «Маорифчиёни ҷавон» дар назди Раёсати маорифи вилояти Суғд пешниҳод гардид.
Зикр карда шуд, ки ин гурӯҳ метавонад ҳамчун платформаи доимии ҳамкорӣ, омӯзиш ва дастгирии омӯзгорони ҷавон фаъолият намуда, ба рушди касбии онҳо ва таҳкими равандҳои инноватсионии соҳаи маориф мусоидат намояд.