29.05.2026
Дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода бо Сафири ғайримуқимии Ҷумҳурии Хорватия Рефик Шабанович баргузор гардид.
Дар оғоз муовини якуми вазир меҳмонро ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, аз ташрифи ӯ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028” истиқбол намуд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Хорватияро баланд арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки равобити ду кишвар дар солҳои охир тамоюли мусбат ва созандаро касб намудааст. Қайд гардид, ки миёни кишварҳо муколамаи сиёсӣ ва ҳамкориҳои байниидоравӣ тадриҷан густариш меёбанд.
Ҳамзамон зикр шуд, ки сафарҳои мутақобилаи роҳбарони олии ду давлат дар соли 2009 барои таҳкими пояи муносибатҳои дуҷониба заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Инчунин, сафари вазири корҳои хориҷӣ ва аврупоии Ҷумҳурии Хорватия Гордан Грлич-Радман ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2024 ва мулоқотҳои сатҳи баланд дар доираи он ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои ду кишвар такони нав бахшиданд.
Дар ҷараёни суҳбат муовини вазир таъкид намуд, ки Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Хорватия дар соҳаҳои маориф, илм, инноватсия ва таҳсилоти олӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Аз ҷумла, имкониятҳои тавсеаи мубодилаи академӣ байни донишгоҳҳо, табодули донишҷӯён, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин мубодилаи таҷриба дар самти рақамикунонии соҳаи маориф ва идоракунии муассисаҳои таҳсилоти олӣ баррасӣ гардиданд.
Ҳамзамон, бо дарназардошти таҷрибаи муваффақи Ҷумҳурии Хорватия дар бахшҳои сайёҳӣ ва мутобиқсозии таҳсилот ба талаботи бозори меҳнат, ҷонибҳо ба роҳандозии ҳамкориҳои мустақими муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар ҳавасмандӣ зоҳир намуданд.
Дар ин замина, масъалаи таҳияи санадҳои ҳамкорӣ байни вазоратҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва сохторҳои дахлдори ду кишвар, инчунин иштирок дар барномаҳои муштараки аврупоӣ ва мубодилаи таҷриба дар самти таҳсилоти касбӣ ва таҳсилоти байналмилалӣ баррасӣ гардид.
Дар фарҷом ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки вохӯрии мазкур барои тавсеаи ҳамкориҳои амалии Тоҷикистону Хорватия дар соҳаи маорифу илм заминаи мусоид фароҳам меорад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон