22.09.2026
21 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» маросими кушодашавии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.
Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, намояндагони ҳайати комиссия ва дигар шахсони масъул аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин довталабони озмун иштирок намуданд.
Дар оғоз муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, оид ба ҳадаф ва аҳамияти баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» андешаронӣ кард.
Зикр гардид, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ танҳо як асари бузурги адабӣ набуда, дар он таърихи пурифтихор, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои ахлоқӣ, қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ ва фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати тоҷик инъикос ёфтааст. Аз ин рӯ, ташвиқи мутолиа ва аз бар намудани достонҳои «Шоҳнома» барои шинохти таъриху фарҳанги миллӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли наврас аҳамияти хос дорад.
Таъкидшуд, ки ташкили чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ, омӯзиши таъриху адабиёт ва эҳёи арзишҳои маънавии миллӣ заминаи муносиб фароҳам меорад.
Сипас, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон суханронӣ намуда, доир ба омодагии довталабон ва раванди баргузории даври вилоятии озмун маълумот пешниҳод кард.
Қайд гардид, ки дар даври имсолаи озмун довталабон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуда, баъди гузаштани марҳилаҳои якум ва дуюм ба даври вилоятӣ роҳ ёфтаанд. Дар ин раванд барои муайян намудани довталабони воқеан арзанда, ки дорои донишу малака, қобилияти қироат, дарки мазмун ва шинохти амиқи «Шоҳнома» мебошанд, корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд.
Гуфташуд, ки ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди роҳандозии озмуни «Шоҳномахонӣ» дар ҷалби насли наврасу ҷавон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзиши мероси адабию таърихии миллат аҳамияти бузург дорад. Зеро ҳар қадаре ки «Шоҳнома» бештар хонда, омӯхта ва дарк карда шавад, ҳамон андоза дониши насли наврас дар бораи гузашта, арзишҳои миллӣ, чеҳраҳои таърихӣ ва сабақҳои маънавии ниёгон густариш меёбад.
Сардори Раёсати маориф ҳамчунин ба масъалаи шаффофияти озмун ва интихоби одилонаи довталабон таваҷҷуҳ намуда, гуфт, ки ҳайати комиссия ҳангоми баҳогузорӣ талаботи низомномаи озмунро қатъиян риоя менамояд. Танҳо он довталабоне, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, сатҳи зарурии дониш, маҳорат ва омодагии худро нишон медиҳанд, ба давраҳои минбаъдаи озмун роҳхат хоҳанд гирифт.
Дар идомаи маросим намояндагони ҳайати комиссия ва дигар шахсони масъул низ суханронӣ намуда, вобаста ба тартиби баргузории озмун, талабот, шартҳои иштирок ва бахшҳои он маълумоти зарурӣ пешниҳод карданд.
Таъкид гардид, ки тамоми марҳилаҳои озмун дар асоси талаботи муқарраргардида ва бо риояи принсипи шаффофият баргузор шуда, ба натиҷаи ниҳоӣ танҳо донишу маҳорат ва сатҳи омодагии воқеии довталабон таъсир хоҳад расонд.
Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» идомаи иқдомҳои муҳим дар самти арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллат буда, барои боз ҳам бештар ҷалб намудани хонандагону ҷавонон ба мутолиаи «Шоҳнома», таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.