22.09.2026

 img

21 сентябри соли 2026 дар толори фарҳангии Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» маросими ифтитоҳи даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳ намояндагони Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муовинони раисони ноҳияҳои пойтахт, ҳайати ҳакамон, омӯзгорон, иштирокчиёни озмун ва масъулони соҳаи маориф ҳузур доштанд.

Меҳмонон ва иштирокчиён сараввал аз дастовардҳои Марказ ва маҳфилҳои марказ дидан намуда, сипас ба кори озмун оғоз бахшиданд.

Зимни ифтитоҳ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода суханронӣ намуда, ба аҳаммияти омӯзиши мероси адабӣ ва фарҳангии миллӣ, бахусус «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ дар тарбияи маънавии насли наврас ва ҷавон таъкид намуд.

Қайд гардид, ки озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» имсол бори аввал дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор гардида, ҳадафи он ҷалби бештари аҳолӣ, махсусан насли наврасу ҷавон ба омӯзишу мутолиаи «Шоҳнома» ва арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллӣ мебошад.

Тибқи маълумоти пешниҳодшуда, дар шаҳри Душанбе дар даври якуми озмун 58 ҳазору 210 нафар иштирок намуда, 6 ҳазору 453 нафар ба даври дуюм роҳ ёфтанд. Дар натиҷаи даври дуюм 155 нафар иштирокчӣ бо дарназардошти ҷойҳои ифтихорӣ ба даври сеюми озмун роҳхат гирифтанд.

Дар маросими ифтитоҳ ҳайати ҳакамони даври сеюми озмун низ муаррифӣ гардид. Ба ҳайати ҳакамон шахсони дорои таҷрибаи касбӣ ва дониши амиқи адабиёт ва фарҳанг шомил мебошанд.

Пас аз маросими ифтитоҳ даври сеюми озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» расман оғоз гардид. Иштирокчиён тибқи гурӯҳҳои муайяншуда ба ҷойҳои баргузории озмун роҳнамоӣ карда шуданд.

Даври сеюми озмун аз 21 то 29 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» баргузор мегардад.

Тибқи ҷадвали тасдиқгардида, рӯзҳои баргузории озмун чунин муайян шудаанд:

21-22 сентябр - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 1-4;

23-24 сентябр - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 5–8;

25-26 сентябр - хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, синфҳои 9-11 ва муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ, синфҳои 10-11;

26-27 сентябр - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ - бакалавр ва магистр;

28 сентябр - омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантон, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун;

29 сентябр - фаъолияти Комиссияи апеллятсионӣ.

  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img
  • ДАР ДУШАНБЕ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ОҒОЗ ГАРДИД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    Ифтитоҳи МД Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд 22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷандро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.   Бинои нави Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд бо номи Навниҳоли Ватан ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд қомат афрохтааст.   Корҳои сохтмонии иншооти иҷтимоии мазкур аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби ҶДММ Қолинҳои Қайроқум бо тарҳи зебо, сифати баланд ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ба кӯдакон бунёд гардидааст.   Дар бинои нави муассиса ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, утоқҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҷойҳои ёрирасон бо шароиту имкониятҳои васеъи хизматрасониву тавонбахшӣ ба кӯдакон фароҳам гардидааст.   Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд Навниҳоли Ватан бо шароити муосири тавонбахшиву хизматрасонӣ дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва дигар табақаҳои ниёзманди наврас мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи кудаконро ба нигоҳубин, тандурустӣ, таҳсил, тарбия ва рушд таъмин менамояд.   Фаъолияти муассиса дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ бо мақсади таъминоти иҷтимоии ятимони кулл, тавонбахшии тиббию зеҳнӣ ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бо фарогирии 75 кӯдак роҳандозӣ гардидааст.   Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва кормандони муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии беҳтари ятимони кулл ва кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд ва ин қишри осебпазири ҷомеа то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон доимо зери таваҷҷуҳ, нигоҳубин, ғамхорӣ ва сарпарастии давлат қарор мегиранд.   Муассисаи мазкур барои таъмини гармӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо маркази гармидиҳии муосир, майдончаи бозии кӯдакон бо лавозимоти гуногун ва суҳбаткадаҳо барои истироҳату фароғати кӯдакон таъмин карда шуда, саҳни ҳавлии ин муассисаи иҷтимоӣ бо дарахтони ороишӣ ва буттаҳои ҳамешасабз  оро дода шудааст.   Баробари ба фаъолият оғоз намудани Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд 70 корманди соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.

    1

    22.09.2026
  •  img
    «ШОҲНОМАХОНӢ» - РОҲЕ БА СӮЙИ ХУДШИНОСӢ ВА АРҶГУЗОРӢ БА МЕРОСИ МИЛЛӢ 21 сентябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» маросими кушодашавии даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи озмун муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулзода, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, намояндагони ҳайати комиссия ва дигар шахсони масъул аз шаҳру ноҳияҳои вилоят, инчунин довталабони озмун иштирок намуданд. Дар оғоз муовини раиси вилояти Хатлон суханронӣ намуда, оид ба ҳадаф ва аҳамияти баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» андешаронӣ кард. Зикр гардид, ки «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ танҳо як асари бузурги адабӣ набуда, дар он таърихи пурифтихор, ҷаҳонбинӣ, арзишҳои ахлоқӣ, қаҳрамонӣ, ватандӯстӣ ва фарҳанги чандинҳазорсолаи миллати тоҷик инъикос ёфтааст. Аз ин рӯ, ташвиқи мутолиа ва аз бар намудани достонҳои «Шоҳнома» барои шинохти таъриху фарҳанги миллӣ ва таҳкими ҳисси худшиносиву ватандӯстии насли наврас аҳамияти хос дорад. Таъкидшуд, ки ташкили чунин озмунҳои ҷумҳуриявӣ бо ташаббус ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон, ба китобхонӣ, омӯзиши таъриху адабиёт ва эҳёи арзишҳои маънавии миллӣ заминаи муносиб фароҳам меорад. Сипас, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон суханронӣ намуда, доир ба омодагии довталабон ва раванди баргузории даври вилоятии озмун маълумот пешниҳод кард. Қайд гардид, ки дар даври имсолаи озмун довталабон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон иштирок намуда, баъди гузаштани марҳилаҳои якум ва дуюм ба даври вилоятӣ роҳ ёфтаанд. Дар ин раванд барои муайян намудани довталабони воқеан арзанда, ки дорои донишу малака, қобилияти қироат, дарки мазмун ва шинохти амиқи «Шоҳнома» мебошанд, корҳои зарурӣ ба роҳ монда шудаанд. Гуфташуд, ки ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди роҳандозии озмуни «Шоҳномахонӣ» дар ҷалби насли наврасу ҷавон ва умуман қишрҳои гуногуни ҷомеа ба омӯзиши мероси адабию таърихии миллат аҳамияти бузург дорад. Зеро ҳар қадаре ки «Шоҳнома» бештар хонда, омӯхта ва дарк карда шавад, ҳамон андоза дониши насли наврас дар бораи гузашта, арзишҳои миллӣ, чеҳраҳои таърихӣ ва сабақҳои маънавии ниёгон густариш меёбад. Сардори Раёсати маориф ҳамчунин ба масъалаи шаффофияти озмун ва интихоби одилонаи довталабон таваҷҷуҳ намуда, гуфт, ки ҳайати комиссия ҳангоми баҳогузорӣ талаботи низомномаи озмунро қатъиян риоя менамояд. Танҳо он довталабоне, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, сатҳи зарурии дониш, маҳорат ва омодагии худро нишон медиҳанд, ба давраҳои минбаъдаи озмун роҳхат хоҳанд гирифт. Дар идомаи маросим намояндагони ҳайати комиссия ва дигар шахсони масъул низ суханронӣ намуда, вобаста ба тартиби баргузории озмун, талабот, шартҳои иштирок ва бахшҳои он маълумоти зарурӣ пешниҳод карданд. Таъкид гардид, ки тамоми марҳилаҳои озмун дар асоси талаботи муқарраргардида ва бо риояи принсипи шаффофият баргузор шуда, ба натиҷаи ниҳоӣ танҳо донишу маҳорат ва сатҳи омодагии воқеии довталабон таъсир хоҳад расонд. Даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» идомаи иқдомҳои муҳим дар самти арҷгузорӣ ба мероси адабию фарҳангии миллат буда, барои боз ҳам бештар ҷалб намудани хонандагону ҷавонон ба мутолиаи «Шоҳнома», таҳкими худшиносии миллӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.

    10

    22.09.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ ДАВРИ СЕЮМИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ШОҲНОМАХОНӢ» ДАР МИНТАҚАИ ҲИСОР Дар шаҳри Ҳисор даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» миёни ноҳияҳои Файзобод, Варзоб, Шаҳринав, Рӯдакӣ ва шаҳрҳои Ҳисору Роғуну Ваҳдат ва Турсунзода оғоз гардид.   Дар маросими ифтитоҳи озмун раиси шаҳри Ҳисор, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор иштирок ва суханронӣ намуд.   Раиси шаҳр зимни баромади худ таъкид кард, ки баргузории чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, тақвияти завқи китобхонӣ ва арҷгузорӣ ба мероси адабии ниёгон, бахусус осори безаволи Абулқосим Фирдавсӣ, аҳамияти муҳим дорад. Ӯ иштирокчиён, омӯзгорон ва масъулонро барои ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба чунин озмунҳои маърифатӣ ва фарҳангӣ даъват намуда, ба ҳамаи иштирокчиён барору комёбӣ орзу кард.   Дар идома таъкид гардид, ки «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ яке аз ганҷинаҳои бузурги адабиёти форсу тоҷик ба шумор рафта, омӯзиш ва мутолиаи он дар тарбияи ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллӣ нақши муҳим дорад.   Дар даври сеюми озмун беҳтарин иштирокчиён аз шаҳру ноҳияҳои зикршуда барои санҷиши донишу маҳорати худ иштирок намуда, аз ашъор ва достонҳои «Шоҳнома» қироат ва донишу маҳорати худро нишон медиҳанд ва аз имруз сар карда, то 24-уми сентябр дар шаҳри Ҳисор идома хоҳад ёфт.   Баргузории чунин чорабиниҳо дар шаҳри Ҳисор бори дигар аз таваҷҷуҳи хос ба рушди маърифати ҷавонон, китобхонӣ ва эҳёи арзишҳои фарҳангиву адабии миллӣ шаҳодат медиҳад.

    10

    22.09.2026