22.09.2026
22 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба вилояти Суғд Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷандро бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Бинои нави Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд бо номи Навниҳоли Ватан ба истиқболи шоиста аз ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муассисаи давлатии махсуси табобатии Хонаи кӯдакони шаҳри Хуҷанд қомат афрохтааст.
Корҳои сохтмонии иншооти иҷтимоии мазкур аз моҳи октябри соли 2025 оғоз гардида, он бо иқдоми ватандӯстонаи соҳибкорони ватанӣ аз ҷониби ҶДММ Қолинҳои Қайроқум бо тарҳи зебо, сифати баланд ва инфрасохтори муосири хизматрасонӣ ба кӯдакон бунёд гардидааст.
Дар бинои нави муассиса ҳуҷраҳои тавонбахшӣ, утоқҳои алоҳида барои гурӯҳҳои доимӣ ва кӯтоҳмуддат, шуъбаи модару кӯдак, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва дигар ҷойҳои ёрирасон бо шароиту имкониятҳои васеъи хизматрасониву тавонбахшӣ ба кӯдакон фароҳам гардидааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд Навниҳоли Ватан бо шароити муосири тавонбахшиву хизматрасонӣ дар пешравии зеҳнӣ, ҷисмонӣ, эҳсосотӣ ва фарҳангии шахсони имконияташон маҳдуд, ятимони кулл ва дигар табақаҳои ниёзманди наврас мусоидат намуда, ба таври шоиста ҳуқуқи кудаконро ба нигоҳубин, тандурустӣ, таҳсил, тарбия ва рушд таъмин менамояд.
Фаъолияти муассиса дар доираи татбиқи стратегия ва барномаҳои давлатии соҳавӣ бо мақсади таъминоти иҷтимоии ятимони кулл, тавонбахшии тиббию зеҳнӣ ва расонидани кӯмакҳои иҷтимоӣ ба кӯдакони имконияташон маҳдуд бо фарогирии 75 кӯдак роҳандозӣ гардидааст.
Зимни суҳбат бо масъулини соҳа ва кормандони муассиса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини зиндагии беҳтари ятимони кулл ва кӯдакони имконияташон маҳдуд тадбирҳои саривақтӣ амалӣ менамояд ва ин қишри осебпазири ҷомеа то ба ҳаёти мустақилона қадам ниҳоданашон доимо зери таваҷҷуҳ, нигоҳубин, ғамхорӣ ва сарпарастии давлат қарор мегиранд.
Муассисаи мазкур барои таъмини гармӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бо маркази гармидиҳии муосир, майдончаи бозии кӯдакон бо лавозимоти гуногун ва суҳбаткадаҳо барои истироҳату фароғати кӯдакон таъмин карда шуда, саҳни ҳавлии ин муассисаи иҷтимоӣ бо дарахтони ороишӣ ва буттаҳои ҳамешасабз оро дода шудааст.
Баробари ба фаъолият оғоз намудани Муассисаи давлатии Маркази дастгирии оила ва кӯдаки шаҳри Хуҷанд 70 корманди соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ бо кори доимӣ таъмин гардиданд.