30.03.2026

 img

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо иштироки роҳбарияти Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, намояндагони муассисаҳои таълимӣ, омӯзгорон, волидайн ва хонандагон маросими истиқболи ғолибон ва иштирокдорони Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» баргузор гардид.

Қобили зикр аст, ки аз 24 то 30 марти соли 2026 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия даври ниҳоии Олимпиадаи байналмилалии «Brainiacs» аз фанҳои забони англисӣ, математика, физика, биология, география, таърих ва барномасозӣ барои хонандагони синфҳои 3–11 баргузор шуд.

Дар ин сабқати бонуфуз, ки бо иштироки намояндагони 18 давлати ҷаҳон доир гардид, хонандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Дастаи кишвар дар маҷмӯъ соҳиби 173 ҷойи ифтихорӣ гардид, аз ҷумла 31 медали тилло, 56 медали нуқра ва 86 медали биринҷӣ ба даст овард.

Ин дастоварди назаррас гувоҳи сатҳи баланди дониш, истеъдод ва омодагии хонандагони тоҷик буда, нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳким мебахшад.

  • ПАЗИРОИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRAINIACS» img
  • ПАЗИРОИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRAINIACS» img
  • ПАЗИРОИИ ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «BRAINIACS» img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМ БАРГУЗОР ГАРДИД 30 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъба дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва як қатор ректорони муассисаҳои таҳсилотии олии касбии кишвар тариқи ҳузури ва маҷозӣ иштирок намуданд. Нахуст, раиси ҷаласа ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, муҳиммияти масъалаҳои марбут ба таҳкими низоми оморӣ, рушди таҳсилоти баъдидипломӣ ва такмили санадҳои меъёрии соҳаро баррасӣ намуд. Дар идома, масъалаи вазъи таълим дар зинаи магистратура ва докторантура (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода доир ба дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои такмили низоми мазкур гузориш пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки рушди зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ, тақвияти иқтидори илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос аз самтҳои калидии сиёсати соҳа маҳсуб меёбад. Сипас, оид ба пешниҳоди «Маҷмуаи омори соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои таҳсили 2025-2026» гузориши сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф Н. Убайдуллозода шунида шуд. Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои иловагӣ, аз ҷумла «Тартиби гузаронидани аттестатсияи аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестатсияи аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав)» ва «Дастурамали аз синф ба синф гузаронидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав)» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Дар фарҷом, муовини якуми вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулгардида, такмили низоми оморӣ, рушди таҳсилоти баъдидипломӣ, таъмини шаффофият дар аттестатсия ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон  

    55

    30.03.2026
  •  img
    МУҲОКИМАИ ОМОДАГИҲО БА АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS - 2026 30 марти соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва Бадриддин Музаффарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба баргузории марҳилаи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мизи мудаввар баргузор гардид. Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани низоми таълим ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки ин арзёбӣ сатҳи саводнокии хониши хонандагони синфи чорумро муайян намуда, барои таҳлили амиқи вазъи соҳа ва қабули қарорҳои муассири идоракунӣ замина фароҳам меорад. Иштирокчиён иброз доштанд, натиҷаҳои PIRLS метавонад барои такмили барномаҳои таълимӣ, беҳтар намудани китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва рушди муҳити мусоиди таълимӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки баргузории марҳилаи асосии арзёбии мазкур раванди мураккаб ва масъулиятнок буда, ҳамоҳангии дақиқи ҳамаи сохторҳои марбутро талаб менамояд. Аз ҷумла, зарурати омодасозии босифати кормандони масъул, таъмини шаффофияти раванди арзёбӣ ва риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ махсус таъкид гардид. Дар идома, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои ташкилӣ, методӣ ва техникии баргузории PIRLS - 2026 табодули афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани раванди омодагӣ ва баргузории он ироа карданд. Дар фарҷоми мизи мудаввар таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин арзёбиҳои байналмилалӣ омили муҳим дар таҳкими низоми миллии маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҳамгироии кишвар ба фазои маориф ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    61

    30.03.2026
  •  img
    ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ТОМАКТАБИИ СУҒДИЁН ДАР ДЕҲАИ ГАНҶОБОДИ НОҲИЯИ МАСТЧОҲ 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Мастчоҳ ташриф оварданд. Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ганҷободи шаҳраки Суғдиён Муассисаи таҳсилоти томактабии Суғдиёнро ба истифода доданд. Иншооти соҳаи маориф дар доираи истиқболи шоиста аз ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тарҳи муосир сохта шуда, дар он шароити мусоид барои тарбияи зиёда аз 300 кӯдак фароҳам оварда шудааст. Иттилоъ дода шуд, ки дар кӯдакистони нав 30 парастор бо кори доимӣ таъмин шуда, дар тарбияи дӯстрӯякон бо усулҳои муосири амаливу назариявӣ, барои аз худ намудани донишҳои замонавӣ, аз ҷумла омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар замири онҳо саҳм мегузоранд. Ин муассисаи тозабунёд аз 15 ҳуҷра ва 10 гурӯҳ иборат буда, дар он ҳуҷраҳои хоб, мусиқӣ, мусаввирӣ, машғулиятҳои амаливу зеҳнӣ ва барои гузаронидани дигар бозиҳои гуногуну шавқовар, ки барои ташаккули барвақтии кӯдакон муҳим мебошанд, сохта шудааст. Дар ҷараёни корҳои сохтмонии бино, ки дар муддати кутоҳ бо сатҳу сифати баланд бунёд карда шуд, 20 мутахассиси маҳаллӣ бо кор таъмин гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кӯдакони хушбахту ояндасози Ватан суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо туҳфаҳо тақдим намуданд. Дар боғчаи мазкур ҳуҷраҳои алоҳидаи таълимиву корӣ ҷой дода шуда, толори варзишӣ, дар таҳхонаи он ду ҳавзи шиноварӣ, дар саҳни бино 8 айвонча ва майдончаи бозиҳои шавқовар бунёд гардидааст. Зимни шиносоӣ бо шароити фароҳамшуда дар ин боғча Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон парасторонро барои дар роҳи дуруст, аз ҷумла боидроку хушзеҳн, худшиносу ватандӯст ва ҳушёру зирак тарбия намудани кӯдакон ҳидоят карданд.                  

    30

    30.03.2026