30.03.2026
30 марти соли 2026 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Равшан Каримзода ва Бадриддин Музаффарзода, директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабзалӣ Ҷаъфарзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсатҳои маорифи ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин директорони муассисаҳои таълимӣ оид ба баргузории марҳилаи асосии арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни баррасии масъала таъкид гардид, ки иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии байналмилалии PIRLS - 2026 яке аз иқдомҳои муҳим дар роҳи баланд бардоштани сифати таҳсилот ва мутобиқ намудани низоми таълим ба стандартҳои байналмилалӣ мебошад. Қайд карда шуд, ки ин арзёбӣ сатҳи саводнокии хониши хонандагони синфи чорумро муайян намуда, барои таҳлили амиқи вазъи соҳа ва қабули қарорҳои муассири идоракунӣ замина фароҳам меорад.
Иштирокчиён иброз доштанд, натиҷаҳои PIRLS метавонад барои такмили барномаҳои таълимӣ, беҳтар намудани китобҳои дарсӣ, баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон ва рушди муҳити мусоиди таълимӣ мусоидат намоянд.
Ҳамзамон, қайд карда шуд, ки баргузории марҳилаи асосии арзёбии мазкур раванди мураккаб ва масъулиятнок буда, ҳамоҳангии дақиқи ҳамаи сохторҳои марбутро талаб менамояд. Аз ҷумла, зарурати омодасозии босифати кормандони масъул, таъмини шаффофияти раванди арзёбӣ ва риояи талаботи стандартҳои байналмилалӣ махсус таъкид гардид.
Дар идома, иштирокчиён вобаста ба масъалаҳои ташкилӣ, методӣ ва техникии баргузории PIRLS - 2026 табодули афкор намуда, пешниҳодҳои мушаххас ҷиҳати беҳтар намудани раванди омодагӣ ва баргузории он ироа карданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин арзёбиҳои байналмилалӣ омили муҳим дар таҳкими низоми миллии маориф, баланд бардоштани сифати таҳсилот ва ҳамгироии кишвар ба фазои маориф ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон