30.03.2026
30 марти соли 2026 дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми вазири маориф ва илм Ҳомид Ҳошимзода ҷаласаи навбатии ҳайати мушовара баргузор гардид. Дар кори ҷаласа аъзои ҳайати мушовара, сардорони раёсату шуъба дастгоҳи марказӣ, роҳбарони муассисаҳои тобеи вазорат ва як қатор ректорони муассисаҳои таҳсилотии олии касбии кишвар тариқи ҳузури ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Нахуст, раиси ҷаласа ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуда, муҳиммияти масъалаҳои марбут ба таҳкими низоми оморӣ, рушди таҳсилоти баъдидипломӣ ва такмили санадҳои меъёрии соҳаро баррасӣ намуд.
Дар идома, масъалаи вазъи таълим дар зинаи магистратура ва докторантура (PhD) дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии ҷумҳурӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин замина, сардори раёсати илм ва инноватсия А. Раҳмонзода доир ба дастовардҳо, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои такмили низоми мазкур гузориш пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки рушди зинаҳои таҳсилоти баъдидипломӣ, тақвияти иқтидори илмӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос аз самтҳои калидии сиёсати соҳа маҳсуб меёбад.
Сипас, оид ба пешниҳоди «Маҷмуаи омори соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои таҳсили 2025-2026» гузориши сардори шуъбаи низоми ахборотии идоракунии маориф Н. Убайдуллозода шунида шуд.
Ҳамзамон, дар ҷаласа масъалаҳои иловагӣ, аз ҷумла «Тартиби гузаронидани аттестатсияи аълои универсалӣ бо медали тилло ва нуқра, аттестатсияи аълои равиявӣ бо медали тилло ва нуқра барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав)» ва «Дастурамали аз синф ба синф гузаронидани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар таҳрири нав)» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Бо дарназардошти пешниҳоду мулоҳизаҳои иштирокчиёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Дар фарҷом, муовини якуми вазири маориф ва илм ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтӣ ва босифати қарорҳои қабулгардида, такмили низоми оморӣ, рушди таҳсилоти баъдидипломӣ, таъмини шаффофият дар аттестатсия ва баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон