08.05.2026
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бо ҳадафи қадрдонӣ аз хизматҳои бисёрсолаи омӯзгорон ва шинос шудан аз ҳолу аҳволи онҳо ба аёдати як қатор омӯзгорони собиқадор рафт.
Аз ҷумла, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров вазири маориф ва илм омӯзгори собиқадор Ҷамолова Норинисо Аҳмадҷоновнаро аёдат намуд. Номбурда 7 майи соли 1947 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба дунё омада, соли 1969 Донишкадаи давлатии шаҳри Хуҷандро хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатии худро аз соли 1969 ҳамчун омӯзгори фанҳои химия ва биология дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №29 оғоз намуда, беш аз 50 сол дар тарбияи насли наврас саҳми арзанда гузоштааст. Дар давраҳои гуногун ҳамчун муовини директор оид ба таълим ва директори муассиса фаъолият намуда, бо маҳорати баланди касбӣ ва ҳисси масъулиятшиносӣ дар рушди соҳаи маориф хизмат кардааст.
Ҳамзамон, вазир аз ҳолу аҳволи омӯзгори собиқадор Саидов Мирзосаид Саидқулович дидан. Номбурда 23 июни соли 1959 дар ноҳияи Айнӣ таваллуд шуда, соли 1980 Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Фаъолияти омӯзгории худро аз соли 1980 оғоз намуда, солҳои тӯлонӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Айнӣ ва шаҳри Бӯстон ба ҳайси омӯзгори фанни физика фаъолият бурдааст. Аз соли 2014 инҷониб дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 фаъолият дошта, дар таълиму тарбияи насли наврас саҳми назаррас мегузорад.
Инчунин, дар шаҳри Гулистон вазири маориф ва илм омӯзгори собиқадор Юнусова Нуриниссо Иномҷоновнаро аёдат кард. Юнусова Нуриниссо 23 майи соли 1955 дар ноҳияи Колхозобод (вилояти Хатлон) таваллуд шуда, Донишгоҳи педагогии ба номи Т.Г. Шевченкоро хатм намудааст. Фаъолияти омӯзгории худро аз соли 1973 оғоз намуда, зиёда аз 40 сол дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷиликӯл (Дӯстӣ), Колхозобод (Ҷ. Балхӣ) ва шаҳри Гулистон ҳамчун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ фаъолият кардааст.
Зимни суҳбат вазири маориф ва илм саҳми арзишманди омӯзгорони собиқадорро дар тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маориф баланд арзёбӣ намуда, таъкид кард, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун самти афзалиятнок рушд ёфта, мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа таҳким ёфтааст.
Таъкид гардид, ки таҷрибаи ғании омӯзгорони собиқадор ҳамчун сарвати бебаҳои соҳа барои насли ҷавони омӯзгорон мактаби ибрат буда, ҳифз ва интиқоли он ба наслҳои оянда аҳамияти муҳим дорад.
Собиқадорон, дар навбати худ, аз таваҷҷуҳ ва ғамхории роҳбарияти давлату Ҳукумат изҳори миннатдорӣ намуда, ба сиёсати маорифпарваронаи давлат баҳои баланд доданд.
Маркази матбуоти
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон