08.05.2026

 img

8 майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими ҷамъбастии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таҳти унвони «Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад» бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 

Дар маросими ҷамъбастӣ вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода суханронӣ намуда, иброз дошт, ки баргузориии олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба як падидаи муҳимми илмӣ табдил ёфтааст, ки на танҳо сатҳи дониш ва маҳорати тахассусии ҷавононро муайян месозад, балки муҳити солими рақобатро барои рушди шахсӣ ва афзоиши ҷаҳонбинии илмии онҳо фароҳам овардааст.

 

Сипас, ғолибони олимпиада ба тариқи зайл эълон гардиданд:

ҷойи 1-ум - 18 нафар;

ҷойи 2-юм - 37 нафар;

ҷрйи 3-юм - 60 нафар.

 

Ҳамчунин, 30 нафар бо "Ифтихорнома"-и Вазорати маориф ва илм қадрдонӣ гардиданд.

Ғолибони даставӣ:

ҷойи аввал – Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

ҷойи дуюм – Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакӣ;

ҷойи сеюм – Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

ҷойи ифтихорӣ – Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ.

 

Ёдовар мешавем, ки олимпиадаи мазкур бо иштироки 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар 15 фанни таълимӣ дар ду бахш - илмҳои гуманитарӣ ва илмҳои табиӣ, дақиқу риёзӣ баргузор шуд.

Маркази матбуотии

Вазорати маориф ва илми

Ҷумҳурии Тоҷикистон

  • ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН МУАЙЯН ГАРДИДАНД img
  • ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН МУАЙЯН ГАРДИДАНД img
  • ҒОЛИБОНИ ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ МИЁНИ ДОНИШҶӮЁН МУАЙЯН ГАРДИДАНД img

Хабарҳои дигар

  •  img
    ШУРОИ РЕКТОРОНИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД Дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров маҷлиси навбатии Шурои ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва дигар масъулини соҳа иштирок намуданд.   Ҷаласаро вазири маориф ва илм ифтитоҳ намуда, дар суханронии худ ба самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатии соҳаи маориф таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Таъкид шуд, ки дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар назди муассисаҳои таҳсилоти олӣ вазифаҳои муҳим гузошта шудаанд. Аз ҷумла, татбиқи босамари барномаҳои давлатии рушди маориф, махсусан омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ, тақвияти омӯзиши фанҳои дақиқ, риёзӣ ва табиатшиносӣ ҳамчун заминаи рушди иқтисоди инноватсионӣ, баланд бардоштани сифати омодасозии омӯзгорон ва кадрҳои баландихтисос, густариши равандҳои рақамисозии таҳсилот ва ҷорӣ намудани усулҳои муосири таълим, гузаронидани аккредитатсияи байналмилалии ихтисосҳо бо мақсади мутобиқсозӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ ва таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ бо муассисаҳои хориҷӣ аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар соҳаи маориф ба ҳисоб рафта, иҷрои онҳо барои рушди устувори низоми таҳсилоти олӣ аҳамияти калидӣ дорад.   Вазир ҳамчунин зикр намуд, ки сифати таълим бояд ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ гардида, натиҷаҳои илмӣ ва инноватсионии донишгоҳҳо дар рушди иқтисоди миллӣ нақши бештар дошта бошанд.   Раиси Шурои ректорон, ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Х. Назарзода аҳаммияти масъалаҳои баррасишавандаро дар рушди низоми таҳсилоти олӣ таъкид кард.   Дар идомаи ҷаласа рафти иҷрои Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мавриди таҳлил қарор гирифт. Сардори раёсати таҳсилоти миёнаи умумии Вазорати маориф ва илм Ш. Асомиддинзода доир ба натиҷаҳои амалишавии барнома ҳисобот пешниҳод намуда, дастовардҳо ва мушкилоти ҷойдоштаро шарҳ дод.   Ҳамзамон, масъалаи иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020, №1445 «Дар бораи бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф барои солҳои 2020–2040» ва натиҷагирӣ аз марҳилаи миёнамуҳлати солҳои 2021–2025 баррасӣ гардид. Доир ба ин масъала ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ М. Сафарзода таҳлили муфассал пешниҳод намуда, зарурати тақвияти корҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фанҳои дақиқро таъкид кард.   Дар қисмати дигари ҷаласа ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров М. Набизода дар мавзуи «Мониторинг ва арзёбии сифати таълим дар асоси татбиқи барномаҳои давлатӣ дар соҳаи маориф» баромад намуда, зарурати ҷорӣ намудани низоми ягонаи арзёбии сифати таҳсилотро таъкид кард.   Пас аз муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардида, барои беҳтар намудани сифати таълим, таҳкими пойгоҳи илмӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ супоришҳои мушаххас дода шуданд.   Ҷаласа дар фазои ҳамкории созанда ва масъулияти баланди касбӣ баргузор гардида, ҳамчун қадами муҳим дар самти рушди низоми таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардид. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    11

    08.05.2026
  •  img
    СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ОИД БА ПАРДОХТИ ҒАЙРИНАҚДИИ ИҶОРАИ КИТОБҲОИ ДАРСӢ ДАР НОҲИЯИ РӮШОН БАРГУЗОР ГАРДИД Дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Рӯшон семинари омӯзишӣ оид ба татбиқи барномаи биллингии пардохти ғайринақдии маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ баргузор гардид.   Дар семинар мудири шуъбаи маорифи ноҳия З. Ширинбекзода, намояндаи раёсати маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Н. Сабзалиева, мушовири бахши китоб, директорон ва китобдорони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд.   Зимни семинар ба иштирокчиён тартиби истифодаи низоми электронӣ, роҳҳои дурусти бақайдгирӣ ва пардохти ғайринақдӣ шарҳ дода шуда, масъалаҳои марбут ба беҳтар намудани хизматрасонӣ дар самти таъмини китобҳои дарсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

    36

    08.05.2026
  •  img
    ВОХӮРИИ ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР ШАҲРИ ГУЛИСТОН Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дар шаҳри Гулистон бо кормандони соҳаи маориф мулоқот баргузор намуд.   Зимни вохӯрӣ масъалаҳои муҳими рушди соҳаи маориф, татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.   Вазири маориф ва илм таъкид намуд, ки имрӯз соҳаи маориф таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, барои беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор ва рушди инфрасохтори соҳа тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ мегарданд.   Дар идомаи суҳбат ба масъалаҳои ҷалби бештари кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ, иштироки фаъолонаи хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин омодагии ҳамаҷониба барои баргузории аттестатсияи давлатии хатми хонандагон таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Ҳамзамон, таъкид гардид, ки муассисаҳои таълимӣ бояд ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳо бахшида ба ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҷиддӣ гирифта, барои истиқболи арзандаи ин санаи муҳим тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намоянд.   Дар вохӯрӣ инчунин ба масъалаи пешгирии ҷамъоварии маблағ аз хонандагону падару модарон дар муассисаҳои таълимӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардида, масъулин вазифадор шуданд, ки талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар ин самт қатъиян риоя намоянд.   Таъкид шуд, ки пардохти маблағи иҷораи китобҳои дарсӣ бояд пурра ба тариқи электронӣ анҷом дода шавад, то шаффофият ва самаранокии хизматрасонӣ таъмин гардад.   Дар анҷоми мулоқот вазири маориф ва илм ба масъулини соҳаи маорифи шаҳри Гулистон ҷиҳати татбиқи амалии дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, иҷрои босифату саривақтии вазифаҳои хизматӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия, тақвияти корҳои тарбиявӣ миёни хонандагон дастуру супориҳои мушаххас дод. Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

    0

    08.05.2026